суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар иҷлоси байналмилалии мубориза бо терроризм, Теҳрон, 25 июни соли 2011
Мӯҳтарам ҷаноби раиси иҷлосия,
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам,
Қабл аз ҳама, ман ба доктор Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои ташкили хуби кори иҷлоси мазкур, даъваташон барои ширкат дар он ва ҳамчунин ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои меҳмоннавозӣ изҳори сипос менамоям. Дар сатҳи олӣ доир сохтани иҷлоси имрӯза дар масъалаи муборизаи байналмилалӣ бо терроризм бори дигар собит мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дар ин ҳамоиш ширкаткунанда дар иртибот ба таъсири хатарноки терроризм ба муносибатҳои байналхалқӣ, суботу амният ва рушди устувори кишварҳо торафт бештар изҳори нигаронӣ мекунанд.
Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.
Алъон вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунад. Ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Ҳоҷат ба баён нест, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ мешавад. Дар ин хусус иқдомҳои террористӣ дар Балӣ, Филиппин, соҳилҳои Яман ва манотиқи мухталифи дигар гувоҳӣ медиҳанд.
Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ - гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.
Ба андешаи мо дар ин радиф хатарноктарин навъи дигари ҷиноят - қочоқи маводи мухаддир шудааст, ки тибқи маълумоти сершумор яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиёти террористӣ гаштааст. Муборизаи қотеъ бар зидди ин падида мисли терроризм иқдомоти дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад ва ба таҳияву татбиқи Консепсияи ягонаи мубориза алайҳи он ниёз дорад.
Мусаллам аст, ки мубориза бо тамоми ин хатарҳо бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои муназзами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад. Вале агар натиҷаҳои амалии фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро дар самти мубориза бо терроризм, аз ҷумла баъди тақвияти он бар асари ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Амрико, арзёбӣ намоем, онҳоро, ба андешаи мо, муассир гуфтан нашояд.
Дастовардҳои маҳдуд ва ҷузъӣ дар мубориза бо терроризми фаромиллӣ, ки дар марзи асрҳо хислати оммавӣ пайдо кардааст, натиҷаи он аст, ки ин мубориза то ҳол фақат аз ҷониби давлатҳои алоҳида, амалӣ мегардад.
Мутаассифона, барои ҷомеаи ҷаҳон ин қазия то ҳол ба масъалаи ҳаётӣ табдил наёфтааст.
Сониян ва ин аз ҳама муҳим аст - дар ин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳия ва татбиқи амалии Барномаи фарогири созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама, аз байн бурдани сабабҳои умдаи пайдоиши терроризми фаромиллӣ бошад, мутаассифона, қадамҳои ҷиддӣ нагузоштаст. Ҳол он ки бар терроризм яку якбора ғолиб омадан имкон надорад ва мубориза бо он тӯлонӣ, душвор, бо усулҳои чи низомӣ ва чи ғайринизомӣ сурат мегирад.
Возеҳ аст, ки терроризми муосир, ки хислати оммавӣ ва фаромиллӣ касб кардааст, зимни равандҳои ҷаҳонишавӣ имконпазир гардид. Як қатор омилҳои айние вуҷуд доранд, ки бо ин равандҳо иртиботи ногусастанӣ дошта, ба сурат ва сирати амалиёти терроризми муосир таъсир мегузоранд.
Ин, қабл аз ҳама, тақсим шудани давлатҳо ба давлатҳои хеле сарватманду соҳибқудрат ва давлатҳои камқуввату камбизоат аст. Аз рӯи сатҳи даромадҳо фарқи байни 20 фисади кишварҳои камбизоат ва 20 фисади кишварҳои сарватманд дар асри XIX 3 баробар буд. Имрӯз бошад, он 86 баробар шудааст.
Дар оғози асри XXI тафриқаи хатарнок дар байни сатҳи зиндагии аҳолии шимоли бою сарватманд ва ҷануби қашшоқу камбизоат барои ташаккули ба ном "интернатсионали" фаромиллии террористӣ замина эҷод мекунад.
Дар баробари ин омил омилҳои дигар - бесуботиҳои минтақавӣ бо низоъҳои низомии онҳо, инқилоби иттилоотӣ ва тавсеа пайдо кардани воситаҳои электронии ахбори омма, шиддат гирифтани тазодҳои байни маҷмӯи арзишҳои ғарбӣ ва маҷмӯи арзишҳоеро, ки дар олами сеюм маъмул мебошанд, сарфи назар кардан нодуруст мебуд.
