суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо аҳолии ноҳияи Шаҳринав, 22 июли соли 2011
Ҳамдиёрони азиз!
Дӯстони арҷманд!
Соли ҷорӣ барои тамоми заҳматкашони Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон соли дар ҳақиқат таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро мардуми сарзамини куҳанбунёди мо ба ҷашни бошукӯҳи бистсолагии соҳибдавлативу соҳибихтиёрии худ бо рӯҳияи баланди ватанпарастиву ватандорӣ омодагӣ мебинанд.
Саҳми шумо, мардуми сарбаланди Шаҳринав, дар ин раванд, хусусан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон хуб эҳсос мешавад. Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода карда, ҳамаи шумо - сокинони меҳнатдӯсту қавииродаи ноҳияи Шаҳринавро ба ифтихори ҷашни муқаддаси бистсолагии Истиқлолияти Ватани азизамон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, иқболи баланд ва файзу баракати зиндагӣ орзумандам.
Шаҳринав ноҳияи ҷавонтарини кишварамон буда, 2 - юми январи соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии мамлакат дар давраи бисёр ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ташкил шудааст. Мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳринав, ки ҳамсинни истиқлоли давлатиамон мебошанд, дар давраи ниҳоят мушкили солҳои навадум бо дарки амиқи масъулият дар назди Ватан, ҳисси баланди худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихору садоқат сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро дастгирӣ намуда, барои рафъи мушкилоти бамиёномада содиқонаву софдилона заҳмат кашиданд ва дар фосилаи кӯтоҳ барои эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёти харобгардида саҳми арзандаву ватандӯстонаи худро гузоштанд.
Ҳукумати мамлакат аз он айём то ба имрӯз ба хотири ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст. Пеш аз ҳама бо мақсади таъмин кардани пешрафту ободонии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар "Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015" қабул гардид, ки татбиқи он ҳоло идома дорад. Тибқи нишондодҳои барномаи зикршуда то ба имрӯз аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ноҳия раёсатҳои андоз, молия, омор, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, биноҳои прокуратура, идораҳои байторӣ ва суғуртаи давлатӣ, чандин мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сохта, ба истифода супурда шуданд ва иншооти дигари дар барнома пешбинигардида то ҷашни 20 - солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти ноҳияи Шаҳринав аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷетӣ барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия қариб 280 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Аз ҷумла, аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ 45 миллион сомонӣ, маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 10 миллион сомонӣ ва ҷиҳати кӯмак ба оилаҳои камбизоат маблағҳои зиёд пардохта шудаанд.
Имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав ду лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи қариб 130 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки онҳо барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, таҳияи сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, таҷдиди роҳҳои мошингард ва рушди деҳот равона карда шудаанд.
Тавре ки ба шумо маълум аст, кишвари мо ҳамасола беш аз 90 фоизи маҳсулоти нафту газро бо нархи гарон аз хориҷа ворид мекунад. Чанд лаҳза пештар дар деҳаи Турбақалъаи ноҳия маросими гузоштани хишти аввали сохтмони корхонаи коркарди нафт баргузор гардид. Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ дар мӯҳлати як сол сохта, ба истифода дода мешавад ва иқтидори солонаи он коркарди зиёда аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти нафтиро дар бар гирифта, муҳимтар аз ҳама 300 нафар сокини ноҳияи Шаҳринавро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.
Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар шароити торафт мураккабшудаистодаи таъминот бо сӯзишворӣ бо ташкили чунин корхонаҳо эҳтиёҷоти кишварамонро аз ҳисоби захираҳои табиии худӣ ба қадри имкон қонеъ гардонем.
Албатта, барои амалӣ шудани ин ҳадафҳо сармоягузориҳои калони хориҷӣ зарур мебошанд. Дар ин ҷода мо таҷриба дорем, яъне дар ноҳияи шумо бо ҳамкории мутахассисони Федератсияи Россия ба пармакунии чоҳҳои гази Сариқамиш шурӯъ намудаем. То имрӯз бештар аз 2500 метр чоҳ парма карда шудааст ва умедворем, ки рӯзе мерасаду ашёи гаронбаҳои гази табиии ин кон, ки мувофиқи пешгӯиҳои мутахассисон захираи он барои 50 сол мерасад, мушкилоти чандинсолаи шаҳрвандони моро осон мегардонад.
