logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми ба вазифа таъйин шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва судҳо, 22 июни соли 2011

Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар мақомоти суд, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа,  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти муҳоҷират як гурӯҳ кадрҳо ба вазифаҳои масъул таъйин шуданд.
Ҳамаи шуморо ба ин муносибат табрик гуфта, дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлат ва адолати иҷтимоӣ ба ҳамаатон барори кор орзумандам.
Шумо дар рӯзҳое ба вазифаҳои наву масъулиятнок таъйин шудед, ки мардуми шарафманди кишварамон ба таҷлили ҷашнҳои фархунда - 14 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва  20 - солагии муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқамон - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз омодагӣ мебинанд.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар наздамон иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулият ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллиро гузошт ва хушбахтона, мо дар ин роҳ бо дастгирии мардуми шарифи кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гаштем.
Шуморо лозим аст, ки пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи ин дастовардҳо, муқаддасоти Ватан, манфиатҳои давлат ва оромиву суботи ҷомеа хизмати арзандаву садиқона намоед.
Таъкид менамоям, ки  фаъолияти мақомоте, ки шумо ба кор фиристода мешавед, яъне мақомоти суд, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти муҳоҷират ин таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, татбиқи сиёсати муҳоҷират, умуман вазифаҳоеро дар бар мегиранд, ки ба таҳкими сулҳу суботи ҷомеа нигаронида шудаанд.
Дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил дода, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардидааст.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ ба ҳайси халқи соҳибихтиёр озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин вазифа, салоҳият ва низоми мақомоти салоҳиятдорро дар ин самт муайян ва муқаррар намуд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва моҳияти қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроияро муайян мекунанд ва тавассути ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад.
Дар Паёми имсола иброз дошта будам, ки фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.
Давлат ва Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ташаккул ва такомули фаъолияти ҳокимияти судӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар ин давра дар қатори дигар чорабиниҳо ду Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010 ва  солҳои 2011-2013 қабул карда шуд.
Бо дарназардошти малакаву дониши касбӣ ва собиқаи корӣ бо пешниҳоди Шӯрои адлия соли гузашта 182 судя бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон ба вазифаи судя таъйин гардиданд, ки аз ин шумора 55 нафар коромӯз-судяҳо буда, пас аз гузаштани мӯҳлати яксолаи таҷрибаомӯзӣ бори аввал ба ин вазифа таъйин шуданд, ки 9 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Бо дарназардошти зиёд будани сарбории судҳо соли ҷорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон 17 воҳиди иловагии вазифаи судя ва 43 воҳиди кории кормандони дастгоҳи судҳо ворид карда шуданд. 
 Бо мақсади идомаи раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва талаботи мақомоти судӣ ба кадрҳо, бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ соли гузашта аз 133 нафар довталабон-кормандони дастгоҳҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тибқи хулосаи Комиссияи имтиҳонӣ 55 нафар дар Шӯрои адлия ба вазифаи коромӯз - судя таъин карда шуда, баъди гузаштани тайёрии назариявию амалӣ ҳоло аз ҳисоби онҳо судяҳо таъйин шуданд.
Борҳо зикр намудаам, ки судяҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.
Вале, мутаассифона, бо вуҷуди ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумат ҳолатҳои номатлуби шикастани қасами судягӣ ва ба ҷиноят даст задани судяҳо, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд, ки ин омил эътибори мақомоти судиро коҳиш дода, ба шаъну шарафи кормандони он иснод меорад. Ман фикр мекунам, ки чунин кирдор нобахшиданист.
Дар баробари ин аз ҷониби судяҳо бинобар беэътиноӣ ё нокифоя будани малакаи касбӣ ба ҳолатҳои кашолкории беасос, риоя накардани принсипҳои мурофиаи судӣ ва нодуруст баҳодиҳии далелҳо роҳ дода шуда, барои пешгирии тарзу усулҳои номатлуби тафтишоти пешакӣ ва судӣ чораҳои судманд андешида намешаванд.
Дар  муроҷиатҳои худ шаҳрвандон шикоят менамоянд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо аз тарафи мақомоти судӣ ба кашолкорӣ роҳ дода шуда, парвандаҳо сари вақт баррасӣ карда намешаванд.  Инчунин муроҷиатҳое низ ҳастанд, ки  ба мӯҳлатҳои аз 8 то 10 сол баррасӣ нагардидани аризаҳои даъвогии шаҳрвандон шаҳодат медиҳанд.
Мо аз шумо - судяҳои навтаъйиншуда умед дорем, ки масъулияти конститутсионии худро вобаста ба таъмини адолати судӣ ба таври ҷиддӣ дарк намуда, вазифаҳои ба зиммадоштаи хешро бо маҳорату малакаи баланди касбӣ ва бо дасту дилу нияти пок адо менамоед.
Дар амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии давлат мақомоти прокуратура нақш ва мавқеи хоса дорад.
Боиси қайд аст, ки агар прокурор ва кормандони ӯ вазифаҳои худро дуруст иҷро намоянд, дар фаъолияти худ қонуниятро риоя карда, онро муқаддас ва воло донанд, ин ҷиҳати риояи қонун ба дигар мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ҳатто шаҳрвандони оддӣ таъсири бевоситаи мусбати худро мерасонад.
