logo

сафарҳо

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ

Субҳи 26 июли соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон рафт.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ки баъди обхезии моҳи апрели соли 2009 барои осебдидагони ин офат бунёд гардида буд, оғоз ёфт. Дар ин ҷо бинои як мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 900 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт.
Ин мактаби дуошёна, ки бо харҷи 7 миллион сомонӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, аз 18 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз фанҳои биология, кимиё, физика, синфҳои компютерӣ, синфҳои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию таомпазӣ ва ғайра иборат мебошад. Синфҳои компютерию лингофонӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, имкон медиҳанд, ки дар робита бо мактабҳои дигари дохил ва хориҷи кишвар таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда шавад. Толори васеи маҷлисӣ, ошхонаи мактабӣ ва толори варзишӣ низ бо шароити хуби муосир муҷаҳҳаз гаштаанд.
 Зимни суханронӣ дар назди роҳбарону фаъолони ноҳия ва мардуми деҳаи Чорбоғ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли равон бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар вилояти Хатлон 42 мактаб бо наздики 9700 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад. Гузашта аз ин, бо назардошти зарурати рӯзафзун, ба масъулони маҳалливу ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки дар муддати ду сол дар назди 4 мактаби мавҷудаи ноҳияи Хуросон биноҳои иловагии таълимӣ сохта шаванд.
 Дар саҳни ҳавлии мактаби навбунёд, миёни Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ва роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми заҳматкаши ноҳия, ки дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, сӯҳбати озоду ошкоро сурат гирифт. Зимни он Президенти кишвар ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфта, андешаҳои ҷолибу судманд иброз дошт.
Аз ноҳияи Хуросон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст бо кори кишоварзони хоҷагии деҳқонии Шафқати Ҷамоати деҳоти Яккатут аз наздик шинос шуд.
 Тавре зикр гардид, хоҷагӣ дорои 11 га замин буда, дар 9 га пахта кишт намудааст. Зимни сӯҳбат бо аъзои хоҷагӣ маълум шуд, ки ҳар яки онҳо ғайр аз маош 12 садяк замини ин хоҷагиро барои эҳтиёҷоти оилавии худ истифода бурда, рӯзгорашонро таъмин менамоянд.
 Аҳли хоҷагӣ бовар доранд, ки аз ҳар гектар замини пахта ба ҳисоби миёна беш аз 40 -сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия иттилоъ  дода шуд, ки аз заминҳои пахтаи ноҳия ба ҳисоби миёна 30 -сентнерӣ ҳосил рӯёнда мешавад.  Зикр шуд, ки дар ин ва дигар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кишти такрорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар деҳаи Чкалови Ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як мактаби боҳашамати сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
 Ин мактаб, ки бо харҷи 11 миллиону 221 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва қарзи имтиёзии Бонки исломии рушд бунёд ёфтааст, дорои 36 синфхона, аз ҷумла 11 синфхонаи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ, 1-тоӣ озмоишгоҳҳои кимиё, биология ва физика, 2 синфхонаҳои махсуси технологияи ҳунаромӯзӣ барои духтарону писарон ва китобхонаи калон мебошад. Зимни шиносоӣ бо синфҳои компютерӣ зикр гардид, ки нишондодҳои барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 84,5 фоиз иҷро шудааст. Ин мактаби муосир, ҳамчунин дорои шифохона, ошхона, толори маҷлисӣ бо 252 курсӣ ва толори варзишӣ бо 120 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.
 Дар ҳудуди мактаб, ки масоҳати он 3 гектарро ташкил мекунад, иморатҳои ёрирасон, аз қабили буғхона бо истифодаи ангиштсангу ҳезум, анбори хоҷагидорӣ, зеристгоҳи трансформаторӣ, обкаши барқӣ ва манораи захирасозии оби нӯшокӣ ва ҳамчунин варзишгоҳ сохта шудааст.
 Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, мактабҳои навро тӯҳфаи  идонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи солгарди 20 - умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз номида, ҳамзамон зикр намуд, ки дар 10 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби  сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ 21 мактаби нави замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Тавре зикр гардид, сохтмони 4 мактаби дигар идома дорад, ки 2 -тои он дар давоми соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо ёдоварӣ аз ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба соҳаи маориф мардуми ноҳия ва кулли ҷумҳуриро ба таълиму тарбияи босифати насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии худ парвариш кардани онҳо ҳидоят намуд.
 Дар боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳия Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2152
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед