суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Файзобод, 15 июли соли 2011
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрўз, ки мову шумо дар доираи омодагӣ ба ифтихори бузургтарин дастоварди таърихи навини кишварамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон дар ноҳияи хушбоду ҳавои Файзобод ҷамъ омадаем, ҳамаи ҳозирини арҷманд, хурду бузурги фарҳангдўсту заҳматкаш ва некному меҳмоннавози ноҳияро дар арафаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон самимона табрик мегўям. Зеро бузургтарин дороӣ ва дастоварди миллати тоҷик, ки дар даҳсолаи охири асри бист насибамон гашт, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон нишонаи озодиву соҳибихтиёрӣ, сарчашмаи бахту саодат, омили муҳими пешрафт ва шарти асоситарини тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мебошад.
Тайи бист соли соҳибистиқлолӣ ноҳияи Файзобод низ баробари дигар минтақаҳои кишвар рушду инкишоф ёфта, боз ҳам ободу зебо гардид. Соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Файзобод дар давоми 20 сол ба таври назаррас рушд ёфта, танҳо дар даҳ соли охир буҷети маҳаллии ноҳия 23 баробар зиёд гардидааст. Ҳамин тавр, маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ 23 баробар ва фарҳанг 74 баробар зиёд гардида, даҳҳо бинои маъмуриву истиқоматӣ ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Дар давоми солҳои истиқлолият аз буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Файзобод 143 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия равона карда шудааст. Илова бар ин, дар ноҳия дар давраи истиқлолият ба ташкили фаъолияти бонкӣ ва маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Ҳоло филиалҳои як қатор бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ, инчунин ду ташкилоти маблағгузории хурд аз рўи тамоми амалиётҳои бонкии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда ба аҳолӣ ба таври замонавӣ хизмат мерасонанд.
Бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати афзун намудани қарздиҳӣ дар манотиқи кўҳистони мамлакат, бахусус дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон мунтазам зиёд гардида истодааст. Дар ин раванд, дар ноҳияи Файзобод ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар солҳои 2005-2010 аз 1,1 миллион то 10,5 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар баробари ин, то ба имрўз дар қаламрави ноҳия 7 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 74 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки он барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаи маориф, сохтмони мактабҳо, таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва рушди деҳот равона карда шудаст.
Маҳз ба шарофати истиқлолият ва тавассути татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории таҷдиди роҳи Душанбе - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (марҳалаи 1) дар ҳудуди ноҳияи Файзобод 50 километр роҳҳои байналмилалӣ ба маблағи умумии зиёда аз 42 миллион сомонӣ ва 49 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии беш аз 4 миллион сомонӣ аз нав сохта шуда, дар доираи "Лоиҳаи нигоҳдорӣ ва истифодабарии роҳҳои деҳот" 46 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру барқарор карда шудаанд.
Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо нерўи барқ дар ҳудуди ноҳия 2 нерўгоҳи барқи обии хурди "Чашмасор-1" ва "Чашмасор-2" бо иқтидори якхелаи 40 кВт сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони як нерўгоҳи хурд бо иқтидори 40 кВт идома дорад, ки он низ дар рўзҳои ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба истифода супорида мешавад. Дар ин самт корҳо идома дошта, ҳоло бо мақсади истифодаи сарчашмаҳои алтернативӣ лоиҳаи сохтмони 9 адад нерўгоҳи барқи бодӣ бо иқтидори ҳар кадоме 45 кВт ва бо арзиши лоиҳавии қариб 2 миллион сомонӣ таҳия карда шудааст.
Дар солҳои истиқлолият зиёда аз 10 ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ таҳти ислоҳот қарор дода шуда, дар заминаи онҳо 2150 хоҷагии деҳқонии ҷамоавию инфиродӣ ва оилавӣ ташкил карда шудааст, ки замини ба онҳо вобасташуда 35 ҳазор гектар буда, 55 фоизи заминҳои кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ яке аз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлат буда, мақсади мо ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳамаи сокинони мамлакат мебошад. Ҳамин тавр, дар даҳ соли охир танҳо дар ноҳияи Файзобод қариб 12 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва таъмини эҳтиёҷмандону оилаҳои ҷавон бо манзилҳои истиқоматӣ тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009 - 2011 барои 5850 оила 572 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, ҷиҳати тақсимоти одилонаи он мунтазам чораҷўӣ шуда истодааст.
Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ аз 6 миллиону 700 ҳазор сомонии соли 2000-ум то ба 102 миллион сомонӣ дар соли 2010 расида, дар соли 2010 истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ афзун гардидааст. Аз ҷумла соҳаи парандапарварӣ дар ноҳия торафт рушд ёфта истодааст. Қобили зикри махсус аст, ки имрўз ҳамаи корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи парандапарварии ноҳия ба кор андохта шудаанд ва ҳоло зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда бо тухм ва гўшти паранда таъмин кардани на танҳо ноҳия, балки дигар шаҳру ноҳияҳо, инчунин коргарони Нерўгоҳи барқи обии Роғун боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зимнан бояд гўям, ки дар корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун аз ноҳияи Файзобод қариб 400 нафар коргар ва корманди муҳандисиву техникӣ машғули фаъолият мебошад.