Аз ин рӯ, таъкид менамоям, ки ҳар як корманди прокуратура бояд риояи қонуният ва волоияти қонунро аз ҳама муқаддас донад.
Дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тоза намудани сафи кормандон аз шахсони тасодуфӣ аттестатсияи ғайринавбатии кормандони мақомот гузаронида шуда, барои номуносиб будан ба вазифаҳои ишғолнамудаашон 17 нафар аз мақомоти прокуратура хориҷ карда шуда, 21 нафар ба вазифаҳои паст гузаронида шуданд, 12 нафар прокуророни шаҳру ноҳияҳо  ва 4 нафар роҳбарони дигар сохторҳо барои камбудиҳо дар фаъолияташон  аз вазифаашон озод карда шуданд.
Бо мақсади ба таври шаффоф интихоб кардан ва пурра намудани мансабҳои холӣ бо мутахассисони беҳтарин, ташкили дурусти ҷобаҷогузории кадрҳо ва роҳ надодан ба қабули шахсони тасодуфӣ дар мақомоти прокуратура қабули кормандон аз тариқи озмун ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати аз ҷониби корманд ба омилҳои коррупсионӣ роҳ надодан, мустаҳкам намудани шаъну шарафи корманди прокуратура, аз рӯи виҷдон ва дарки масъулият иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ Барномаи дохилиидоравии таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 ва Кодекси одоби корманди прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Мақсади қабул ва амалӣ намудани ин санадҳо ташаккули низоми самараноки хизмат, таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани нақш ва обрӯю эътибори он дар ҷомеа мебошад.
Боиси таассуф аст, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда аз ҷониби баъзе кормандони ин мақомот даст задан ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ба назар мерасад.
Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки пешгирӣ ва мубориза бо қонуншиканиҳоро дар фаъолияти кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр намуда, барои тоза кардани сафи кормандони худ аз шахсони тасодуфӣ чораҳои дахлдор андешад ва ҳангоми қабул ба кор ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ба вазифаҳои масъул шахсоне таъйин карда шаванд, ки одобу ахлоқи ҳамида, виҷдони пок ва дасту дили тоза, донишу малакаи зарурӣ, таҷриба ва қобилияти ташкилотчигӣ доранд.   
Зеро прокуратура аз рӯи ваколатҳои конститутсионии худ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеи хоса дорад.
Таъкид месозам, ки риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд аз фаъолияти дурусти кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сахт вобастагӣ дорад.
Бо ин мақсад зарур аст, ки худи кормандони мақомоти номбурда дар риояи қонун намунаи ибрат бошанд ва бар зидди ҳар гуна қонунвайронкунӣ, сарфи назар аз он, ки онро кӣ содир кардааст, мубориза баранд. Нисбати муроҷиатҳои шаҳрвандон беғаразӣ ва адолатро риоя карда, онҳоро холисона ва дар мӯҳлати пешбиникардаи қонун ҳал намоянд, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тамоми чораҳои лозимаро андешанд.
Кормандони мақомотро зарур аст, ки дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мавқеи асосӣ дошта, дар ин раванд барои инкишофи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фаъолияти худро дучанд намоянд.
Дӯстони азиз!
Қариб тӯли ду соли охир ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолати хизмати низомаш пурзӯр қарор дорад.
Ба туфайли хизмати софдилона ва поквиҷдононаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ якчанд гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, инчунин қисми зиёди маҳбусони фирорӣ, ки ба амнияту бехатарии шаҳрвандон ва сулҳу суботи кишвар таҳдид мекарданд, дастгир ва безарар гардонида шуданд. 
Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бисёр кормандон  далериву шуҷоатмандӣ ва матонату қаҳрамониҳо нишон доданд, ки бояд барои дигар кормандони мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ намунаи ибрат гардад. Қобили қайд аст, ки амалиётҳои махсуси дар водии Рашт гузаронидашуда намунаи беҳтарини ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуҳуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад, ки инро мо бояд дар оянда низ самаранок истифода намоем.
Новобаста аз муваффақиятҳои ба дастовардашуда дар фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ низ камбудию норасоиҳо ҷой доранд.
Пеш аз ҳама, зарур аст, ки ҳамкорӣ бо аҳолӣ тақвият дода шавад. Бовар дорам, ки бо таъйин гардидани роҳбарияти нав дар ҷузъу томҳои марбута ин самти кор ҷоннок хоҳад шуд.
Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бояд ба пешгирии содиршавии ҷиноят ва фаъолияти ҷараёнҳои экстремистӣ равона карда шавад.
Мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ бояд пурзӯр карда шавад.
Сарфи назар аз он, ки борҳо дар Паёму суханрониҳои худ доир ба масъалаи тоза намудани сафҳои мақомот аз шахсони тасодуфӣ ва бесалоҳият таъкид карда будам ва дар ин масъала аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ чораҳои дахлдор андешида шуда бошанд ҳам, аммо то имрӯз дар мақомот аз ҷониби кормандони алоҳида ҳолатҳои даст задан ба тамаъҷӯӣ, порахӯрӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, риоя накардани қонуният ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ ҷой доранд.
