мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аннет Диксон
25 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, бартарафсозии оқибатҳои зимистони шадиди гузашта, омодагӣ ба зимистони имсола, рафти санҷиши махсуси фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, таъмини шаффофият дар фаъолияти ШСХК «Барқи тоҷик» ва КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» зоҳир гардид. Аз рафти татбиқи Барномаи махсуси мушоҳидавӣ, ки зери назари Хазинаи байналмилалии асъор амалӣ мегардад ва иҷрои ӯҳдадориҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ба гуфти Аннет Диксон Бонки умумиҷаҳонӣ метавонад ҳамкории худро бо Тоҷикистон тавсеа дода, ҳаҷми маблағгузориҳоро барои дастгирии рушди иқтисодӣ ва бартарафсозии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ афзун намояд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7837