Аз ин рӯ, ҷиҳати таъмини кори муназзам дар самти пармакунии чоҳи гази Сариқамиш ва корхонаи нави коркарди маҳсулоти нафтӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Саридораи геология вазифадоранд, ки ин масъалаҳоро мунтазам зери назорат гирифта, дар сурати ба миён омадани мушкилот дар фаъолияти онҳо таъҷилан тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки ғайр аз конҳои зикршуда дар ҳудуди ноҳия захираҳои зиёди дигар канданиҳои фоиданок ва ашёи хоми саноатӣ кашф шудаанд ва мо онҳоро дар оянда ҳатман ба кор хоҳем андохт. Яъне ин чунин маъно дорад, ки Шаҳринавро ояндаи бисёр нек интизор аст.
Тавре ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ зикр карда будам, рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар аз истифодаи самараноки захираҳои табиии худӣ ва рушди саноати ватанӣ вобастагии калон дорад. Вобаста ба ин, қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии ноҳияи Шаҳринав дар соли гузашта беш аз 30 миллион сомониро ташкил намуда, афзоиши воқеии он назар ба соли 2005 4 баробар зиёд шудааст.
Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба соҳаи сохтмони асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар солҳои 2000 - 2010 ва шаш моҳи соли ҷорӣ 53 миллион сомониро ташкил додааст. Ҳоло дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф, сохтмони хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи "Ҷануб - Шимол", бақайдгирии кадастри замин ва лоиҳаҳои дигар мавриди амал қарор доранд.
Дар доираи лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода - Сарҳади Ӯзбекистон қариб 11 километр роҳ таҷдид карда мешавад, ки арзиши он 110 миллион сомонӣ мебошад.
Дар баробари ин, бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ фаъолияти худро дар самти пешниҳоди қарзҳои дарозмӯҳлату миёнамӯҳлат ҷоннок намуда, соли гузашта барои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, савдои хориҷӣ, хизматрасонӣ ва истеъмолот дар маҷмӯъ беш аз 48 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд. Маблағи умумии қарзҳои хурди аз ҷониби бонкҳо додашуда, дар соли 2010 беш аз 10 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ин рақам панҷ сол пеш ҳамагӣ якуним миллион сомониро ташкил дода буд.
Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои ширкати "Барқи тоҷик" дар ноҳия Нерӯгоҳи хурди барқи обии "Чептура" бо арзиши 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва тавассути Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ" боз як Нерӯгоҳи барқи обии "Тоҷ" бо сарфи маблағи беш аз ду миллион сомонӣ ва бо иқтидори 500 киловатт сохта, ба истифода супурда шудааст.
Соҳаи асоситарини ноҳияи Шаҳринав кишоварзӣ мебошад, ки дар он 62 фоизи аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунад. Соли гузашта ба шарофати меҳнати фидокоронаи деҳқонон истеҳсоли ғалладона ба 17 ҳазор тонна расонида шуд, ки дар муқоиса бо соли 1992 4 баробар зиёд буда, ин нишондиҳанда саҳми арзандаи кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
Ҳамзамон бо ин, кишоварзони ноҳия парваришу ҷамъоварии пахта, пилла, картошка, сабзавот, маҳсулоти полезӣ ва асалро сол ба сол зиёд карда истодаанд.
Дар ноҳияи Шаҳринав тибқи барномаи рушди боғу токпарварӣ соли 2010 ва имсол 315 гектар боғи нав бунёд гардидааст, ки кишоварзон аз ин боғҳо метавонанд баъди се-чор сол ҳосили хуб гирифта, талаботи оилаи худашон ва бозори дохилиро таъмин намоянд ва маҳсулоти зиёдатиро ба хориҷи кишвар ба фурӯш бароранд. Ин ҳам ҷои корӣ асту ҳам манбаи даромади зиёд.
Ҳоло дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳосили кишти асосии зироатҳо ҷамъоварӣ гардида, маъракаи кишти такрорӣ вусъат гирифта истодааст. Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва умуман ҳамаи онҳое, ки як порча замин доранд, ҷиҳати ҳарчи зудтар анҷом додани кишти такрории зироатҳо тадбирҳо андешида, бо ҳамин роҳ захираи маводи ғизоии худро афзун гардонанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода пеши роҳи баландшавии нархи маводи аввалияи ниёзи мардум гирифта шавад.