То ҳол мардум аз муносибати дағалонаи кормандони милитсия шикоят менамоянд. Ман аз шумо талаб менамоям, ки муносибати дағалона бо шаҳрвандон аз байн бурда шавад, зеро боварии мардумро нисбат ба милитсия фақат бо муносибати одилона, рафтори нек, ахлоқи намунавӣ ва муоширати ҳалимона сазовор шудан мумкин аст.
Мо, роҳбарон, бояд ҳайати шахсиро дар рӯҳияи иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, вафодорӣ ба халқи азизи кишвар, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон тарбия намуда, худамон барои онҳо намунаи ибрат бошем.  
Бо ин мақсад бояд интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дуруст ба роҳ монда шуда, кадрҳои баландихтисос ва тахассусманд тарбия карда шаванд, маҳорату малакаи касбию хизматӣ ва ҳарбии кормандон мунтазам такмил дода шавад.
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва хатарнок имрӯзҳо дар қатори ҷиноятҳои мудҳиши аср - терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хатари бузургеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд овардааст. Беҳуда нест, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Конвесияи зидди коррупсия қабул гардид. Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид соли 2006 онро ба имзо расонид. 26 январи соли 2008 Стратетегияи мубориза бо коррупсия ва 2 сентябри соли 2010 Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Тадбирҳои иловагии муқовимат ба коррупсия қабул гардида, мавриди иҷро қарор дода шуданд.
Танҳо дар  панҷ моҳи соли ҷорӣ тибқи нақшаи корӣ, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ 492 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, зарари молиявӣ ба маблағи 43,2 миллион сомонӣ ошкор карда шудааст.
Дар 5 моҳи соли 2011 аз ҷониби сохторҳои марбутаи Агентӣ 491 ҷинояти коррупсиониву иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд (соли 2010-388) ошкор карда шудааст, ки 163-тои онро ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас оид ба  пешгирии хариду фурӯш ва истифодаи ғайриқонунии замин, дар давоми 5 моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти прокуратура ва мубориза бо коррупсия 177 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ошкор ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 130 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.    
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия  мебошанд, мутаассифона, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд. Дар ҳамин давра содиркунии  24 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 14 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 7 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 3 ҷиноят аз ҷониби 4 нафар корманди мақомоти прокуратура, 1 ҷиноят аз ҷониби 1 корманди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, 5 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди Вазорати адлия, 6 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди мақомоти судӣ, 1 ҷиноят аз ҷониби 1 корманди мақомоти назорати маводи нашъаовар ошкор ва мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дода шудаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ба шумо маълум аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2011 Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ин Хадамот иҷрои вазифаҳо оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, бакортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст.
Ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирон имрӯз дар ҷомеа аз ҷумлаи масоили афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва фаъолияти ин идораи навтаъсис дар ин самт бояд пурзӯр гардонида шавад.
Чанде пеш ҳайати роҳбарикунандаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин карда шуд ва аз имрӯз иборатан сардорони сарраёсат ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират фаъолияти кории худро оғоз менамоянд.
Ба Хадамоти муҳоҷират вазифаҳои душвору ҳалталаб,  аз қабили омӯзиши бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши касбҳои замонавӣ, ки дар бозори меҳнат талабот доранд, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷа, ҷалби маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва истифодаи мақсадноки онҳо аз тарафи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ҳамоҳангсозии масъалаҳо бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин таъмин намудани ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар вогузор шудааст.
Аз ин хотир ба шумо лозим аст, ки барои амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ софдилонаю поквиҷдонона ҳамчун хизматчиёни давлатӣ ба Ватан ва халқи шарафманди Тоҷикистон хизмат намоед.
Мутобиқи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа Ҳукумати Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии кишварамонро танҳо ба он мамлакатҳое равон менамояд, ки дар он ҷо ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо таъмин карда мешавад.
То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байнидавлатиро бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расонидааст ва мо ҳоло мақсад гузоштаем, ки бо мамлакатҳои дигари хориҷи дуру наздик шартномаҳо ба имзо расонида, ҷиҳати ба сатҳи байналмилалӣ баровардани қувваҳои кории мамлакатамон мусоидат намоем.
Дар вохӯрии имрӯза роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд ва барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар ин самт, бахусус вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, молия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бояд кӯмаки бевоситаи худро расонанд.
Хадамоти муҳоҷират сохтори навтаъсис аст ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дастгирии ҳамаҷонибаи сохтору мақомоти дахлдор ба он зарур мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорад, ки ҳамаи шумо аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона баромада метавонед.
Кадрҳое, ки имрӯз таъйин шуданд, бояд ҷиҳати таҳкими омодабошии ҳарбӣ, тайёрии касбӣ, ҳушёрии сиёсии кадрҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти онҳо дар рӯҳияи хизмати содиқона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ва ба ин васила ҳифзу ҳимоя ва бехатарии давлат, оромиву суботи ҷомеа ва дастовардҳои истиқлолияти миллиро таъмин намоянд.
Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барору комёбиҳо мехоҳам.

Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3272
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед