номаҳо
Шахсиятҳо нокушода мемонанд
Сӯҳбати бисёр хуби Талъат Нигорӣ - рӯзноманигори "Ҷумҳурият"-ро бо Фирӯза, духтари устод Мирзо Турсунзода, дар ин рӯзнома бо номи "Ҷони ширин" номаи муҳаббат ва сипоси қиблагоҳ ба модарам аст" (21июни соли 2011) мутолиа кардам, дар бораи эҷоди достон маълумоти зиёд гирифтам. Аз он ба лабораторияи эҷодии устод роҳ бурдам.
Мутаассифона, дар кишвари мо чунин асарҳое, ки хонандаро ба лабораторияи эҷодии аҳли адабу фарҳанг ошно созад, қариб ки нест. Дар натиҷа шахсиятҳои барҷастаи кишвар барои хонандагону ихлосмандонашон, он гуна ки бояд, нокушода мемонанд.
Мехостам, ки дар ин маврид низ аз ҷониби мутахассисон бо ҳисси масъулиятшиносӣ асарҳои хубу хонданӣ таълиф гарданд. Бе омӯзиши лабораторияи эҷодии адиб фаҳми пурраи асарҳои ӯ номумкин аст.
Даврони АЙНИДДИН,
омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 16-и ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4100