номаҳо
"Оазис" - яъне чӣ?
Дар маркази шаҳри Хуҷанд қаҳвахона -мағозаест бо номи "Оазис". Ман ҳеҷ гоҳ ба номи он эътибор надода будам. Аммо як рӯз меҳмонон маънои ин номро пурсиданд. Аз ҷавоб чун оҷиз омадам, аз кормандони қаҳвахона - мағоза мадад хостам. Ҳеҷ кадоме маънои "Оазис"-ро намедонист ва аз надонистан дар хиҷолат ҳам намеафтид. Меҳмонон гуфтанд: "Пас барои чӣ ин номро гузоштед"? Посухи кормандон "надонем" буд, "надонем"-и бо тааҷҷуб. Яке аз меҳмонон дарҳол ба воситаи кадом дӯсти донишмандаш маънои "Оазис"-ро пайдо кард ва ба кормандон изҳор дошт.
Мутаассифона, дар шаҳри Хуҷанд боз чунин номҳои хориҷӣ ҳастанд, ки маънои онро на ҳар тоҷик ва ҳам кормандони худи мағозаҳову қаҳвахонаҳо медонанд.
Албатта, ман дар ин кор худ ва дигар сокинони шаҳрро гунаҳгор меҳисобам. Агар сатҳи ифтихори ватандории мо баланд мебуд, бо бетарафӣ созиш намекардем ва чунин номҳо пайдо намешуданд.
М. Расулӣ, шаҳри Хуҷанд
P.S. Оазис - воҳа (қитъаи сарсабз дар миёни биёбон).
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4046