суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Турсунзода, 22 июли соли 2011
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани азизу муқаддасамон - Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба аҳли хонадони ҳар як сокини шаҳри Турсунзода оромиву осудаҳолӣ, хушҳоливу сарбаландӣ ва дар роҳи рушди ҳамешагии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барору комёбӣ таманно мекунам. Баъдан барои истиқболи гарму самимиатон, ки нишонаи ҷонибдории ҳаматарафаи шумо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад, миннатдории худро баён менамоям.
Дастовардҳои шаҳр дар зарфи 20 соли истиқлолият аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми ватандӯсту сарбаланди Турсунзода ҳамаи саъю талоши худро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати мамлакат равона карда, дар ободонии Ватани маҳбубамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон низ дар навбати худ ҳамаи захираву имкониятҳоро барои зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматқарини шаҳри Турсунзода сафарбар намудааст.
Масалан, дар давоми 15 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди шаҳри Турсунзода 440 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин маблағҳо барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, инчунин дастгирии буҷети шаҳр равона карда шудаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат, инчунин аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳо ва бонкҳо барои додани қарзи имтиёзнок ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва соҳаи кишоварзӣ беш аз 40 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар шаҳри Турсунзода ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2010-ум ба 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 1991 970 миллион сомонӣ буд, яъне афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 2,7 баробарро ташкил кардааст.
Ё худ, агар соли 2000- ум фондҳои асосӣ ҳамагӣ ба маблағи 5 миллион сомонӣ ба истифода супорида шуда бошанд, ин рақам дар соли 2010-ум ба 123 миллион сомонӣ расонида шудааст. Яъне ҳаҷми истифодабарии маблағҳо дар муддати танҳо 10 соли охир қариб 25 баробар афзудааст.
Қисми даромади буҷети шаҳр аз 6,5 миллион сомонии соли 2000-ум, дар соли 2010-ум ба 67 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он дар ин давра аз 3,6 миллион ба 45 миллион сомонӣ расидааст. Яъне ҳаҷми даромади буҷет нисбат ба соли 2000-ум 10 баробар ва хароҷоти он 12 баробар афзудааст. Хотирнишон месозам, ки ин рақамҳо нишондиҳандаи танҳо даҳ соли охир мебошанд.
Дар ин давра, яъне солҳои 2000-2010-ум андозаи миёнаи нафақа аз 5 сомонӣ ба 153 сомонӣ баробар шуда, афзоиши он 34 баробарро ташкил кардааст. Андозаи миёнаи музди меҳнат дар давоми даҳ соли охир 10 баробар афзуда, аз 52 сомонии соли 2000-ум дар соли 2010-ум ба 551 сомонӣ расидааст.
Чунонки шумо огоҳ ҳастед, бо мақсади танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дар доираи татбиқи барномаи зиддибӯҳронӣ Ҳукумати мамлакат бо роҳи бунёди корхонаҳои нави замонавӣ ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё карда истодааст. Имрӯз дар корхонаи "Ширкати алюминии тоҷик", ки бузургтарин корхонаи саноатии кишвар буда, дар ғанигардонии буҷети давлат саҳми калон дорад, даҳуним ҳазор мутахассисону коргарон аз шаҳри Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои дигар машғули коранд ва маоши хуб мегиранд.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода қариб 1400 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 10 хоҷагии давлатӣ фаъолият доранд, ки барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва торафт паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Шаҳри Турсунзода дар баробари шаҳри саноатӣ буданаш минтақаи аграрии кишвар ҳисоб меёбад. Дар шаҳр деҳқонони асилу заҳматпеша фаъолият мекунанд, ки ҳар ваҷаби заминро самаранок истифода бурда, ҳосили баланд ба даст меоранд ва дар таъмини бозори истеъмолии дохилӣ, инчунин афзоиши иқтидори содиротии кишвар саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Натиҷаи заҳмати онҳост, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ҳоло нисбат ба солҳои аввали истиқлолият ду баробар зиёд шудааст.
Дар даврони истиқлолият соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода марҳала ба марҳала рӯ ба инкишоф ниҳод. Заминҳои бекорхобидаву аз кишт бозмонда ба дасти соҳибони аслии хеш, яъне деҳқонон вогузор карда шуданд. Ба масъалаи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки асоси пешравии соҳаи кишоварзӣ мебошанд, аҳамияти махсус зоҳир карда шуд.
Дар ин давра нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, дар самти парвариши ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, зироатҳои полезӣ, бунёди боғу токзор, истеҳсоли маҳсулоти чорво, асал ва пилла назаррас мебошанд. Агар майдони умумии кишти ғалладонагиҳо дар соли 2000-ум 7 ҳазору 405 гектарро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2010-ум ба 15,7 ҳазор гектар расонида шуд. Ҳамчунин майдони боғу токзор аз 766 гектари соли 2005-ум дар соли 2010-ум ба 3 ҳазору 500 гектар расидааст.
