мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Залмай Расулро ба ҳузур пазируфт
28 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Залмай Расул - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт, баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба сохтмони роҳу пулҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерӯи барқ, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа зоҳир карда шуд. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дуҷонибаю минтақавӣ таъкид намуданд.
Таҳким ва рушди ҳамкории миёни ниҳодҳои қудратии ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Доир ба омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои "Чоргонаи Душанбе" - Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
www.president.tj
* * *
Залмай Расул, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон аз талошҳои Сарвари давлати мо дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ва пуштибонии доимии ӯ аз манофеи ин кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ситоиш кард.
Бино ба гуфти Залмай Расул, зимни сӯҳбат ҷонибҳо доир ба қазияи Афғонистон ва авзои сиёсии минтақа назари хешро баён намуда, ҳамзамон таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар миёни ниҳодҳои қудратӣ, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирро таъкид карданд. Гуфта шуд, ки густариши робитаҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоёт низ дар меҳвари асосии гуфтугӯ қарор гирифтааст.
Вазири корҳои хориҷии Афғонистон тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Афғонистонро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки онҳо натанҳо ба манфиати ду кишвар, балки барои минтақа муҳиманд. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон дорои иқтидори кофии тавлид ва содироти нерӯи барқ аст, ки Афғонистон талош дорад, аз он истифода бурда, ҳамзамон аз қаламрави хеш ба кишварҳои ҷануби Осиё содир намояд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2075