сафарҳо
Деҳаи навбунёд Истиқлол номгузорӣ шуд
22 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як қатор иншооти нав ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав сафар кард.
Сафари кории Сарвари давлат аз Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода оғоз ёфт.
Дар деҳаи Галаботури Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №73 ифтитоҳ ёфт.
Ин мактаби боҳашамат, ки бо харҷи 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бунёд ёфта, аз се бинои дуошёна иборат мебошад, барои 1250 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Мактаби мазкур, ки аз ҷониби ширкати сохтмонии "Манораи баланд" бо сифати нағз бунёду муҷаҳҳаз гардидааст, бо 18 синфхонаи таълимӣ, 2 утоқи лабораторӣ, 2 синфи компютерӣ, синфи дӯзандагӣ ва китобхонаи барҳаво дорои шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Мактаб, ҳамчунин дорои ошхонаи ҷавобгӯйи талаботи муосир, толори зебову муҷаҳҳази маҷлисӣ, толори васеи варзишӣ бо шароти машқу тамрин аз рӯйи якчанд намуди варзиш ва майдони варзишӣ мебошад. Дар толори варзишӣ дастаи варзишгарони тейквандо машғули тамрин буданд, ки мураббии онҳо чемпиони ҷаҳон ва се карат чемпиони Осиё варзишгардухтари тоҷик Ганҷина Ҳабибуллоева мебошад.
Зимни суханронӣ дар назди мардуми деҳа Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, онҳоро бо 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи ин мактаби беҳамто дар шаҳри Турсунзода табрику таҳният гуфт ва зикр намуд, ки бо назардошти афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ ҳар сол дар кишвар ба ҳисоби миёна беш аз 100 мактаби нав сохта, ба истифода дода мешавад. Таъкид гардид, ки сифати таълиму тарбия низ бояд мутобиқи шароити олии дар ин ҷо муҳайёгашта баланд бошад. "Барои муваффақ шудан ба таълиму тарбияи дилхоҳи насли наврас бояд ҳам омӯзгорон ва ҳам аҳли хонавода ҷаҳду талош намоянд".
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, пешниҳод намуд, ки деҳаи нави дар ин мавзеъ бунёдёфта ба истиқболи солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Истиқлол номгузорӣ шавад. Пешниҳод бо хушҳолӣ пазируфта шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Навобод Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин бо кори хоҷагии деҳқонии «Абду-2001», ки роҳбараш имом-хатиби ҷамоат Абӯмутал Ҳақназаров мебошад, аз наздик шинос шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, аҳли заҳмати хоҷагӣ аз 5 гектар замини обии худ 40-сентнерӣ ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он такроран шолӣ кишт намудаанд. Аз шолӣ то 50- сентнерӣ ҳосил ба даст оварданианд.
Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ домулло Абӯмутал Ҳақназаров, тибқи фармудаҳои офардигори олам ҳар касе, ки қуввату дармон дорад, бояд бо заҳмати дасту бозуи худ ризқу рӯзӣ ҳосил намояд.
Дар корхонаи "Сомон - Туронинвест", ки дар деҳаи Коммунаи Ҷамоати деҳоти 1 Майи шаҳри Турсунзода қарор дорад, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, сехҳои нави истеҳсоли макарон, орд, ширинию қаннодӣ ва қуттиҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин корхона 150 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуд.
Сехи ордбарорӣ бо таҷзиҳоти технологии сохти Туркия муҷаҳҳаз шуда, дар як шабонарӯз метавонад 100 тонна гандумро коркард намояд. Орди ин сех ҳам дар истеҳсоли 12 намуд макарон ва ширинию қаннодии ҳамин корхона истифода мешавад ва ҳам ба бозор пешниҳод карда мешавад.
Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат ӯҳдадор шуд, ки нархи халтаи 50 килограммаи ордро аз 125 то 110 сомонӣ арзон намоянд. Сехи макаронбарорӣ, ки бо таҷҳизоти технологии сохти Украина муҷаҳҳаз шудааст, дар як шабонарӯз ба 12-13 тонна маҳсулот истеҳсол мекунад. Дар ин корхона бо таҷҳизоти муосир, ҳамчунин қуттиҳои картонӣ барои бастабандии маҳсулоти худи корхона ва ҳам меваю сабазавот истеҳсол мешавад.
Дар хоҷагии деҳқонии "Тӯйчибобо" - и деҳаи Ҷавратии Ҷамоати деҳоти 1 Май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо фаъолияти ибратбахши токпарварии он аз наздик шинос шуд.
Тавре зикр гардид, хоҷагии деҳқонии "Тӯйчӣбобо" соли 1997 аз ҷониби сокини Ҷамоати деҳоти 1 Майи шаҳри Турсунзода Яҳё Тӯйчиев ташкил гардидааст. Яҳё Тӯйчиев фарзанди Турсун Тӯйчиев, яке аз деҳқонони асили минтақа, собиқ роҳбари хоҷагии калонтарини шаҳри Турсунзода - хоҷагии Аскаралӣ Мирзоев мебошад, ки дар замони фаъолияташ соҳиби якчанд унвонҳои давлатӣ гардида будааст.
Дар токзори ҷавони ин хоҷагӣ, ки дар майдони 9 гектар доман паҳн кардааст, 7 навъи гуногуни ин меваи биҳиштӣ, аз ҷумла "чиллагӣ", "ҳусайнӣ", "шоҳона", "ангушти хонум", "ғалаба" ва ғайра парвариш меёбад. Ин боғ, ки дар як гӯшаи майдони 500 гектара бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба деҳқони асил Ҳоҷӣ Камол ҷудо гардида буд, доман паҳн намуда, дар зарфи 4 сол ба як мавзеи биҳиштӣ табдил ёфтааст. Тавре зикр гардид, ин шуғли басо фоидаовар дар соҳаи кишоварзӣ аст, зеро дар сурати парвариши дурусти токзор аз он ҳосили фаровони ин меваи гаронарзиши биҳиштиро рӯёндан мумкин аст.
