logo

сафарҳо

Қаноатмандии Сарвари давлат

Нимаи дуюми рӯзи 5 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба корхонаи муштараки  Алфапети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда,  ба фаъолияти коргоҳҳои он аз наздик шинос шуд.
Дар ин корхона Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 11 намуд аст, мароқ зоҳир намуда, барои таъмини рақобатпазирӣ ва ташкили содироти он маслиҳатҳои муфид дод.
 Ҳоло дар ин коргоҳи истеҳсолӣ, ки асосан ба истеҳсоли зарфҳои нимтайёри пластикӣ машғул аст, 53 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гаштааст. 20 нафари он барои аз худ намудани нозукиҳои ин технологияи  муосири истеҳсолӣ дар хориҷи кишвар бозомӯзӣ шудааст.

 Истеҳсолоти ин корхона, ки  бо навтарин технологияи сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, зарурати воридоти зарфҳои пластикиро аз хориҷи кишвар барҳам зад.
 Дастгоҳҳои ҳар ду хати технологӣ  аз давлатҳои аврупоӣ ба маблағи қариб 4 миллион доллари амрикоӣ ворид карда шуда, имкон фароҳам овардаанд, ки рақобатпазирӣ ва  содироти маҳсулот афзоиш дода шавад.
 Дар корхонаи муштараки Алфапет коргоҳи дигари тавлидоти қолаби дару тирезаҳои пластикӣ дар нақша гирифта шудааст, ки  баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он боз  50 нафари дигар бо шуғли доимӣ фаро гирифта хоҳад шуд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда 4 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр  дар намуди профили дару тирезаҳои пластикӣ мебошад. Ин маҳсулот низ  метавонад моли содиротӣ гардад.
 Маҳсулоти корхонаи Алфапет тибқи дархости фармоишгарон бо навиштаҷоти ном ва маълумоти суроғавии корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ тавлид мегардад.
 Дар саҳни корхонаи муштараки Алфапет 21 корхонаи саноатии вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маъраз гузоштанд. Тавре зикр гардид, дар зарфи 2 соли охир дар вилоят 209 корхонаи нави саноатӣ ба кор дароварда шудааст. 41-тои он дар 6 моҳи соли равон бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ дода шуд, то охири соли равон шумораи корхонаҳои нави хурду бузурги саноатӣ ба 60 расида, дар онҳо қариб 3 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
 Иттилоъ дода шуд, ки онҳо дар афзун намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят нақши намоён доранд. Дар қаламрави вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳи соли равон ба 962 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш ба ҳамин давраи соли гузашта 24,5% - ро ташкил дод, ки ин 189 миллион сомонӣ зиёд аст.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз кори босамари минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва корхонаҳои дигари саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли лампаҳои каммасраф, батареяҳои офтобӣ, коркарди меваю сабзавот, пашм, пӯст, сангҳои ороишӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ кард.
 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамзамон таъкид дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатиро бо истифода аз технологияи навтарин ба роҳ монда, ҳар чи бештар ба сифат ва рақобатпазирии маҳсулот таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд, то ки ба ин васила ба  бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфта, боиси болобарии иқтидори содиротии кишвар  гарданд.
 Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки ин нишондиҳандаҳо нишонаи дастгирии васеи давлатӣ аз соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, мебошад.
Дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Маркази саломатии деҳоти ин ҷамоат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, лентаи рамзиро бурида, иншооти мазкурро тӯҳфаи идона ба табибон ва аҳолии ҷамоат унвон кард. Маркази саломатии деҳоти Хистеварз  ба 28 ҳазор аҳолии ин ҷамоат хизмат хоҳад расонд. Хабар дода шуд, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазсозии ин маркази саломатӣ 2,6 миллион сомонӣ сарф шудааст ва он бо пешрафтатарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мебошад. Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгашта Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Бояд зикр намуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин марказ мушкили бошандагони ҷамоат дар самти хизматрасонии тиббӣ осон гардид ва барои фаъолият дар ин муассисаи тандурустӣ беҳтарин мутахассисон ҷалб шудаанд.  Ба иттилои табибон, дар ин маркази саломатӣ, ки аз ду ошёна ва 23  ҳуҷраи муоинаю муолиҷа иборат мебошад, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ташхиси клиникиву биохимиявӣ, ултрасадо, дандонпизишкӣ, сабти барқии дил ва ғайра фаъол кунонда шудаанд.
 Баъд аз шиносоӣ бо ҳуҷраҳои табобатӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди намояндагони соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона ба мардум ҳидоят намуд. Сарвари давлат табибонро бо арафаи ҷашни муқаддасу пурифтихор -20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Дар  маркази Ҷамоати    деҳоти Хистеварзи  ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз Муассисаи таълимии ҳунарҳои миллӣ дидан карда, бо фаъолияти таълимию истеҳсолии шогирдону устодони он аз наздик шинос шуд.
Мавриди зикр аст, ки   муассисаи таълимии мазкур бо ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба хотири  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва талқини суннатҳои пурифтихори  ниёгон ба ҷавонони имрӯза аз ҷониби  соҳибкори маҳаллӣ Комилҷон Зуҳуров дар давоми  чор моҳ сирф  бо усули миллӣ  ва бо сифати аъло бунёд гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни боздид аз маркази таълимӣ,  ки аз бист утоқи  омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ иборат аст, ба устодону шогирдони ин муассисаи таълимӣ-истеҳсолӣ барои эҳё ва муаррифии анъанаҳои шӯҳратманди бостонии миллати тоҷик маслиҳатҳои судманд дод.
 Дар ин марказ беш аз бист нафар устод ба 250 шогирд, ки ҳама духтару писари ҷавони маҳаллӣ мебошанд, нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили  кандакорӣ, гулдузию зардӯзӣ, челонгарӣ, чеварӣ, рассомию наққошӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ ва ғайра дар маҷмӯъ 30 намуди касбу ҳунарро  меомӯзонад. Баъди ду соли таълим ва таҷрибаомӯзӣ ба шогирдон шаҳодатнома доир ба хатми мактаб дода мешавад.
 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, иброз дошт, ки ин муассисаи таълимиро метавон осорхонаи этнографӣ номид, зеро ки дар он намунаҳои аксари ҳунарҳои зебои бостонию муосири тоҷикон эҳё гардида, ба дӯстдорону қадршиносони ҳунарҳои воло пешкаш мешавад.
 Мавриди зикр аст, ки дар ин маркази таълимӣ теъдоди муайяни сокинони маҳаллӣ  ҳам ҳунар меомӯзанд ва ҳам бо кор ва маоши то 800 сомонӣ таъмин гардидаанд. Гузашта аз ин, бо ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, роҳбарияти марказ ӯҳдадор шуд, ки  аз моҳи сентябри соли равон музди  заҳмати онҳоро ба истиқболи 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 40% зиёд намояд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар ин мавзеъ ҳамчунин як чойхонаи боҳашаматро, ки бо тарҳи меъмории қадимию муосир аз ҷониби соҳибкор ва устои маъруфи ин маҳал Комилҷон Зуҳуров бунёд   ёфтааст, ифтитоҳ намуд. Чойхонаи мазкур  дар масоҳати   беш аз якуним гектар аз ҷониби  устоҳои чирадасти  хистеварзӣ   дар зарфи 10 моҳ бунёд ёфтааст. Дар сохтмону ороиши он 800 нафар сокини маҳаллӣ бо кор  ва маоши хуб таъмин шудааст. Баъди пурра ба кор даромаданаш беш аз 100 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад. Сарвари давлат ба сифати меъмории чойхона, ки дорои 1000 ҷойи нишаст аст, баҳои баланд дода, ба соҳибкори маҳаллӣ Комилҷон Зуҳуров барои дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар арзи сипос намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2031
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед