мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Оливе Декамп
16 июли соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оливе Декамп - директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва роҳҳои густариши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи мувофиқаҳое, ки миёни Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо роҳбарияти сохторҳои Иттиҳоди Аврупо зимни сафарҳои расмии ў ба шаҳрҳои Страсбург, Люксембург ва Брюссел, аз ҷумла дар Шўрои Аврупо, Порлумони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи Аврупо ва дигар сохторҳо ба даст омадаанд, зоҳир карда шуд.
Зимни сўҳбат аз рушди бонизоми ҳамкории Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори қаноатмандӣ иброз гашт. Зикр гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии ин бонк дар Тоҷикистон 44 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мешавад ва 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 70 миллион евро дар марҳалаи омодагӣ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон ва бештар барои зиёд намудани имконот ва тақвияти бахши хусусӣ равона шудаанд.
Оливе Декамп изҳор дошт, ки "имрўз рушди муносибот бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварҳо ва сохторҳои Иттиҳоди Аврупо аст ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи ин сиёсат саҳми намоёни худро мегузорад". Ба иттилои ў, "соли гузашта Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирии бонкҳо, созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо намуда буд, имсол бошад ин маблағ ба 50 миллион мерасад ва минбаъд чунин дастгирӣ мунтазам афзоиш хоҳад ёфт". Ҳар ду ҷониб мувофиқ шуд, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз зиёд аст. Аз ин хотир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, обтаъминкунӣ ва дар маҷмўъ муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба болоравии сатҳи зиндагии мардум ҳавасмандии худро таъкид намуданд.
Тавре аён гардид, дастгирии бахши хусусӣ, бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2153