Иттилоъ дода шуд, ки чунин таҷрибаи нодири бо усули чойлобҳои махсус парвариш кардани ангур бо раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳоло аз шаҳри Турсунзода ба дигар минтақаҳои кишвар паҳн мешавад.
Дар маҳаллаи 4 шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бинои Маркази саломатӣ ва ташхисии шаҳри Турсунзодаро ифтитоҳ намуда, ба бунёдгузори он - шахси инфиродӣ, доктори илмҳои тиб Раҳимҷон Раҳматуллоев барои ин иқдоми накӯяш арзи сипос намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин бинои сеошёна аз ҷониби табиби асил Раҳимҷон Раҳматуллоев бо ҷалби сармояи ватанӣ бунёд ёфта, дорои 5 шӯъбаи табобатӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ ва 25 кати бистарикунонӣ мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин шакли муосири ҷарроҳӣ, яъне бе буридани бадан гузаронда мешавад. Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар ин бино зиёда аз 40 нафар мутахассиси соҳа соҳиби ҷойи кор гардид. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон , Президенти кишвар, маркази мазкур Вароруд номгузорӣ шуд.
Дар маркази маъмурии шаҳри Турсунзода бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, нахуст бинои осорхона ва китобхонаи шаҳрӣ ифтитоҳ ёфт.
Ин бино, ки қисмати марказӣ ва асосии он аз ду ва паҳлӯҳои он аз се ошёна иборат мебошанд, бо харҷи 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ бунёду муҷаҳҳаз гардидааст.
Осорхона дар ошёнаи якуми қисмати асосӣ ва китобхонаи марказӣ дар ошёнаи дуюми он ҷойгир шудаанд. Дар ду паҳлуи сеошёнаи бино бошад, шӯъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода фаъолият мекунанд.
Масоҳати умумии осорхона 600 метри мураббаъ мебошад, китобхона барои 39000 адад китоб пешбинӣ гардидааст. Китобхона ҳамчунин дорои шӯъбаи электронӣ бо 4,5 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошад. Дар китобхона маҳфили шоирони наврас фаъолият мекунанд, ки худро шогирдону пайравони асили устод Турсунзода мешуморанд.
Бинои зебою муосири осорхонаю китобхона бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба номи Мирзо Турсунзода номгузорӣ карда шуд.
Дар маҳаллаи 9 шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як бинои 5-ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод, ки дар он 75 оилаи хуштолеъ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд.
Ин бино, ки дорои 15 хонаи якҳуҷрагӣ ва 30 - тогӣ хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад, аз ҷониби КВД "Алюминсохтмон" бо харҷи 16 миллион сомонӣ маблағҳои КВД "Ширкати Алюминийи тоҷик" бунёд ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо шароити зисти дар ин хонаҳо муҳайёгардида аз наздик шинос шуда, сокинони онҳоро бо соҳиби хонаҳои нав шуданашон табрику таҳният гуфт.
Дар паҳлуи ин бино Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда бунёди боз як бинои истиқоматии дорои 75 хонаро оғоз намуд.
Дар боғи марказии шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми шаҳр мулоқоти озоду ошкоро намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.
22 июли соли 2011 сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияи Шаҳринав бо истиқболи самимии роҳбарият ва аҳли ҷамоаи ноҳия дар назди пули болои рӯди Қаратоғ оғоз ёфт.
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нахуст бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз шароити муосири корӣ барои кормандони мақомот изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сипас дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, санги асоси як корхонаи коркарди нафт бо нома ба наслҳои оянда гузошта шуд. Тавре зикр гардид, ин корхонаи хусусӣ хоҳад буд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Дӯстов дар майдони 10 гектар бунёд меёбад.
Зикр ёфт, ки дар замони сохтмони ин корхона 120 нафар ва баъди ба кор даромаданаш тадриҷан то 500 кас соҳиби кор хоҳад шуд. Корхона дар давраи аввал бо иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафт дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Минбаъд иқтидори он бояд то 200 ҳазор тонна бардошта шавад. Таъкид гашт, ки корхона бо навтарин дастгоҳҳои технологӣ муҷаҳҳаз карда шуда, то моҳи сентябри соли 2012 ба кор дароварда шавад.
Бо қаноатмандӣ зикр гашт, ки ин корхона самараи дастгирии давлатии рушди соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тақвияти дастгирии соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ тадбирҳои судбахши иловагӣ андешида, амалӣ хоҳад кард.
Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Чузӣ ташриф оварда, бо фаъолияти токпарварии аҳли заҳмати он аз наздик шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ҷо дар майдони 1 гектар ангури навъи ҳусайнии маҳаллӣ парвариш меёбад ва аҳли заҳмат умед дорад, ки аз ин боғ то 40 тонна ангури хушсифат ҷамъоварӣ намояд. Аҳли хоҷагӣ, ҳамчунин бо парвариши дигар навъҳои меваю сабзавот ва занбӯри асал машғул будааст.
Деҳқонону боғдорони асил таъкид доштанд, ки дар заминҳои ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода беҳтарин меваю сабзавот, аз ҷумла навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд, ки дар бозорҳои дохилу хориҷи кишвар харидорони бешумор доранд.
Дар боғи марказии ноҳияи Шаҳринав Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми заҳматкаши ин ноҳия мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2219