logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи чойхонаи миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 5 августи соли 2011

Ҳозирони гиромӣ!
Имрӯз дар остонаи омодагӣ ба ҷашни бистумин солгарди  истиқлолияти давлатии кишвари  маҳбубамон - Тоҷикистон мову шумо   ба муносибати боз як рӯйдоди хотирмон, яъне мавриди истифода қарор гирифтани чойхонаи миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи бостонӣ ҷамъ омадаем.
Бинобар ин, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, мардуми заҳматкаши Хистеварз ва тамоми сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ифтихори ин ҷашни сарнавиштсоз ва ин бинои дар ҳақиқат зебову диданӣ самимона табрик мегӯям.
Инчунин ба бунёдкорони ин чойхонаи мӯҳташами миллӣ ва ҳамаи онҳое, ки ин кори хайру савобро ба анҷом расонидаанд, хусусан ба устои гулдаст ва соҳибкори баландҳиммат Комилҷон Зуҳуров, миннатдории худро иброз менамоям.
 Гузаштагони мо дар тамоми давраҳои таърихӣ нозукиҳои санъати кандакориву гаҷкорӣ ва ороиши чӯбро нигоҳ дошта, онҳоро такмил додаанд ва аз насл ба насл ба мерос гузошта, дар ин замина рисолати инсониву миллии худро ба анҷом расонидаанд.
Дар навбати худ, мо низ дар назди наслҳои ояндаи халқамон вазифадор ҳастем, ки дастовардҳои фарҳангӣ ва анъанаву суннатҳои аҷдодиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ҳифз кунем, такмил диҳем ва ба мерос гузорем.
Чойхонаи миллӣ аз қадимулайём макони маслиҳату машварати мардум, ҷойи дидорбинии аҳли маърифат, тарбияи суннату оинҳои миллӣ ва ҳидояти аҳолӣ ба ободиву созандагии диёр ба шумор мерафт.
Соли гузашта бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Таваккал Воситов мактаби дуошёна барои 340 хонанда, ки аз 14 синфхона ва синфҳои фаннӣ, озмоишгоҳи муҷаҳҳаз, китобхона, утоқҳои маъмурӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ҳамон мулоқот усто Комилҷон Зуҳуров дастур гирифт, ки ба истиқболи 20 - солагии истиқлолият дар зодгоҳи худ бо истифода аз ҳунари волои аҷдодӣ чойхонаи миллӣ бунёд мекунад. Чунон ки мебинед, ӯ ба ин кор бо дили гарму ғайрати ватандӯстона шурӯъ намуд ва имрӯз ин мавзеъро ба як макони босафою зебо ва намоишгоҳи ҳунари асили аҷдодии тоҷикон мубаддал сохтааст.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки амали хайри анҷомдодаи ин устои саховатманду гулдаст беҳтарин тӯҳфа ҳам барои мардуми диёраш ва ҳам ба ҷашни озодиву истиқлоли Ватанамон мебошад.
Мардуми сарбаланди тоҷик табиатан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдкор, заҳматпешаву ободгар мебошад ва таҷлили ҳар як санаву ҷашни милливу давлатиро бо дастовези арзандаву рӯҳияи идона истиқбол мегирад, ки чорабинии имрӯзаи мо далели он мебошад.
Дар соли таҷлили пуршарафтарин иди тоҷикон - бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон месазад, ки дар бораи абармардони асили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанд сухан гӯему номи неки рафтагонро ба ёд орем. Зеро ноҳия баробари азимтарин воҳиди маъмуриву ҳудудии вилояту кишвар буданаш, ҳамзамон сарзаминест, ки ба тараққиёти  мамлакат, таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии он саҳми калон дорад.
Вақте ки дар бораи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сухан меронанд, дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат ба ду сабаб номи онро бо эҳтиром ба забон мегиранд: аввалан барои он, ки мардуми деҳоти собиқ ноҳияи Хуҷанд дар заҳматписандӣ ва ҳимматбаландӣ беҳамто буда, баъдан ин диёр зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки хизмати ӯ дар рушди худшиносии миллӣ ва пойдории давлати тоҷикон бебаҳост.
 Чунин шараф ба ҳар кас насиб намегардад, ки бузургтарин шахсиятҳои миллат фарзандони барҷастаи хоку оби он хонда шаванд, чунонки Бобоҷон Ғафуров бо ин ном шарафёб гардидааст.