Дар айни замон мусаллам аст, ки амалҳои оммавии террористӣ зуҳуроти "низои тамаддунҳо" ё худ бархӯрд дар заминаи муносиботи байнимазҳабӣ нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки тамаддунҳо ҳеҷ гоҳ байни худ наҷангидаанд. Фоҷеаҳои даҳшатноктарин ва бузургтарини хунини асри гузашта дар чаҳорчӯби ҳамон як тамаддун рух дода буданд. Аз давраи ҷангҳои салибӣ дар байни масеҳият ва ислом низ задухӯрдҳои мустақиму ошкоро рух надодааст.
Аз ин рӯ қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард.
Зарур аст, ки мо ба ҳар гуна зуҳуроти оштинопазирӣ нисбат ба дине ё мазҳабе монеъ шавем ва барои эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкории густурда дар асоси арзишҳои умумии кишварҳои гуногунмазҳаб талош намоем.
Ҳамзамон ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад. Аз ин рӯ, комилан зарур аст, то ҳукуматҳои кишварҳои олами ислом ва ходимони бонуфузи динӣ ба он ноил шаванд, ки садои маҳкумсозандаашон бар зидди терроризм дар дохили мамлакаташон ва ҳам берун аз марзҳои он ба таври возеҳ шунида шуда, воқеан дастраси умум гардад.
Дар ин росто ибтикори шаш сол қабл дар Эъломияи Маккаи Мукаррама зикргардидаи Созмони Конфронси Исломӣ оид ба таъсис ва ташкили фаъолияти босамари Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм на фақат қобили таваҷҷӯҳ, балки шоистаи пуштибонии бештар мебошад.
Ба пиндори мо, дар ҳайати он бояд сохторҳои маъмурӣ, иттилоотиву таҳлилӣ, иктишофӣ, назоративу молиявӣ ва назоративу таблиғӣ амал кунанд.
Ин марказ бояд таҳти васояти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, дар кори он ҳатман теъдоди ҳарчи бештари кишварҳо иштирок намоянд. Дар сурати марҳала ба марҳала амалӣ гардидани ин пешниҳод сохтори мазкур метавонад дар таҳкиму такмили ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм саҳми назаррас гузорад.
Ба андешаи мо, кишварҳои дигар, Созмони Конфронси Исломӣ ва иҷлоси имрӯза дар заминаи татбиқи амалии ин ғоя метавонанд дар соҳаи мубориза бо терроризм ба ҳамкориву ҳамдастии худ бо Созмони Милали Муттаҳид мазмуну нерӯи тоза бахшанд.
Азбаски терроризм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мубориза алайҳи он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад. Яъне талошҳои муташаккилонаи байналмилалӣ таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид ва бо нақши пешбари он комилан зарур мебошанд.
Ин бори дигар зарурати ҳарчи зудтар амалӣ намудани барномаи ислоҳоти ин Созмон ва Шӯрои Амнияти онро тақозо мекунад.
Бо таассуф мебояд зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳон то ҳол дар бораи худи мафҳуми терроризм ба хулосаи ягона нарасидааст. Ҳол он ки бе ин гуна ваҳдати назар ба низом даровардани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм ғайриимкон аст.
Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳувияти миллӣ муаррифӣ созанд.
Ба ҳеҷ ваҷҳ терроризм бахшиданӣ нест ва дар ҳамаи ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад. Дар муоҳидаи пешниҳодии ягона ва мукаммали умумиҷаҳонӣ нисбат ба давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм саркашӣ мекунанд ва террористонро пуштибонӣ менамоянд, бояд муҷозот пешбинӣ гардад.
Маънидод кардани терроризм ҳамчун падидаи дорои ҳадафи сиёсӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳам мувофиқ сохтани қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бо терроризм тақозои замон аст. Ба андешаи мо, пешниҳодоти дар гузориши Гурӯҳи сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳдиду хатарҳои нав зикршуда метавонист дар раванди эҷоди ризоияти умум дар масъалаи таърифи ягона ва фарогири мафҳуми "терроризм" асоси мӯътамаде гардад.
Равшан аст, ки дар мубориза бо терроризм фақат ба қувваи зӯрӣ ва нерӯи ҳарбӣ такя кардан мумкин нест. Гарчанде нақши иқтидори низомӣ муҳим аст, вале он дар ин арсаи мубориза василаи мутлақу ягона нест.
Ин мубориза бояд бо андешидани тадбирҳои дастаҷамъона дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ тақвият дода шавад. Ин тадбирҳоро дар сатҳи байналмилалӣ аввалан таҳия ва ба нақша бояд гирифт. Чӣ коре накунем, чӣ эътилофҳое насозем, ҳар қадар қувваи ҳарбиро ба кор набарем, агар механизми худтавлиди решаҳои терроризм аз байн бурда нашавад, мо фақат аз омилҳои зоҳирии ин маризӣ раҳоӣ меёбему халос.
Агар кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф барномаи фароху созандаи муборизаро бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ ва бемориҳои гуногуни вазнин таҳия ва амалӣ сохта натавонанд, мо - ҳамагон аз ин зуҳуроти зишт раҳоӣ ёфта наметавонем.
