мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон
бо Сергей Наришкин
26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари маъмурияти Президенти Федератсияи Русия Сергей Наришкинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва татбиқи амалии санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.
Аз мунтазамии робитаҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, хусусан аз рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Мусоҳибон суръат бахшидани корҳоро дар сохтмони иншооти дигари гидроэнергетикӣ ва азхудкунии муштараки захираҳои нафту гази Тоҷикистон матлуб арзёбӣ намуданд.
Рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг низ аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат буд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7099