мулоқотҳо
Муносибатҳои Тоҷикистону
Арабистони Саудӣ густариш меёбанд
Нимаи дуюми 29 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати бонуфузи соҳибкорони Арабистони Саудиро, ки тайи чанд рӯз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуданд.
Нахуст аз фаъолияти умедбахши Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.
Ба имзо расидани чанд санади ҳамкорӣ бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ оғози накӯи робитаҳои мустақими миёни соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ маънидод шуд.
Бо ишора ба фаъолияти босамари 3 ширкати муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ - ҶДММ "Амин Корпорэйшен", ҶДММ "Фарел", ҶДММ "Автодом", ки имрӯз ба назар мерасад, таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик шумораи чунин ширкатҳо афзyн хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки ҳавасмандӣ ва пуштибонии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Абдулло ибни Абдулазиз, Шоҳи Арабистони Саудӣ, тақвиятбахш ва такондиҳандаи қавии ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар аст.
Ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ, ҳамчунин аз пойдории амну суботи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, онро асоси ҳама асосҳо барои рушди ҳамкорӣ ва таъмини пешрафту шукуфоӣ номиданд ва ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нафту газ, обу энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғутокпарварӣ, зироаткорӣ ва парвариши занбӯри асал ва ҳамчунин бонкдорию сайёҳӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Соҳибкорони Арабистони Саудӣ бо ишора ба амну суботи Тоҷикистон, сарватҳои бепоёни табиӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, мардуми хушахлоқу меҳмоннавоз ва дӯстони кишвар ба мисли Арабистони Саудӣ, изҳори боварӣ намуданд, ки дар ояндаи наздик шаҳри Душанбе ба Ҳонгконги Осиёи Марказӣ табдил меёбад.
www.president.tj
Фаъолияти самарабахши Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати бонуфузи соҳибкорони араб ситоиш шудааст. Соҳибкорони Арабистони Саудӣ бо нигоҳе ба фазои мусоиди сармоягузорӣ ва шароити босуботи Тоҷикистон дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду кишварро умедбахшу пурнатиҷа арзёбӣ карданд. Онҳо аз дидор бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии заминаҳои нави ҳамкорӣ дар умури бонкӣ, кишоварзӣ, роҳҳои ҳамлу нақли ҳавоии молу маҳсулот, гардишгарӣ ва дигар бахшҳои дорои манофеи дуҷониба изҳори хушнудӣ намуданд.
Мансур ибни Солеҳ-ал Ҳунайзон, ҳамраиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки мулоқоти мо бо Ҷаноби Президент бисёр пурмӯҳтаво сурат гирифта, заминаҳои таҳкимбахши робитаҳои тиҷоратӣ бо соҳибкорони тоҷикро фароҳам овард. Мо аз сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон дарёфтем, ки Сарвари давлати шумо ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Арабистони Саудӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Хушҳолем, ки аз пуштибонии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдулло ибни Абдулазиз, Шоҳи Арабистони Саудӣ, ба таври густарда бархӯрдорем ва мусалламан ин омил робитаҳои тиҷоратии моро такони тоза мебахшад.
Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ ҳамчунин бо намояндагони соҳаҳои молияву иқтисод дидор намуда, аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат шиносоӣ ба амал оварданд. Дар ин робита мувофиқаҳои зиёди ҳамкорӣ дар самти обу энергетика, нафту газ, нақлиёту коммуникатсия ва занбӯриасалпарварӣ ҳосил шудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2294