мулоқотҳо
Президент вазиронро ба ҳузур пазируфт
20 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар шаҳри Душанбе барои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони маорифи кишварҳои аъзои ин созмон баҳам омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, маорифро асоси пешрафту тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа номида, ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба рушди равобити судманд бо кишварҳои фазои пасошӯравӣ дар ин ва дигар самтҳо таъкид намуд.
Зимни сӯҳбат ҳавасмандии кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, табодули омӯзгорону донишҷӯён, тадқиқоти муштараки илмию техникӣ ва омода сохтани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ таъкид гардид.
www.president.tj
* * *
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарурати ҳамкории ҳарчи бештарро дар риштаи омӯзишу парвариш, табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ, робитаҳои илмию таълимӣ таъкид кардааст.
Ин нуктаро Андрей Фурсенко, вазири маориф ва илми Федератсияи Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз намуда, гуфтугӯи Сарвари давлати Тоҷикистон бо вазирони маорифро дар таҳкими робитаҳои минбаъдаи илмию таълимӣ судманд арзёбӣ кард. Дар сӯҳбат нақши маориф дар амри пешбурди дигар соҳаҳо таъкид гардида, ҳамзамон масъалаҳои калидии соҳа ва робитаҳои байниҳамдигарӣ дар ин ришта баррасӣ шудааст. Вазири маорифи Федератсияи Русия аз таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмон оиди ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии забони русӣ дар доираи кишварҳои узв ситоиш кард.
Таъсиси филиали донишгоҳҳои пуриқтидори илмӣ ва пешрафтаи кишварҳои ИДМ дар қаламрави ҳамдигар низ яке аз мавзӯъҳои асосии ин мулоқот ба шумор рафта, роҳбарони соҳа нисбат ба амалӣ намудани ин тадбири муҳим ҷонибдории худро баён намудаанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2118