мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Анри Албер Габриэл Феликс Марӣ
Субҳи 9 июн барномаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Гертсогии Бузурги Люксембург бо мулоқот бо Анри Албер Габриэл Феликс Марӣ, Гертсоги Бузурги Люксембург, оғоз ёфт.
Дар ибтидо Эмомалӣ Раҳмон аз даъвати ҷониби Люксембург барои боздиди расмӣ аз ин кишвари мутараққӣ арзи сипос карда, иброз дошт: "Қисмати аврупоии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати берунаи мо муқаррар шудааст ва дар ин чаҳорчӯб Люксембург мавқеи хоса дорад".
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Люксембург, аз ҷумла татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар мулоқоти қаблии сарони ду давлат соли 2004 ҳосил шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
Ҳар ду ҷониб ба таъмину таҳкими амният ва субот дар фазои АвруОсиё, мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои глобалӣ, ҳамкории васеъ ва бунёдии иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Нимаи аввали рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин бо Лаурент Мозар, Президенти Палатаи вакилони (Порлумони) Люксембург ва Жан- Клод Юнкер, Сарвазири Гертсогии Бузурги Люксембург, низ мулоқот карда, ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишварро баррасӣ намуд.
Дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Люксембург дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Жан- Клод Юнкер, Сарвазири Гертсогии Бузурги Люксембург, 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя;
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба алоқаи ҳавоӣ.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Жан- Клод Юнкер, Сарвазири Люксембург, зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон аз натиҷаи мулоқоту музокироти дуҷониба ва дурнамои рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Жан-Клод Юнкер, Сарвазири Люксембургро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2018