logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати ба истифода супурдани бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, 5 августи соли 2011

Устодони гиромӣ ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Имрӯзҳо  мардуми кишвари озоду маҳбубамон бо рӯҳияи болидаи бунёдкориву созандагӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор доранд ва ба истиқболи ин ҷашни муқаддаси  миллӣ  ба истифода додани бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон рамзи басо хуҷаставу нек мебошад.
 Зеро ин боргоҳи илму маърифат  аз марказҳои бонуфузи таълиму тарбияи кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия ва низоми иттилоотӣ буда, аз ҷумлаи самараҳои неки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
 Бояд қайд намоям, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати   таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву фаъолияти кормандони илмиву омӯзгорӣ ҳамаи тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.
 Чунонки шумо медонед, се сол муқаддам бо мақсади васеъ гардонидани  имкониятҳои  таълиму тадрис дар донишгоҳ супориш дода будам, ки дар фурсати кӯтоҳ  тармими  бинои сохтмонаш нотамоми он ба поён расонида шавад. Ва имрӯз, тавре ҳамаи мову шумо шоҳидем, бинои мазкур бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бо азму  талошҳои  раёсати Донишгоҳ дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланду тарҳи зебои меъморӣ ба анҷом расонда шудааст.
 Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимии Донишгоҳ аз иқдомҳои созандаест, ки дар доираи Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои       2008 - 2015 сурат гирифта, ҳоло имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз бо техникаи муосир таҳсил кунанд ва донишу касб омӯзанд.
Ба ин хотир, аз ин фурсати муносиб истифода карда, ба ҳамаи сохтмончиёне, ки барои сари вақт  ва бо сифати баланд мавриди  баҳрабардорӣ  қарор додани бинои нави таълимӣ саъю кӯшиш намудаанд, миннатдорӣ баён менамоям.        
Ҳозирини гиромӣ!
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба пайваста боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву хориҷӣ ҷавобгӯ  гардонидани он ба вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ супоришҳои зарурӣ  дода будам.
 Дар фосилаи байни ду сафари кории мо ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон  маълум гардид, ки масъулони ин муассисаи таълимӣ ба хотири иҷрои супоришҳои додашуда як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ кардаанд, ки шоистаи таҳсин аст.
 Аз ҷумла, номнавис шудани донишгоҳ ба узвияти донишгоҳҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар самти минтақашиносӣ, дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ ва ғоявӣ таҳия ва баргузор шудани се ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси Шӯрои махсусгардонидашудаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, зиёд гаштани теъдоди олимони ҷавони унвондор, тарбияи муҳаққиқони ҷавон ва иштироки донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ аз дастовардҳои аҳли устодону шогирдони он дар ду-се соли охир ба ҳисоб мераванд.
 Дар ин замина бояд зикр намоям, ки ҳангоми мулоқоти қаблиам бо ҳайати кормандони ин  боргоҳи маърифат супориш дода будам, ки бо мақсади тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории милливу  фарҳанги волои аҷдодӣ китоби дарсии "Андешаи миллии тоҷикон" таҳия карда шавад. Шоёни таҳсин аст, ки чанд рӯз қабл китоби мазкур аз ҷониби  профессорону устодони донишгоҳ таҳия ва бо сифати баланд нашр гардид.
 Таҳияву ба нашр расидани чунин асарҳо  имконият фароҳам меорад, ки "Андешаи миллӣ" ҳамчун фанни махсус ба низоми таълимии кишвар ворид гардида, ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ таълим дода шавад.
Зеро худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар натиҷаи омӯзиши амиқи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати худ ва муқоисаи он бо тамаддунҳои дигар ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорам, ки дар заминаи ин китоб боз силсилакитобҳои дигар таҳия ва нашр хоҳанд шуд.
Кормандони Донишгоҳ  дар роҳи пешбурди  таълиму тарбия низ ба комёбиҳо сазовор шудаанд. Агар дар соли аввали таъсисёбӣ Донишгоҳ дорои ду факултет ва 300 нафар донишҷӯй бошад, ҳоло теъдоди факултаҳо ба 6 адад ва шумораи донишҷӯён наздик ба 6000 нафар расидааст. Танҳо дар  се соли охир таълиму тадриси чор ихтисоси наву замонавӣ ба роҳ монда шудааст.
 Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо бояд дар раванди тайёр кардани кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим эътибори аввалиндараҷа диҳем. (Яъне аввал сифат, баъд шумора).
Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати  Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳ як қатор чораҳои амалӣ андешида шудаанд, ки яке аз онҳо давра ба давра дар давоми се сол пурра бо низоми кредитии таҳсил фаро гирифтани  толибилмон мебошад. Ҷорӣ гардидани чунин низом имконият фароҳам овард, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мустаҳкам гардидани интизоми донишҷӯён пешравиҳои назаррас ба даст оварда шаванд.
 Ташкили хоҷагии ёрирасони Донишгоҳ дар майдони 4 гектар дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили Баҳри Тоҷик ҳамчун минтақаи таҷрибаомӯзиву истеҳсолӣ,  парвариши чорво, занбӯри асал, ба роҳ мондани кишти зироатҳои кишоварзӣ ва бунёди боғҳо имконияти боргоҳи маърифатро ҷиҳати таъмини кормандон бо маҳсулоти озуқаи худӣ хеле афзун мегардонад, ки, албатта, таҷрибаи ибратомӯз аст.
Ҳозирини гиромӣ!
Мехоҳам бори дигар махсус таъкид намоям, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишварамон бояд ба таълим ва тарбияи мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи махсус диҳем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо мутахассиси баландпоя аз ӯҳдаи мустаҳкам намудани пояҳои давлат ва рушди минбаъдаи он баромада метавонад.
Дар ин кори пурмасъулият олимон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ба шоҳроҳи низоми инноватсионии ҷаҳонӣ ворид гардидани кишвар, фароҳам овардани заминаи зарурӣ барои рушди тафаккури техникӣ ва иқтисодии ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Мақсади ворид шудани мо ба ҷараёни илму техникаи ҷаҳонӣ ин шинос намудани насли наврас бо дастовардҳои навтарини илм,  технологияи пешқадами иттилоотӣ ва дар ин замина омода сохтани мутахассисони баландпоя  мебошад.
Итминон дорам, ки раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар самти тақвияти корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбияи кадрҳои сазовор дучанд саъю талош намуда, дар мустаҳкам гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро мегузоранд.
Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки ба истифода додани бинои нави таълимӣ ҳанӯз фарҷоми иқдомҳои созандаи мо нест. Ҳоло дар пеш корҳои зиёди созандагӣ дорем, зеро тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ тақозо мекунад, ки шароити боз ҳам беҳтари таҳсилро барои насли наврасамон муҳайё намоем.
Вобаста ба ин Вазорати маориф, Агентии давлатии сохтмон ва меъморӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раёсати Донишгоҳ вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми се соли минбаъда барои ба истифода додани биноҳои сохтмонашон нотамоми воқеъ дар шафати Донишгоҳ - маҷлисгоҳ барои 500 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 ҷойи нишаст, толори варзишии муҷаҳҳаз ва биноҳои иловагии таълимӣ корҳои сохтмониро идома диҳанд.
Бо дарназардошти ин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дода мешавад, ки бо мақсади бунёди хонаи баландошёна барои кормандони Донишгоҳ қитъаи замин ҷудо намояд. Раёсати Донишгоҳ вазифадор карда мешавад, ки сохтмони бинои мазкурро бо роҳи ташкили кооперативи бинокории ихтиёрӣ то истиқболи ҷашни    25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  таъмин намояд.
Ҳамватанони азиз!
Ҷашни бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз бо дастовардҳои арзандаи ҷомеаҳои меҳнатӣ, аз ҷумла ифтитоҳу ба кор даровардани садҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, истиқбол гирифта мешавад. Бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон низ аз ҷумлаи армуғони арзанда ба ин ҷашни саид маҳсуб мегардад.
Аз ин лиҳоз, изҳори умед мекунем, ки бинои мазкур, ки барои саодати маънавии насли толеъбаланди даврони истиқлолият бунёд ёфтааст, бигзор, солҳои сол барои маърифатнок гардонидани наслҳои имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон хизмати арзанда намояд.
Ҳамаи шумо - олимону устодони гиромӣ ва донишҷӯёни азизро бо ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистони маҳбуб ва ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави таълимӣ табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори ором ва дар фаъолияти илмиву омӯзгориатон барору комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша шоду сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3280
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед