logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Ба ҳеҷ ваҷҳ терроризм бахшиданӣ нест

Рӯзҳои 24 ва 25 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм дар шаҳри Теҳрон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, нахуст бо Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, мулоқот намуд.
 Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг баррасӣ шуданд.

 Таваҷҷӯҳи зиёд ба рафти иҷрои паймонҳои қаблан ҳосилшуда, аз ҷумла доир ба анҷоми бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда - 2 ва рӯ овардан ба сохтмони дигар нерӯгоҳҳои об дар Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир карда шуд.
 Рушди ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар доираи робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
 Ҳар ду ҷониб омодагии худро ба тавсиаи ҳамкории ҳарбию техникӣ низ таъкид намуданд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, мусоидат ба истиқрори амну субот дар Афғонистон ва ҳаёти осоиштаи мардуми он сурат гирифт.
Субҳи 25 июн дар шаҳри Теҳрон Конфронси байналмилалии муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм зери унвони «Ҷаҳон бидуни терроризм» ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Судон ва  намояндагони воломақом аз як қатор кишварҳои дигару созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ширкат намуданд.
 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи муборизаи пайваста бо терроризму ифротгароӣ ва носозгорӣ бо ин зуҳуроти манфур бори дигар таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт: "Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм аст".
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, "… имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунанд ... ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ ба таври возеҳ торафт васеъ мешавад".
 Президенти Тоҷикистон изҳори таассуф намуд, ки "ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳия ва татбиқи амалии Барномаи фарогири созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама, аз байн бурдани сабабҳои умдаи пайдоиши терроризми фаромиллӣ бошад, қадамҳои ҷиддӣ нагузоштаст".
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, яке аз чунин сабабҳо фарқи аз ҳад зиёди миёни сатҳи зиндагии мардуми кишварҳои сарватманд ва кишварҳои камбизоат аст. Аз ҷумла иброз гардид, ки  "аз рӯи сатҳи даромадҳо фарқи миёни 20 дар сади кишварҳои камбизоат ва 20 дар сади кишварҳои сарватманд дар асри 19  3 баробар буд, имрӯз бошад, он 86 баробар шудааст".
 Сарвари давлати Тоҷикистон бо зикри ин рақамҳо изҳор дошт: "агар кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф барномаи фароху созандаи муборизаро бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ ва бемориҳои гуногуни вазнин таҳия ва амалӣ сохта натавонанд, мо - ҳамагон аз зуҳуроти зишти терроризму ифротгароӣ раҳоӣ ёфта наметавонем".
 Эмомалӣ Раҳмон бори дигар "кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризмро бо дину мазҳаби мушаххас, аз ҷумла бо дини ислом" қатъиян маҳкум намуда, изҳор дошт, ки чунин масъалагузорӣ "дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад".
Сарвари давлати Тоҷикистон бо нигаронӣ изҳор дошт, ки "… баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд".
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "ба ҳеҷ ваҷҳ терроризм бахшиданӣ нест ва дар ҳамаи ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад". Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин изҳор дошт, ки "дар муоҳидаи пешниҳодии ягона ва мукаммали умумиҷаҳонӣ нисбат ба давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм саркашӣ мекунанд ва террористонро пуштибонӣ менамоянд, бояд муҷозот пешбинӣ гардад".
Бо иштироку суханронӣ дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалии «Ҷаҳон бидуни терроризм» ва мубодилаи афкор бо иштирокдорони воломақоми он сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поён расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2104
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед