сафарҳо
Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ ширкат кард
8 июн ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия -шаҳри Вена дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ иштирок намуд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони воломақом аз кишварҳои сершумори ҷаҳон, роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар шаҳри Вена ҷамъ омаданд.
Аз Тоҷикистон дар ин форуми бонуфуз ҳайати ҳукуматии иборат аз Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ва Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндагӣ карданд.
Тавре аён мегардад, имрӯз ҷаҳду талошҳои бисёрсолаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пуштибонӣ аз ташаббусҳои судбахши байналмилалӣ ва лоиҳаҳои стратегии зербиноии кишвар, аз ҷумла дар самти рушди гидроэнергетика, дар минтақа ва ҷаҳон мавриди дарки дуруст ва пазироию дастгирӣ қарор мегиранд.
Дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Созишнома оид ба мақоми Дафтари созмон дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҷониби Тоҷикистон ба созишнома Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, имзо гузошт.
Як созишномаи дигар миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия ба имзо расид. Ба он аз ҷониби Тоҷикистон Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ, имзо гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1924