сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон
24 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1941