(Дурнамои кишти такрорӣ 1430 гектар буд. То имрӯз дар майдони 1436 гектар кишт гузаронида шудааст, ки ин 104 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад).
Дар баробари кишти зироатҳо дар ноҳия саршумори паранда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 152 ҳазор сар ва дар Ҷамъияти саҳомии "Парандапарварии Шаҳринав" аз 65 ҳазор сари соли 2002 имсол ба беш аз 100 ҳазор сар расидааст ва шаҳрвандони мамлакат имрӯз аз гӯшту тухми баландсифати ин корхона баҳравар мебошанд.
Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо бояд тамоми имкониятҳоро самаранок истифода барем, то ки тадриҷан эҳтиёҷоти мардуми худро бо тухм ва гӯшти парҳезии паранда таъмин намоем.
Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки дар ноҳия барои рушди боғу токпарварӣ, картошкапарварӣ ва афзоиш додани кишти зироатҳои полезӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва зарур аст, ки аз ин имкониятҳо оқилона истифода карда шавад.
Ҳамватанони азиз!
Ғамхорӣ ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, яъне созандагони ояндаи Ватан ва соҳибони сарзамини аҷдодӣ ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳоло дар ноҳияи Шаҳринав 53 мактаби таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор, санаторияи кӯдаконаи бемории сил ва якчанд муассисаҳои томактабӣ ба таълиму тарбия ва табобати насли наврас машғул мебошанд.
Самти муҳими дигари сиёсати давлату Ҳукумат - бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолии кишвар мебошад. Соли гузашта дар ноҳияи Шаҳринав аз ҳисоби тамоми муассисаҳои давлативу хусусӣ 1800 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамаи ин саъю кӯшишҳо ба коҳиш ёфтани сафи шахсони бекор мусоидат намуда, имрӯз шароити рӯзгори беш аз даҳ ҳазор нафар сокини ноҳия беҳтар гардидааст. Дар ноҳия ҳар сол аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳои ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба ҳисоби миёна 1300-1600 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд.
Ғайр аз ин, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии ноҳия бо қарори Ҳукумати кишвар танҳо дар соли 2010 қариб ба 2 ҳазор оилаи эҳтиёҷманди ноҳия 186 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд, яъне дар давоми як - ду соли наздик қариб 14 ҳазор нафар сокини ноҳия соҳиби манзили истиқоматии нав мешавад.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки вазифаи асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссияҳои ҷамъиятӣ назорати тақсимоти одилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад. Ҳамаи ин тадбирҳои аз ҷониби давлату Ҳукумат андешидашуда танҳо ба хотири беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо мебошад.
Дӯстони азиз!
Ҳар кадоми мо бояд дар хотир дошта бошем, ки халқи тоҷик дар масири таърихи бисёрҳазорсолааш ҳамеша бунёдкору созанда, башардӯсту ватанпарвар, сулҳдӯст ва ботаҳаммулу боандеша будааст. Натиҷаи ҳамин хислатҳои нек ва арзишҳои воло буд, ки мо чордаҳ сол пеш ба дастоварди бузурги замони истиқлол, яъне ваҳдати миллӣ расидем.
Акнун моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи Тоҷикистонро минбаъд низ азизу муқаддас донем, онро эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи таҳкими он бошем.
Ҳамчунин мехоҳам, ки як масъаларо махсус таъкид намоям. Мардуми мо аз қадим расми хубе доштанд, ки ҳама гуна маъракаву ҷашну сури худро бо тозаву озода ва ободу дилкаш намудани хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти хеш истиқбол мегирифтанд. Имсол халқи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва заҳматкашу қавииродаи Шаҳринав ҷашни бузург доранд.
Итминон дорам, ки мардуми заҳматпешаи ноҳия бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, эҳсоси гарми худогоҳиву худшиносӣ, ифтихори милливу номуси ватандорӣ ва азму иродаи қавӣ барои бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни озодии Ватан, ояндаи ободу осудаи миллат ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии ҷашни 20 - умин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, ободии хонадон ва хушбахтиву барори кор орзу менамоям.
Саломату хонаобод бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3285