мулоқотҳо
Масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд
Бегоҳии 29 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сергей Наришкин, роҳбари маъмурияти Президенти Федератсияи Русия ва Анатолий Сердюков - вазири мудофиаи ин кишварро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, омодагӣ ба сафари Дмитрий Медведев, Президенти Федератсияи Русия, ба Тоҷикистон ва ҳамчунин мавзӯоти ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сарони давлатҳои "Чоргонаи Душанбе" - Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ шуданд.
www.president.tj
Сергей Наришкин, роҳбари маъмурияти Президенти Федератсияи Русия, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, манзури сафараш ба Тоҷикистонро вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун унвон намуд.
Бино ба гуфти ӯ, масоили мавриди таваҷҷӯҳ дар робита ба баргузории ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию низомӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифтанд. Сергей Наришкин изҳор дошт, ки ҷиҳати таҳкими робитаҳои бисёрсамтаи ду кишвар қарор аст, зимни сафари Дмитрий Медведев, Президенти Федератсияи Русия, як силсила созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Дар назар аст, ки моҳи сентябри соли равон ҳамзамон 20 - умин солгарди таъсиси ИДМ таҷлил шавад. Тоҷикистон ба унвони раиси давраии иттиҳод мизбонии ин ҷашнро бар ӯҳда дорад. Дар он сарони давлатҳои узв иштирок хоҳанд кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2182