мулоқотҳо
Президенти кишвар вазири корҳои
хориҷии Туркияро ба ҳузур пазируфт
26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Бобоҷонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, рушди бонизоми ҳамкориҳоро натиҷаи робитаҳои пайвастаи сарони ду давлат ва ҳавасмандии муштарак маънидод кард.
Мусоҳибон аз болоравии мубодилоти молу маҳсулот изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки соли гузашта ҳаҷми он ба 550 миллион доллари амрикоӣ баробар гашт ва имсол ин нишондод боз зиёд хоҳад шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз наздики 50 корхонаю ширкати туркӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад, аз ҷумла дар соҳаи сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва бунёди меҳмонхонаю марказҳои тиҷоратӣ.
Аз робитаҳои илмию фарҳангӣ ва таҳсилотӣ низ қаноатмандӣ зоҳир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, авзои кунунии минтақа, рушди ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6718