номаҳо
Дорухона самти фаъолияташро дигар накардааст
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби Замон Ортиқовро аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо номи "Дорухонаро баргардонед", ки 17 майи соли равон дар гӯшаи "Розу ниёз"-и рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дорухонаи маркази ноҳияи Қубодиён ба мувозинаи моликияти коммуналии вилояти Хатлон гузаронида, аз тарафи бахши хатлонии Корхонаи воҳиди давлатии фурӯши амволи давлатӣ тавассути музояда хусусӣ гардонида шудааст. Баъди хусусигардонӣ низ дорухона самти фаъолияташро дигар накард. Ба аҳолӣ ва шахсони имтиёздор хизмат мерасонад. Дар давоми чор моҳи аввали соли равон ба маблағи 2761,4 сомонӣ ба гурӯҳи сокинони имтиёздор ба таври ройгон доруворӣ додааст.
С. ҶОБИРОВА,
муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4113