суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо мардуми шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, 3 августи соли 2011
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Аввалан ҳамаи шумо - сокинони меҳмоннавозу фарҳангдӯсти шаҳри бостонии Панҷакент ва фарзандони бонангу номуси ин диёри куҳанбунёдро ба муносибати бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки баъди чанде фаро мерасад, табрику таҳният мегӯям.
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ва хурду калони мамлакат ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд, яъне тамоми Тоҷикистонро рӯҳияи идона фаро гирифтааст, ки инро мо дар ҷараёни боздид аз вилояти Суғд низ хуб мушоҳида мекунем. Ҳоло дар қаламрави вилоят ба истиқболи ин санаи сарнавиштсози миллат раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати бесобиқа гирифтааст.
Мо дар доираи сафари кории худ тасмим гирифтем, ки дар баробари бо вазъи зиндагӣ ва корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос шудан ва ширкат дар маросими баистифодадиҳии иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои саноатӣ, инчунин бо мардуми шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшон, аз ҷумла, заҳматкашони шаҳри бостонии Панҷакент мулоқот намоем.
Дар давоми солҳои истиқлолият сокинони шаҳри Панҷакент дар қатори тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон дар натиҷаи меҳнати пурсамари худ ва анҷом додани корҳои бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидаанд.
Аввалан, сулҳу суботи устувор ва марҳала ба марҳала зиёдшавии маблағгузориҳо аз буҷети давлатӣ имконият фароҳам овард, ки дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри бостонии Панҷакент, соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа тадриҷан тараққӣ ёбанд.
Ҳамин тавр, аз соли 1995 то инҷониб аз ҳамаи манбаъҳои буҷети давлатӣ барои рушду инкишофи шаҳри Панҷакент 214 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардида, ба соҳаҳои ҳаётан муҳим ба монанди ҳифзи иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ, таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо ва обтаъминкуниву пешгирии офатҳои табиӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, танҳо дар чор соли охир аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои таҷлили ҷашни 1150 - солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозии як қатор иншооти таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоии шаҳри Панҷакент беш аз 22 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Дар баробари ин, танҳо дар 5 соли охир буҷети шаҳр беш аз 3,5 баробар афзуда, аз 10 миллион сомонӣ дар соли 2005 то ба 36 миллион сомонӣ дар соли 2010 зиёд гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки дар давоми солҳои истиқлолият дар Панҷакент ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ сармояи асосӣ азхуд карда шуда, ба маблағи қариб 300 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд. Дар натиҷа имрӯз мову шумо шоҳид ҳастем, ки даҳҳо иншооти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва биноҳои маъмурӣ бунёд ёфта, инчунин дар ин давра 410 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд.
Инчунин дар қаламрави шаҳри Панҷакент имрӯз 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 22 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҷдиди соҳаи иҷтимоӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ, идоракунии ҳавзаҳои об ва рушди инфраструктураи деҳот равона карда шудааст.
Дар баробари ин, маблағгузориҳои бонкӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии аҳолӣ сол аз сол афзуда истодаанд. Масалан, дар соли 1991 дар шаҳри Панҷакент танҳо кассаҳои амонатӣ фаъолият мекарданд. Ҳоло ба шарофати истиқлолият филиалҳои 6 бонк ва 5 ташкилоти қарздиҳии хурд аз рӯи тамоми намудҳои амалиёти бонкӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Танҳо дар панҷ соли охир қарздиҳии хурд дар шаҳри Панҷакент беш аз 24 баробар афзоиш ёфта, аз 2 миллион сомонии соли 2005 имрӯз ба 50 миллион сомонӣ расидааст.
Маҳз ба туфайли истиқлолият соҳаи саноат дар заминаи коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар Панҷакент инкишоф ёфта, айни ҳол 11 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, Корхонаи муштараки "Зарафшон", ки чанд лаҳза пас мо дар маросими ифтитоҳи коргоҳи нави он ширкат меварзем, яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба кор оғоз кардани корхонаи нав ғайр аз даромади зиёд ба буҷет ва рушди соҳаи саноати мамлакат, ҳамчунин имконият медиҳад, ки боз 300 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ, яъне сокинони шаҳри Панҷакент бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.