Бояд дар таҳвил ва интиқоли технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маҷмӯи масоили иқтисодӣ, аз ҷумла ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти дар кишварҳои олами сеюм тавлидшаванда иқдомоти воқеӣ, мураттаб ва муназзам амалӣ гарданд.
То замоне, ки чунин барнома таҳия нагардад ва мавриди амал қарор дода нашавад, терроризм ҳамроҳи ногузири глобализм ва нусхаи он хоҳад буд.
Дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ бояд пиёда намудани иқдомоти воқеӣ ва фаъол сурат гирад. Кишварҳои сарватманди мусулмонӣ метавонанд аз тариқи кӯмаки ҳадафманду мунтазам ба мамлакатҳои рӯ ба тараққии олами ислом барои ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани заминаву решаҳои терроризм мусоидати муассир намоянд, ки намунаи возеҳи татбиқи ояти раббонии "мӯъмин бародари мӯъмин" хоҳад буд.
Дар баробари таъсиси Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ, баланд бардоштани нақши ҳамоҳангсози Интерпол ба мақсади тақвияти мубориза бо маблағгузории терроризми фаромиллӣ комилан зарур аст.
Дар Оинномаи ин созмон бояд имконияти гузаронидани амалиёти байналмилалии полисӣ оид ба мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккилона, нашъаҷаллобӣ ва поксозии маблағҳои шубҳаноки пулӣ пешбинӣ гардад. Ин матлаб дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷинояткории фаромиллии муташаккилона дарҷ ёфтааст, ки онро намояндагони расмии зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон имзо кардаанд.
Дар арсаи мубориза бо терроризм тақвият бахшидани ҳамкории муфиди идораҳои вижаи кишварҳои гуногун зарур аст. Бо боло рафтани нақши технологияҳои иттилоотӣ ва ҷанги иттилоотӣ дар замони муосир чунин зарурат бештар эҳсос мегардад.
Аз ин лиҳоз, ташаккули фазои ягонаи иттилоотии олам ба хотири нест кардани пойгоҳу бошишгоҳҳои таълимии террористон муҳим аст. Идораҳои махсуси кишварҳои пешбари олам бояд дар бораи бунёди махзани ягонаи маълумот дар ин соҳаи мубориза ҳарчи зудтар ба мувофиқат оянд. Таҳияву тасдиқи усулҳои муассири амалиёти зиддитеррористӣ, ҷорӣ намудани низоми умумиву мукаммали инъикоси ҳолатҳои марбут ба иқдомҳои террористӣ низ ба манфиати кори умум мебуд.
Ҳаводиси даҳсолаи аввали асри XXI ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки масъалаи нақши ҳуқуқи байналмилалиро ба таври умум бознигарӣ кунад. Мутаассифона, нақши ҳуқуқ, обрӯи маънавии он ва нуфузи ахлоқии созмонҳои байналмилалӣ дар понздаҳ соли охир ба андозае коҳиш ёфтааст. Дар замири бисёр одамон шубҳае пайдо шудааст, ки ҳуқуқи байналмилалӣ дарвоқеъ эътибори амалӣ надорад ва сарчашмаи нерӯ намебошад. Аз ин рӯ, кишварҳои мухталифи ҷаҳон бояд бештар ва дар амал эҳтироми комили худро нисбат ба ҳуқуқи байналмилалӣ зоҳир намоянд. Бояд дарк кард, ки ҷомеаи ҷаҳонии асри XXI на ҷаҳони марказҳои нерӯ, балки ҷаҳони эҳтироми мутақобилаи мардумон ва фарҳангҳои гуногун мебошад.
Ва ин ҷаҳон ба ахлоқи нави геосиёсие, ки ба ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфта бошад, сахт ниёз дорад. Аҳолии сайёра бояд дар рӯҳияи фарҳанги сулҳ, муколамаи байнимардумӣ ва таҳаммулгароӣ тарбия ёбад.
Ҳозирини мӯҳтарам,
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Сарқонуни давлат, Кодекси ҷиноӣ, Қонун "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд.
Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта буд. Ин амалия алъон идома ёфта, ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои террористӣ, роҳ надодан ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва таблиғоти террористӣ, таъмини амнияти шаҳрвандони мамлакат ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризму ифротгароӣ равона шудааст.
Изҳори умед менамоям, ки ин мулоқоти мо ва тавсияҳои он азми қавии моро дар мубориза бо вабои аср - терроризм намоиш дода, дар мавриди дарёфти роҳҳои беҳтарини густариши ҳамкориҳои муфиди зиддитеррористии байнидавлатӣ ва созмонҳои байналмилалии масъул саҳми бештар хоҳад гузошт.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3349