мулоқотҳо
Мулоқоти Президенти кишвар
бо сафири ИМА
22 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кен Гросс - Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, авзои кунунии Афғонистон, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин кишвар, таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2117