logo

сафарҳо

Сафари расмӣ ба Маҷористон пурсамар анҷом ёфт

Нимаи  дуюми  10  июн  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди анҷоми сафари пурсамар аз Люксембург барои анҷом додани сафари расмӣ ба Маҷористон рафт.

Омодагии ҷиддии ҷониби Маҷористон ба ин сафар ва эҳтирому самимияти баланди мизбонон аз лаҳзаҳои аввали ба хоки ин сарзамин  қадам гузоштани Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аён гардид. Майдони истиқболи фурудгоҳи байналмилалии Будапешт ва ҳам кӯчаҳои протоколии пойтахти Маҷористон бо шиору овезаҳои пазироӣ ва парчамҳои давлатии ду кишвар, ки бо рангҳои сурху сафеду сабз ва тартиби ҷойгиршавии онҳо хеле ба ҳамдигар шабоҳат доранд, оро ёфтаанд.
 Худи ҳамон рӯз мулоқоту музокироти расмии дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон баргузор гардид. Дар назди қасри Президенти Маҷористон Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати Тоҷикистонро Пал Шмитт, Президенти Маҷористон, истиқбол гирифт. Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён гирифт.
 Масоили таҳким ва густариши муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Маҷористон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуданд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон,  бо ёдоварӣ аз мавқеи хосаи Маҷористон дар Аврупои  шарқӣ ва таърихи робитаҳои қаблии ду кишвар изҳор дошт: "Мо Маҷористонро дар робитаҳои байналмилалии худ ҳамчун шарики боэътимод медонем  ва баҳри таҳкими пояҳои ҳамкории  мутақобилан судманд бо он саъю талоши доимӣ дорем".
 Пал Шмитт дар навбати худ изҳор дошт, ки Маҷористон ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба манзури нақши муҳими он дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст. ӯ ҳамчунин таъкид дошт, Маҷористон омода аст ба рушди иқтисоди Тоҷикистон аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои муштараки судманд ва ҳам таҳкими амну субот ва некӯаҳволии мардуми он мусоидати фаъол намояд.
 Ҳар ду ҷониб ба рушди муносибатҳои сиёсӣ  ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди пахта, пашму пӯст, меваю сабзавот, истихроҷи маъдан ва сангҳои қиматбаҳо ва ҳамчунин дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг, варзиш ва туризм изҳори ҳавасмандӣ карданд.
 Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нахуст зери Эъломияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Тоҷикистон ва Пал Шмитт, Президенти Маҷористон, имзо гузоштанд.
 4 санади дигар Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати манбаъҳои миллии Маҷористон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати рушди деҳоти Маҷористон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Маҷористон ва Шартномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Маҷористон буд.
 Ҳамчунин Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба мувофиқа расид.
 Зимни изҳороти матбуотӣ ва посух  ба  суолҳои  хабарнигорон сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Пал Шмитт аз натиҷаҳои гуфтушунид изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои муносиботи Тоҷикистону Маҷористонро умедбахш арзёбӣ намуданд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, Пал Шмитт - Президенти Маҷористонро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
 Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Майдони қаҳрамонон"-и пойтахти Маҷористон - шаҳри Будапешт ташриф оварда, ба нишони эҳтирому самимият ба арзишҳои волои таърихӣ ва фарҳангии мардуми ин кишвар дар назди муҷассамаи қаҳрамонон гулчанбар гузошт. Маросими гулчанбаргузорӣ бо иштироки афсарони горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ ҷараён гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2224
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед