сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Люксембург
8 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои анҷом додани боздиди расмӣ аз шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ба Гертсогии Бузурги Люксембург сафар кард.
Бегоҳии рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар шаҳри Люксембург бо роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои ҷамъиятии тоҷикону тоҷикистониёни муқими Нидерландия, Белгия ва Люксембург мулоқот намуд.
Тавре зикр гардид, дар ин кишварҳо ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерландия ва Люксембург, Бизнес - клуби Нидерландия - Тоҷикистон, клуби Белгия-Тоҷикистон, Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Брюссел, ҷамъияти дӯстии Люксембург-Тоҷикистон ва ғайра фаъолияти босамар доранд.
Ба ин созмонҳои ҷамъиятӣ тоҷикону тоҷикистониёни бурунмарзии соҳибкор, аҳли илму фарҳанг ва дӯстони Тоҷикистон ба ҳам омада, доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳамватанон ва ба роҳ мондани робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо ҷаҳду талош мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, онҳоро ба ҳамкории васеъ бо ватани худ - Тоҷикистони азиз даъват намуда, ба масъулони дахлдори кишвар барои густариш додани робитаҳои мунтазам бо ҳамватанони бурунмарзӣ супоришҳои мушаххас дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2006