сафарҳо
Иттиҳоди Аврупо аз рушди босуботи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон қаноатманд аст
Нимаи дуюми рӯзи 6 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба бинои Порлумони Аврупо ташриф овард.
Дар даромадгоҳи бино ӯро Ежи Бузек, Президенти Порлумони Аврупо ва дигар намояндагони роҳбарияти ин сохтори соҳибнуфузи аврупоӣ истиқбол гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар ин ҷо нахуст бо Ежи Бузек, Президенти Порлумони Аврупо, мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон Порлумони Аврупоро яке аз сохторҳои бонуфузтарини қонунгузорӣ ва таҷассумгари афкори сиёсии ҷомеа на танҳо дар Аврупо, балки дар миқёси байналмилалӣ номида, изҳор дошт: "Сохтори порлумонии Аврупо дар таҳкими муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон низ нақши созанда ва басо муҳим дорад".
Ежи Бузек, Президенти Порлумони Аврупо, дар посух изҳор дошт: "Тоҷикистон, ки дар қалби қитъаи Осиё қарор гирифта, бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистону Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, дар он минтақа мавқеи стратегӣ дорад ва Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносибатҳо бо он манфиатдор аст".
Аз рушди босуботи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти минтақавӣ аз тариқи мубориза бо таҳдиду чолишҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Натиҷаҳои Муколамаи дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳукуқи инсон, ки аз соли 2008 оғоз ёфта, дар заминаи он тавсияҳои зарурӣ таҳия ва амалӣ мегарданд, низ боиси қаноатмандӣ номида шуд.
Густариши робитаҳои байнипорлумонӣ, аз ҷумла бо имконоти Кумитаи ҳамкории байнипорлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Порлумони Аврупо, ки ҷаласаи нахустинаш моҳи марти соли 2011 дар Брюссел доир гардида буд, зарур шумурда шуд.
Дар марҳилаи кунунии рушди муносибот ҷалби сармоя ба соҳаҳои стратегии иқтисод, идоракунии захираҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, рафъи камбизоатӣ, рушди маорифу тандурустӣ, пешбурди равандҳои ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон матлуб дониста шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт:"Аксарияти мутлақи лоиҳаҳои вобаста ба татбиқи се ҳадафи стратегии Тоҷикистон - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, таҳия шуда, дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз мантиқӣ мебуд, агар кишварҳои ҳамсоя дар ҳар чи зудтар амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо ширкати фаъол медоштанд. Вале, мутаассифона, воқеияти амр дар Осиёи Марказӣ баръакси ҳол буда, ҳолати ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт ҷавобгӯи талаботи замон нест".
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "имрӯз воқеияти ҳол дар он аст, ки ҳаллу фасли қазияи Афғонистон дар баробари амалҳои низомию сиёсӣ ҳарчӣ бештар эҳёи иқтисодию иҷтимоии онро талаб мекунад".
Изҳори умед карда шуд, ки Порлумони Иттиҳоди Аврупо минбаъд ҳам ба ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар асоси баробарманфиатӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳад намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон изҳор дошт, ки "Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи аз лиҳози геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар хатти пеши паҳншавии хатару чолишҳои глобалии асри муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики боэътимод ва стратегии худро дошта бошад".
Дар Порлумони Аврупо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин бо Габриел Албертинӣ, Раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, Паоло Бартолозӣ, Раиси ҳайати порлумонии Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Муғулистон, Лена Коларска-Бобинска, ҳамоҳангсози кулли Порлумони Аврупо оид ба масоили энергетика ва истифодабарии захираҳои об ва Струан Стивенсон, вакили Порлумон, мулоқотҳо анҷом дода, дар назди вакилони Порлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2022