Умуман бояд гуфт, ки дар натиҷаи амалӣ шудани стратегияву барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар давоми солҳои истиқлолият дар шаҳри Панҷакент беш аз 11 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст. Албатта, ин ҳанӯз ҳам кифоя нест ва зарур аст, ки кор дар ин самт мунтазам идома дода шавад.
Зеро рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшон яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат буда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути ба роҳ мондани коркарди пурраи захираҳои бузурги сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар водӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад.
Вазифаи мо дар ин самт минбаъд пурра ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва истифода аз имконияту нерӯи созандаи соҳибкорон мебошад.
Дар баробари ин, Ҳукумати кишвар ҷиҳати бо қувваи барқ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои водии Зарафшон, аз ҷумла, шаҳри Панҷакент нақшаҳои пешгирифтаи худро тадриҷан амалӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад дар мавзеи дашти Искодари ноҳияи Айнӣ сохтмони зеристгоҳи 220 - киловолта идома дорад ва бунёди хатти барқи Хуҷанд - Айнӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Бо ифтитоҳи ин зеристгоҳ масъалаи таъминоти нерӯи барқ дар водии Зарафшон асосан ҳал мегардад.
Ҳамзамон бо ин, дар солҳои истиқлолият доираи Барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 12 нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта шудааст.
Дӯстони азиз!
Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти шаҳр буда, дар ҳаёти иқтисодии он нақши аввалиндараҷа мебозад. 85 фоизи аҳолӣ, аз ҷумла, 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар деҳот зиндагӣ дорад ва кишоварзӣ барои қисми зиёди мардум манбаи ягонаи даромад ба шумор меравад.
Ҳолати имрӯзаи кишоварзии ноҳия нишон медиҳад, ки зиёда аз 25 фоизи даромади аҳолӣ аз фурӯши биринҷу лубиёгиҳо ва қариб 30 фоизи даромад аз мевагиҳо ба даст меояд. Даромад аз фурӯши картошка бештар аз 10 фоизро ташкил дода, ҳиссаи истеҳсоли он дар хоҷагиҳои хонагӣ 17 фоиз аст, ҳол он ки ин нишондиҳанда дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаҳои афзалиятнок барои шаҳри Панҷакент шоликорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ ба ҳисоб меравад. Дар сурати самаранок истифода намудани заминҳои назди соҳили дарёи Зарафшон истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ метавонад зиёд шавад. Дар ҳолати ба як маҷро гирифтани дарёи Зарафшон танҳо истеҳсоли шолиро 4 маротиба зиёд намудан мумкин аст. Ҳоло кишти картошка дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ 375 гектарро ташкил медиҳад, ки ба андешаи мо ба иқтидори истеҳсолии ноҳия муносиб нест.
Рушди соҳаи боғу токпарварӣ низ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии шаҳри Панҷакент ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мавқеи муҳим дорад.
Бояд гуфт, ки соли 2007 бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010" тасдиқ гардида буд ва барои рушди минбаъдаи соҳа соли 2009 фармони дахлдори Президенти мамлакат содир гардид, ки дар асоси он бояд дар мамлакат 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда шавад.
Бо мақсади иҷрои ин Барнома аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент то имрӯз дар майдони 196 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки 126 фоизи дурнаморо ташкил менамояд. Бояд қайд намуд, ки мутобиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ пардохти хароҷоти як қисми бунёди боғу токзорҳои нав дар ҳавзаи дарёи Зарафшон аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба воситаи Барномаи кишоварзии маҳаллӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо анҷом дода мешавад, ки яке аз роҳҳои дастгирии давлатии кишоварзони ноҳия ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин мехоҳам як масъаларо хотирнишон созам, ки дар ибтидои солҳои истиқлолият бо "ташаббуси" баъзе роҳбарону масъулони ноҳия майдони зиёди боғот ва токзори собиқ хоҷагии Марғедар, ки навъҳои беҳтарин ва нодири ангур дошт, решакан ва нобуд карда шуданд. Махсусан, аз ангури навъи кишмише, ки дар ин хоҷагӣ парвариш меёфт, мавизи аълосифат тайёр гардида, асосан ба хориҷи кишвар содир мешуд.
Ҳоло вобаста ба корҳое, ки доир ба иҷрои барномаи зикргардида анҷом дода мешаванд, ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент зарур аст, ки доир ба барқарор кардани токзори собиқ хоҷагии Марғедар чораҷӯӣ намоянд.
Имрӯзҳо дар ноҳия ҷамъоварии зироатҳои ғалладона, сабзавот, картошка ва гузаронидани кишти такрорӣ идома дорад.
Бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои асосии ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва мӯътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду ҳосил ва ба ҳамин васила зиёд намудани истеҳсоли маводи ғизоии худӣ мебошад.
Кишоварзони шаҳри Панҷакент барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ҳамаи имкониятҳоро доранд. Майдони умумии заминҳои кишоварзии шаҳр 156500 гектар буда, қариб 21500 гектари он замини обӣ мебошад. Аммо нақшаи кишти такрорӣ нишон медиҳад, ки танҳо 4850 гектари заминҳои обӣ дубора кишт шудаасту халос.
Бо дарназардошти иқтидори заминҳои обӣ ва шароити мусоиди боду ҳавои минтақа Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакентро зарур аст, ки як нақшаи илман асосноки пешрафти соҳаҳои боғдорӣ, картошкапарварӣ ва шоликории ноҳияро таҳия намуда, аз соли оянда иҷрои онро таъмин намояд.
Бовар дорам, ки деҳқонони соҳибтаҷриба ва корозмудаи Панҷакент дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ, яъне истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, васеъ кардани кишти такрорӣ дар заминҳои холишуда, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва корҳои созандагиву ободонӣ минбаъд низ фаъолона кӯшишу ғайрат хоҳанд кард.
Шумо хуб медонед, ки ҳоло бо сабаби афзоиши рӯзафзуни аҳолии сайёра ва вобаста ба ин зиёд шудани талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ торафт афзуда, масъалаи таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ба масъалаи муҳимтарини ҳаёти башарият табдил ёфта истодааст. Афзоиши аҳолӣ дар кишвари мо низ зиёд аст ва табиист, ки мо бояд ин омилҳоро ба эътибор гирем.
Панҷакент ҳамчун шаҳри калонтарини вилоят дорои захираву имкониятҳои фаровони рушди саноат, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад ва метавонад дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакатамон саҳми намоён дошта бошад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар кадоми шумо - роҳбарону мутахассисон, фаъолон ва ҳамаи онҳое, ки бо замин сару кор доранд, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои кишоварзиву саноат, истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, махсусан, заминҳои обӣ, зиёд гардонидани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, таъмини беҳтари мардум бо маводи ғизоии худӣ ва бо ҳамин роҳ тадриҷан паст кардани сатҳи вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ мебошад.
Ҳамчунин, тавассути ташкили корхонаҳои нави саноатӣ то маснуоти тайёр коркард кардани ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла тиллову нуқра, сангҳои қиматбаҳо, мармар ва дигар канданиҳои фоиданок, рушди туризм ва фароҳам овардани инфраструктураи замонавӣ барои он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла ташкили корхонаҳои нави истеҳсолиро ҳам аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва ҳам аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва соҳибкорони бонангу номуси диёр тақозо мекунанд.
Ҳалли ҳар як масъалае, ки зикр гардид, дар навбати худ ба зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади буҷет ва албатта, ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси ифтихори ҳар як фарди худшиносу худогоҳи Ватан, аз ҷумла, мардуми сарбаланди Панҷакенти бостонист, ки бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид.