 Дар ҳақиқат ҳам ин ноҳияи номдор зодгоҳ ва пойгоҳи ташаккулёбии шахсиятҳои фарзонаи миллати тоҷик мебошад. Танҳо ном гирифтани аллома Бобоҷон Ғафуров, арбобони давлативу сиёсӣ Турсунбой Улҷабоев, Раҳмон Набиев, Рифъат Ҳоҷиев, Раҳбар Қосимов, деҳқонони забардаст Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Пӯлод Бобокалонов, Орифбой Неъматов, Дадобой Холматов, адибон Тоҷӣ Усмон, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Раҳимбой Раҳматов, Фатҳулло Аҳмадов ва ҳунармандону санъатварони номии диёр басанда аст, ки саҳми ноҳияро дар рушду камоли иқтисодиёту сиёсат ва илму фарҳанг дарк намоем.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар паҳнои олам бо эҷодкориву созандагӣ аз азал сазовори мақом ва эҳтиром буд ва имрӯз ҳам ин рисолатро идома медиҳад. Маҳз ҳамин ҳунари воло ва қобилияти камназири созандагии миллати тоҷик саҳифаҳои таърихро пурраву рангин намуда, осори ҳунармандони миллат дар арсаи олам чун муаррифгари фарҳангу маданият ва таърихи пурғановати мо хизмат мекунанд. Оламиён маҳз аз рӯи ҳамин осор ба фарҳангу тамаддуни мо баҳо медиҳанд, ки ин албатта, боиси ифтихори ҳар кадоми мо мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
 Истиқлолияти давлатӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолияти давлатӣ рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Бо амри тақдир халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат шуда, ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ оғоз намуд.
 Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошанд.
Дар даврони бист соли истиқлолият дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  пешравии ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, таъмини истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, азнавсозии истеҳсолот вобаста ба талаботи замон, бунёди корхонаҳои нави дорои технологияҳои навтарин, ба назар мерасад.
Аз ҷумла, дар давоми солҳои охир 3 корхонаи нави саноатӣ - ҷамъиятҳои саҳомии "Қалъа", "Экстра Де Люкс" ва "Комрон Агро Холдинг" сохта ба истифода дода шуд, ки дар онҳо ба миқдори беш аз 630 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. Умуман дар даврони соҳибистиқлолӣ   дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ  сохта, ба истифода дода шудааст. 
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мунтазам зиёд мегардад. Тайи даҳ соли охир истеҳсоли ғалладонагӣ - 120 фоиз, сабзавот - 2 баробар,  картошка - 7,2, полезӣ - 6,  маҳсулоти чорво ва паранда аз 2 то  4,5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар давоми истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 22 муассисаи томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  89 мактаби таҳсилоти умумӣ ва  23 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 60 ҳазор нафар хонанда таҳсил мекунад ва ба онҳо 4175 нафар омӯзгору мураббия таълим медиҳад.
Тибқи квотаи Президентӣ дар давоми даҳ соли охир аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 101 нафар, аз ҷумла 64 нафар духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки як қисми онҳо мактабҳои олиро хатм карда, имрӯз дар муассисаву сохторҳои гуногун машғули кор мебошанд.
Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ оид ба таҷдиди соҳаи маориф, барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди роҳи автомобилгарди "Душанбе - Чанак", идоракунии захираҳои оби водии Фарғона ва оид ба сиҳатии аҳолӣ амалӣ гардида истодааст. Инчунин дар доираи созишномаҳои нави сармоягузории давлатӣ вақтҳои наздик татбиқи боз ду лоиҳаи нав оид ба беҳтар намудани обтаъминкунии аҳолӣ ва кам кардани талафоти нерӯи барқ бо маблағи умумии қариб 45 миллион сомонӣ оғоз мегардад.
Дар маҷмӯъ дар муддати солҳои 1991-2010 ва шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузориҳои аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмони асосии ноҳия равонашуда қариб 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дӯстони азиз!
Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба истиқболи муқаддастарин дастоварди миллӣ - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ бо рӯҳи болидаву заҳмати созанда омодагӣ мегиранд.
Бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, нангу номуси ватандориву ватандӯстӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ вазифа ва қарзи ҳар як сокини огоҳу солимфикри мамлакат мебошад.
 Итминон дорам, ки мардуми соҳибмаърифату ҳимматбаланд ва заҳматқарину саховатпешаи Хистеварзи бостонӣ низ дар роҳи татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон чун ҳарвақта ва ҳатто беш аз ҳар вақти дигар саъю кӯшиш карда, дар шукуфоиву ободии кишвари маҳбубу биҳиштосоямон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар ҷашни бузурги озодии Ватан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чойхонаи миллиро барои шумо - хистеварзиён ва мардуми ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муборакбод мегӯям.
Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3583
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед