logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода, 22 июли соли 2011

Устодону хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи мо имрӯз дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шоҳиди ба истифода супурдани боз як натиҷаи неки раванди ободониву созандагии  Ватанамон - мактаби нави замонавӣ гардидем. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона ҳар кадоми  шуморо бо фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи навини давлатдориамон - бистумин солгарди Истиқлолияти Ватани  муқаддасамон - Тоҷикистон ва  бунёди ин кохи зебои дониш табрик мегӯям.
Ҳамзамон бо ин, ба сохтмончиён ва  ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти муҳим  саҳми ватандӯстонаи худро гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
 Дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи  насли наврас мебошад, дар тамоми қаламрави кишвар бунёду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ торафт вусъат гирифта истодааст, ки  мактаби навбунёди имрӯза аз ҷумлаи онҳост.
 Мактаб  аз се бинои таълимии дуошёна, 18 синфхонаи таълимии барҳаво, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона  ва майдони варзишӣ иборат буда, барои таҳсили 1250 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони он бо сарфи маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ  ба анҷом расонида шуд.
Вобаста ба ин бори дигар хотирнишон менамоям, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ ҳисобида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва созандагони ояндаи давлату ҷомеа пайваста кӯшиш дорад.
 Дар доираи татбиқи ин ҳадаф Ҳукумат ҳар сол бо дарназардошти афзоиши аҳолии кишвар бунёди мактабҳои нав ва  синфхонаву биноҳои  таълимии иловагиро торафт зиёд карда истодааст.
 Масалан, соли равон бахшида ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 7 мактаби нав ва чандин синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад.
 Боиси хурсандист, ки ҷавобан ба ғамхории Ҳукумат дараҷаи донишандӯзии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
 Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз 83 нафар  хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода аз тариқи Квотаи президентӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил мекунад.
Такроран хотиррасон  мекунам, ки мо барои шумо, фарзандони азиз,  минбаъд низ ҳамаи шароити зарурии таҳсилро фароҳам меоварем ва аз шумо фақат хубу аъло таҳсил кардан ва соҳиби илму ҳунар шуданро талаб дорем.
Ҳамчунин дар  хотир дошта бошед, ки шумо насли замони нав ҳастед ва талаботи замони нав ин аст, ки ҳар як шахс ғайр аз дониши хубу ҷаҳонбинии васеъ доштан ва донистани якчанд забон, инчунин дастовардҳои техника ва технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияи компютериро  бояд аз худ карда, онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ озодона истифода карда тавонад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода супориш  дода мешавад, ки барои пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳр бо технологияи компютерӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим ҳамаи чораҳои заруриро андешанд. Ҳамзамон бо ин, дар ин кори хайр соҳибкорону тоҷирон ва шахсони баландҳиммат низ метавонанд кӯмак намоянд. Зеро ғамхорӣ ба мактабу маориф кори тамоми ҷомеа мебошад. Яъне ҷомеа бо роҳи ғамхорӣ ба мактаб ба ояндаи ободи худ ғамхорӣ мекунад.
 Бо вуҷуди он ки давлат ҳамасола барои даҳҳо ҳазор хонандагон ҷойи нишаст муҳайё мекунад, лекин  дар бисёр муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ҳоло ҳам норасоии ҷойи нишаст ба мушоҳида мерасад. Зеро чунон ки дар боло гуфта шуд, дар кишвари мо афзоиши аҳолӣ зиёд аст.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вазифадоранд, ки доир ба ҳалли ин масъала мунтазам чораҷӯӣ намоянд ва  ғайр аз маблағҳои буҷетӣ, чунон ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат дида мешавад, имкониятҳои соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони савобҷӯйро васеъ ҷалб созанд.
 Дар навбати худ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва алалхусус падару модарон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои  мунтазам баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ ва таъриху фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва донишандӯзиву илмомӯзӣ тарбия кардани насли наврас ҳамеша саъю талош намоянд. Кӯдакону наврасони имрӯза кадрҳои ояндаи давлат мебошанд ва Ватанро фардо онҳо обод мекунанд, раванди созандагиву ободкориеро, ки мо оғоз кардаем, онҳо идома медиҳанд, зеро фарзандони мо умеду орзуи мо ва давомдиҳандаи кори моянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати   фарорасии ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, бароятон бахту саодат, рӯзгори хушу обод ва барои шогирдони ин боргоҳи илму дониш таҳсили аъло орзу менамоям.
Бо истифода аз фурсати муносиб пешниҳод менамоям, ки номи деҳаи Галаботур ҳамчун деҳаи навбунёд ва самараи даврони озодиву соҳибихтиёрии Ватанамон ба номи Истиқлол номгузорӣ шавад.
Доимо сарбаланду комёб бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3165
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед