мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Тодд Шнайдер
17 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тодд Шнайдер, роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баррасӣ шуданд.
Тодд Шнайдер аз натиҷаҳои кори гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор бо масъулони бахши иқтисодии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома дошт, ахбор дода, аз ҷумла иброз намуд, ки беш аз 6% афзоиш ёфтани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нишона аз барқароршавии иқтисодиёти он баъди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ аст.
Таъкид гардид, ки Хазинаи байналмилалии асъор ва созмонҳою кишварҳои мададрасон таъсири болоравии нархи маводи сӯхту озуқаворӣ дар бозори ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон пайваста зери назар доранд, то ки тадбирҳои муштараки саривақтӣ барои дастгирии рушд ва пешгирӣ аз тамоюлҳои номатлуби макроиқтисодӣ андешида шаванд.
Дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзию саноат, афзун намудани истеҳсоли маводи ниёзи мардум, ба роҳ мондани сиёсати мусоиди пулию қарзӣ ва андозию гумрукӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.
www.president.tj
* * *
Тодд Шнайдер, роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки дар зарфи як ҳафтаи боздидаш аз Душанбе афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар кишвари моро ба мушоҳида гирифтааст.
ӯ ба андозаи 6 дарсад афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилиро нишона аз барқарории иқтисодиёти Тоҷикистон баъд аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ арзёбӣ кард.
Андешидани тадбирҳои судманд дар робита ба қимати маводи сӯзишворию ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳдидҳои эҳтимолӣ ба рушди иқтисоди миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва масоили андозу буҷет дар меҳвари гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор қарор гирифтааст.
Зикр шуд, ки нархи маҳсулоти молҳои истеъмолӣ дар давраи то моҳи майи соли равон тақрибан 14, 8 дарсад боло рафтааст, ки ин нишондод асосан ба афзоиши арзиши маводи сӯхт иртибот дорад. Тодд Шнайдер дар робита ба таҳлили ниҳодҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон ва ҳамчунин натиҷаҳои омӯзиши Хазинаи байналмилалии асъор зикр намуд, ки чунин вазъият муддате боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, ҷонибҳоро зарур аст, ки вобаста ба пешгирии ин тамоюли номатлуб чораҳои муассиру таъсирбахшро ба кор гиранд.
-Мо дар мулоқот бо Ҷаноби Президент ва роҳбарияти блоки иқтисодии кишвар дар мавриди вусъати ҳамкориҳо дар ин самт ба тавофуқ расидем,- изҳор дошт Тодд Шнайдер.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2102