Тибқи Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 дар ноҳия ҳолати заминҳои кишоварзӣ сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Имрўз майдони умумии заминҳои корами ноҳия 8100 гектар буда, аз он 3700 гектар замини обӣ ва 830 гектар замини хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ (заминҳои президентӣ) мебошад.
Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар даврони истиқлолият тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди соҳибкорӣ муҳайё карда шуда, ҳоло нақши соҳибкорон дар рушди иқтисоди миллии кишвар хеле назаррас мебошад. Дар солҳои охир соҳибкорони ноҳия дар азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав, барқароркунии боғҳои мавҷуда ва бунёди боғҳои нав, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми босазо гузошта истодаанд. Бояд зикр намуд, ки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ҳанўз имконияту иқтидорҳои мусоид хеле зиёданд.
Комёбиву дастовардҳои замони истиқлол роҳбарону мутахассисон ва кишоварзони ноҳияро водор месозад, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, афзоиш додани буҷети ноҳия ва аҳолӣ ба хотири рушди бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла парандапарварӣ боғдорӣ, картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ, коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ, чорводорӣ ва дар ин замина зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар шароите, ки бисёр кишварҳои дунё аз хушксоливу камобӣ зарари зиёд мебинанд ва нархи маводи озуқа ва сўзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳон торафт баланд меравад, мо бояд аз ҳар ваҷаб замин, хусусан замини обӣ самараноку оқилона истифода бурда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монем. Сарфаю сариштакор бошем, ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳем. Дар баробари ин, ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин шахсони ҳимматбаланду савобҷў хотиррасон месозам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи идҳои бузурги миллӣ кўмак расонидан ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату дигар эҳтиёҷмандонро фаромўш накунанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ноҳия низ хеле тараққӣ ёфтанд. Ҳанўз аз оғози истиқлолият мо рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, барои таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгў мунтазам ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодаем. Зеро мактаб барои халқи фарҳангдўсту адабпарвари тоҷик даргоҳи муқаддасест, ки дар он шўълаи маърифат медурахшад ва чароғи дониш ботини инсонҳоро равшан мегардонад.
Маҳз ба ҳамин хотир давлат ва ҳукумати кишвар ислоҳоти низоми соҳаи маорифро зина ба зина татбиқ намуда, барои таҷдиду тармими муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои нав, муҳайё кардани асбобу лавозимоти хониш, умуман фароҳам овардани шароити таҳсил ба кўдакону наврасон ва ҷавонони мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозанд.
Дар ин раванд ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даҳҳо мактабҳои нав ва дигар муассисаҳои таълимӣ, инчунин бинову синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва азнавсозӣ мегарданд, ки чанд лаҳза пештар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як мактаби нави замонавӣ дар ноҳияи Файзобод намунаи возеҳи он мебошад.
Ин муассисаи навбунёди таълимӣ аз ду ошёна, 20 синфхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхона иборат мебошад. Ҳамзамон бо ин, мактаб синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои омўзиши технологияҳои компютерӣ ва илмҳои дақиқ дорад ва барои дар ду баст таҳсил кардани 1250 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Дар давоми даҳ соли охир дар ноҳияи Файзобод аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 10 мактаби нав бунёд ёфта, 21 муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда, зиёда аз 40 синфхонаи иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Имрўз ҳамаи мактабҳои ноҳия бо китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти зарурии хониш таъмин карда шудаанд.
Ҳоло дар 58 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия ва маркази корҳои тарбиявию беруназмактабии ноҳия 1000 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи 19400 нафар хонанда машғул мебошад. Бояд гуфт, ки дар як қатор деҳаҳои ноҳия, ки хонандагон солҳои тўлонӣ аз набудани мактаб азият мекашиданд, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандагиву бунёдкорӣ мактабу синфхонаҳои нави иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Дар давоми 20 соли соҳибистиқлолӣ дар маҷмўъ барои хонандагони ноҳия беш аз 5000 ҷои нишаст ба истифода дода шудааст, ки чунин дастовардро солҳои то истиқлолият орзў кардан ҳам душвор буд. Илова бар ин, то охири соли оянда боз барои зиёда аз 3000 нафар хонанда мактабҳои нав ба истифода дода хоҳанд шуд.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод вазифадоранд, ки суръат ва сифати корҳои сохтмони мактабҳои зикршударо таҳти назорати доимӣ қарор дода, доир ба бартараф намудани мушкилоту норасоиҳои дар соҳаи маорифи ноҳия ҷойдошта, аз ҷумла нарасидани кадрҳои омўзгорӣ, таҷҳизоту асбобҳои таълимӣ ва беҳтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия мунтазам чораҷўӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, дар замони истиқлолият ба масъалаи соҳибкасб гардидани ҷавонони кишвар диққати ҷиддӣ дода мешавад. Айни ҳол дар донишкадаю донишгоҳҳо ва техникуму коллеҷҳои пойтахт 1680 нафар ҷавони ноҳия таҳсил дорад, ки 401 нафари онҳо духтарон мебошанд. Аз ин шумора 91 нафар ҷавон, аз ҷумла 57 нафар духтар тибқи Квотаи президентӣ сазовори номи пуршарафи донишҷў гардидааст.
