номаҳо
Гирифтани имзо ба осонӣ даст намедиҳад
Дар як дӯкони хурд асъор иваз мекунам. Маблағи муайян муқаррару маълум аст. Яъне мо ҳар моҳ оиди фаъолиятамон ва миқдори маблағ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот медиҳем. Дар ин маврид супурдани ҳисобот ҳеҷ мушкилие надорад. Чаро? Чунки барои мо қуттӣ сохтаанд. Ҳисоботамонро масъулон аз ин қуттӣ мегиранд. Яъне на моро мебинанд, на вақтамонро мегиранд. Аммо супурдани ҳисобот ба мақомоти андоз бениҳоят душвор мебошад. Гоҳо барои иҷрои ин амал қариб як рӯзи мо сарф мегардад. Пас аз супоридани андозу ҳисобот бояд имзои шахси масъулро бигирем, аммо он ба осонӣ даст намедиҳад.
Медонем, ки агар супоридани андозу ҳисобот аз мӯҳлати муқарраргардида бигузарад, мақомот моро ҷарима мебандад.
Муроди ман аз иншои ин нома осон намудани механизми супоридани ҳисоботу андоз мебошад. Оре, ин гуна усулро Бонки миллии Тоҷикистон пайдо кардааст. Агар ин таҷрибаро мақомоти андоз истифода барад, фикр мекунам, ки ба манфиати кор мешавад.
М. НАИМОВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3991