Ба рӯйхати ин созмони бонуфузи байналмилалӣ шомил гардидани ёдгории Саразм ба ҷаҳониён бори дигар собит месозад, ки ниёгони мо зиёда аз панҷ ҳазор сол пеш яке аз аввалинҳо шуда, ба маданияти кишоварзиву чорводорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ дар Осиёи Марказӣ замина гузоштаанд. Эътирофи ин ҳақиқатро мо яке аз дастовардҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Ватанамон медонем.
Ҳамчунин миллати моро дар дунё бо номи фарзандони бузургаш мешиносанд ва эътирофу эҳтиром мекунанд. Мову шумо аз он ифтихор дорем, ки дар қатори дигар бузургони миллат фарзандони Панҷакенти куҳантаърих, аз ҷумла, ходимони намоёни сиёсиву фарҳангӣ, олимону шоирону нависандагон ва бисёр дигарон номбардори миллати мо дар арсаи ҷаҳон гардида, бо кору фаъолияти ватанхоҳона ва асарҳои пурмазмуну баландғояашон чандин наслҳоро ба роҳи рост ҳидоят намудаанд. Онҳо бо кору пайкори созандаи худ барои ободии Ватан ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон ҳиссаи арзанда гузоштаанд.
Мо дар зодгоҳи шахсе, ки бузургии ӯро тамоми инсонияти мутамаддин қабул дорад, яъне асосгузори адабиёти оламшумули тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дорем. Устод Рӯдакӣ дар ашъори худ ғайр аз мавзӯъҳои ҷовидонаи умумибашарӣ масъалаҳои одобу ахлоқи ҳамида, одаму одамгарӣ, таълиму тарбия, дӯстиву рафоқат ва илму донишро бисёр моҳирона тарғибу тараннум кардааст.
Дар ҳақиқат, инсон маҳз дар айёми наврасиву ибтидои ҷавонӣ донишашро дар ҳама заминаҳо, бахусус, дар шинохти Ватан меафзояд ва худшиносу худогоҳ мешавад.
Аз ин ҷост, ки тарбияи фарзанд, ба роҳи росту дуруст ҳидоят кардани вай ва масъулияти падару модар дар ин ҷода дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад ва мо аҳамияти ин масъаларо чанде пештар бо қабули қонуни махсус бори дигар ба аҳли ҷомеа таъкид намудем.
Наврасону ҷавонон, ки ояндаву созандаи давлат ва ҷомеа мебошанд, бояд ақидаву иродаи мустаҳками худшиносиву ватандӯстӣ дошта бошанд ва барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саъю талош варзанд.
Ин вазифаи мост, ки онҳоро таълиму тарбияи дуруст диҳем, барои онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам орем ва рушди ҳамаҷонибаи қобилияту истеъдоди фарзандони худ - соҳибони фардои Ватанро таъмин кунем.
Ҳамчунин мову шумо бояд дар ҳама самтҳои ҳаёт - рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ, кишоварзиву боғдорӣ, роҳсозиву сохтмон, бунёди иншооти бузурги саноатӣ ва гидроэнергетикӣ қудрату нерӯи худро дареғ надорем ва ба наслҳои оянда як мулки обод, Ватани осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.
Мо танҳо бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва саъю талошҳои пайгирона метавонем ҳамаи мушкилоти зиндагии имрӯзаро бартараф созем, рӯзгорамонро обод намоем, дастархонамонро пур аз файзу баракат ва хонадонамонро осудаву саодатманд гардонем.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар шумо ва хурду бузурги мардуми фарҳандӯсти шаҳри Панҷакент, яъне набераҳои Рӯдакии бузургро ба ифтихори ҷашни бузурги озодиву соҳибихтиёрии Тоҷикистони маҳбубамон табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон сулҳу сафо ва хушбахтиву хушрӯзиҳо орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3413