Истеҳсоли ғалладонагиҳо нисбат ба соли 2005-ум 138 фоиз, сабзавот 140 , картошка 156, ангур 219 ва зироатҳои полезӣ 123 фоиз зиёд гардидааст, ки ин ҳама аз заҳмати пурсамари кишоварзони Турсунзода дарак медиҳад.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланд ва меҳнатдӯсти Турсунзода минбаъд низ бо рӯҳияи созанда заҳмат кашида, нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро боз ҳам афзун мегардонанд ва саҳми арзандаи хешро дар амалӣ шудани барномаи давлатии таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони мардум мегузоранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо барои таъмини ҳарчи беҳтари аҳолии кишвар бо нерӯи барқ, хусусан дар фасли зимистон тамоми чораҳои имконпазирро андешида истодааст. Мо дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ ва таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, ҳамчунин бо истифода аз маблағҳои худӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обиро вусъат дода истодаем. Дар ҳудуди шаҳри Турсунзода дар доираи чунин корҳои созандагӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Ширкент-3" дар деҳаи Асбоби Ҷамоати деҳоти Работ анҷом ёфта, сохтмони боз ду нерӯгоҳи хурди дигар дар дарёи Ширкент ба нақша гирифта шудааст.
То назди шумо омадан мо дар маросими ба кор оғоз кардани корхонаи истеҳсоли орду макарон, ки аз ҷониби ҷамъияти "Сомон - Тӯрон - Инвест" сохта шудааст, ширкат доштем, ки ин бунёдкориҳо дастовези сазовори сокинони шаҳри Турсунзода ба истиқболи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Турсунзода як қатор бинову иншооти муҳим, аз ҷумла муҷассамаи шоири маҳбуб, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 8 бозори нав, 6 сехи истеҳсолӣ, бинои 5 бонк, 20 сехи дӯзандагӣ, 3 чойхонаи миллӣ, 5 маркази савдо ва зиёда аз 200 мағоза ва нуқтаи савдо сохта, мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор дода шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани боз 23 иншооти дигарро ба нақша гирифтааст, ки аксари онҳоро иншооти таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабу китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти маишиву истеҳсолӣ ташкил медиҳанд. Имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи осорхона ва китобхонаи марказӣ, маркази саломатӣ ва ташхисӣ, мактаби нави рақами 73 дар Ҷамоати деҳоти Навобод барои 1250 нафар хонанда иштирок доштем.
Дар давоми 20 соли Истиқлолияти кишварамон дар шаҳри Турсунзода 25 мактаби таҳсилоти умумӣ бо 310 синфхона барои 9 ҳазору 500 хонанда ва 64 синфхонаи иловагӣ барои 2 ҳазору 600 хонанда сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамаи ин бинову иншооти зикршуда аз як тараф боиси бошукӯҳ ва ободу зебо шудани маркази шаҳр ва кӯчаву хиёбонҳои он гардида, аз тарафи дигар барои соҳиби ҷойи доимии кор шудани садҳо нафар сокинони маҳаллӣ шароит фароҳам меоранд.
Айни замон дар қаламрави ноҳия татбиқи 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад, ки барои таҷдиди соҳаи маориф, сохтмони мактабҳо, барқарорсозии бахши энергетика ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, асосноккунии техникиву иқтисодии таҷдиди роҳи байналмилалии Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон омода карда шуд, ки корҳо дар ин самт рӯзҳои наздик шурӯъ мешаванд.
Дар асоси ҳисоби пешакӣ маблағи умумии лоиҳа қариб 900 миллион сомонӣ, баробар бо 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни татбиқи ин лоиҳа 300 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда барои рушди ҳамаҷонибаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама доир ба фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, аз ҷумла сокинони заҳматқарини Турсунзода ғамхорӣ хоҳад кард.
Вазифаи шумо - роҳбарону фаъолони шаҳр, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллахонаҳо, шахсони обрӯманду таҷрибадор дар оянда низ сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагиву ободкорӣ, истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, сарфаю сариштакорӣ ва кӯмак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд ва анҷом додани дигар амалҳои хайру савоб, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи ҷашнҳои бузурги миллиамон мебошад.
Дар ин раванд ҳамчунин дар хотир дошта бошед, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон имсол 100 - солагии шоири барҷастаи мо, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода таҷлил мегардад ва шаҳри шумо номи ин шахсияти маъруфро дорад. Устод Турсунзодаро ҷаҳониён, пеш аз ҳама, чун мунодии сулҳу дӯстӣ мешиносанд.
Ва шумо - сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода дар таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстии халқу миллатҳои гуногун, заҳмати созанда ва ободии диёр бояд намуна бошед.
Итминони комил дорам, ки аҳли заҳмати шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи болидаи ободкориву созандагӣ 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон - Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, хонаву дари обод, дастархони пур аз нозу неъмат ва хотири ҷамъу дили осуда истиқбол мегиранд.
Дар охир ҳамаи шумо - мардуми шарафманду меҳнатқарини Турсунзодаро бори дигар бо ҷашни фархундаи умумимиллӣ - Истиқлолияти давлатии Ватани муқаддасу маҳбубамон муборак гуфта, бароятон хушбахтӣ, барори кор ва сарбаландиву сарафрозӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату пирӯз бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3227