Чанде пеш дар доираи сафари кории худ ба Аврупо бо Котиби генералии Шўрои Аврупо Конвенсияро оид ба пазируфтани маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба имзо расонидем. Ин ҳуҷҷати муҳим ба хатмкунандагони мактабҳои олии кишварамон имкон медиҳад, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии кишварҳои аврупоӣ кору фаъолият карда, донишу таҷрибаи худро таҳким бахшанд. Эътирофи илму маорифи Тоҷикистон дар дигар кишварҳо моро водор месозад, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҷавонону наврасон ва тарбияи кадрҳои баландихтисос бо дарназардошти рушди замони муосир саъю кўшиш намоем.
Ин вазифаи муқаддас аз ҳар фарди огоҳу бедордил, худшиносу ватандўст, махсусан шумо - хонандагони азиз тақозо менамояд, ки дар омўхтани донишҳои замонавӣ, дар сатҳи аъло аз худ кардани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳои компютерӣ серғайрату ҷўянда бошед. Ин масъала дар навбати аввал бояд аз тарафи волидайн амиқ дарк гардад, зеро тарбия ва таълими фарзанд аввалан тавассути падару модарон сурат гирифта, баъдан аз тариқи омўхтани саводу дониш ва тарбияи муаллимон комил мешавад.
Таълиму тарбия раванди мунтазам ғанӣ гардонидани олами маънавии хонандагон аст. Гузашта аз ин, таълиму тарбия ваҳдати ҳаёти маънавии тарбиятгар ва тарбиягиранда, ваҳдати ақида, кўшишу ғайрат ва завқу афкори онҳо мебошад.
Мақсади асосии қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ки ба наздикӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат қабул гардид, маҳз тарбияи насли солиму огоҳ ва сазовори номи неки гузаштагони сарбаланди халқамон, инчунин баланд бардоштани масъулияти падару модар ва дигар муассисаҳои тарбиявӣ дар ин кори хайр мебошад. Зеро ояндаи ин сарзамин ва ҳамаи ободиҳое, ки насли имрўз анҷом медиҳад, ба дасти насли наврас гузошта мешавад. Яъне агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватанамон обод бошад, давлатамон рушд ёбад ва дар қатори кишварҳои пешрафта мақоми арзандаи худро пайдо намояд, аз имрўз бояд ба тарбияи кадрҳои соҳибмаърифату соҳибкасб ва баландихтисосу ботаҷриба эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем. Фаромўш набояд кард, ки таҳкурсии фардо имрўз гузошта мешавад.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ ва дарки масъулияти амиқи шаҳрвандӣ дар тарбияи ахлоқӣ ва таълими замонавии наврасону ҷавонон саъю талош намоем.
Дар давоми панҷ соли охир дар деҳаҳои Меҳробод ва Мискинободи ноҳия беморхонаҳои наву замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Беморхонаи марказии ноҳия, бинои таваллудхона, шўъбаҳои бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои қалб аз таъмири хушсифати асосӣ бароварда шудаанд.
Имрўз вазъи муассисаҳои фарҳанги ноҳия дар муқоиса бо даҳ соли пешин куллан фарқ мекунад. Дар давоми чанд соли охир як қатор муассисаҳои фарҳангӣ ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим гардида, таъминоти онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ хеле беҳтар шудааст ва мо андешидани тадбирҳоро дар ин самт минбаъд низ идома медиҳем.
Дўстони азиз!
Имрўзҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Итминони комил дорам, ки ин ҷашни муборакро сокинони меҳмоннавозу заҳматписанди Файзобод низ ба шукронаи озодиву соҳибистиқлолӣ ва соҳибватаниву сулҳу суботи сарзамини аҷдодиамон бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол мегиранд ва чун ҳарвақта барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳми сазовори худро мегузоранд. Зеро Файзобод мулки пурфайзу зодгоҳи чеҳраҳои маъруфи илму адаб ва санъату маънавиёти тоҷикон буда, мардуми он ватандўсту ватандор, боғайрату кордон ва бонангу номус мебошанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бузурги миллиамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, бароятон умри пурбаракат, маърифати баланд, хониши хубу аъло ва барори кор орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3274