мулоқотҳо
Ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Нимаи дуюми рӯзи 17 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати гурӯҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи миллии Ассамблеяи Фаронса оид ба корҳои хориҷиро бо роҳбарии Леонел Люка ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот мушкилоти вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.
Тавре Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, изҳор дошт, "Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ягон лоиҳаеро бар зиёни ҳамсоягони худ амалӣ нахоҳад кард ва мо ҳамеша омодаи муколама ва ҳамкорӣ мебошем".
Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои обии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷаҳон ба нафъи мардуми кулли сайёра босамар татбиқ мегарданд, изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ баҳсу мунозираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳаллу фасли худро меёбанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба паҳлӯҳои дигари авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2079