мулоқотҳо
Сӯҳбати телефонии
Эмомалӣ Раҳмон
бо Ҳомид Карзай
Шоми дирӯз байни Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сӯҳбати телефонӣ баргузор гашт.
Сарвари давлати мо ба Президенти Афғонистон ва тамоми халқи афғон бори дигар нисбати ба таври фоҷиавӣ фавтидани бародари сарвари давлати ҳамсояи ба мо дӯст таъзияи амиқ баён намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимнан омодагии кишвари моро ҷиҳати ҳамкории зич бо сохторҳои дахлдори Афғонистон дар муборизаи беамон алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бори дигар таъкид кард.
Сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба баъзе масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули назар намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2029