logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, дар шаҳри Хуҷанд, 6 августи соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Гузашти айём моро ба ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини таърихи навини халқамон мебошад, наздик мебарад. Чанд сол аст, ки мардуми шарифи кишвар ба ин ҷашн омодагӣ мебинанд ва тамоми кӯшишу ғайрати худро барои истиқболи арзандаи ин санаи муборак ва муқаддаси таърихӣ сафарбар менамоянд.
 Чунонки борҳо изҳор дошта будам, омодагӣ ба истиқболи ҳама гуна ҷашну маърака бояд ба ободиву пешравии шаҳру ноҳияҳо ва умуман кишвар мусоидат намояд. Зеро ҷашн дар навбати аввал таҳлили роҳи тайшуда ва баррасии   корҳои басомонрасида мебошад. Яъне чорабиниҳои ҷашнӣ имконият медиҳанд, ки гузаштаро ҷамъбаст намуда, барои рушду ободии оянда замина гузошта шавад.
Имрӯз рӯҳи идона ва шукӯҳи тантанаву фараҳ фазои диёрамонро фаро гирифтааст ва мардум бо шукргузорӣ аз вазъи орому осудаи ҷомеаи Тоҷикистон барои ба як кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил додани Ватани азизи худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки дар соли таърихии ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мардуми заҳматқарини вилояти Суғд дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми назаррас гузошта истодаанд. Ва мо натиҷаҳои заҳмати созандаи мардуми вилоятро дар давоми чор рӯзи сафари кории худ бараъло мушоҳида мекунем.
Бо истифода аз фурсат тамоми мардуми вилоятро ба ифтихори ҷашни озодиву истиқлоли Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси он барои заҳмати софдилона ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон изҳори сипос менамоям.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳадафҳои стратегии худро ҷиҳати рушду тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии  ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушаххас намуда, инҳоро марҳала ба марҳала татбиқ карда истодааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд ба  дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Аз соли 1995 то инҷониб аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти вилояти Суғд   7 миллиарду 110 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншооти гуногун равона гардидааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби Фонди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо беш аз 480 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ҳамзамон бо ин ба оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд ба маблағи 94 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шудааст.
Танҳо дар давоми даҳ соли охир маблағҳои буҷети вилоят 13,5 баробар афзоиш ёфта, аз 34 миллион сомонӣ дар соли 2001 то ба 464 миллион сомонӣ дар соли 2010 расидааст.
Ҳамчунин, дар даҳ соли охир дар вилоят ба маблағи зиёда аз 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ сармоягузориҳои асосӣ азхуд карда шуда, ба маблағи беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд. Дар ин давра қариб 3,8 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дар давраи истиқлолият дар вилоят танҳо маблағи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ зиёда аз 4,2 миллиард сомониро  ташкил додааст. Ҳоло дар вилояти Суғд 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин, тибқи созишномаҳои нави сармоягузориҳои давлатӣ дар вилоят дар мӯҳлатҳои наздик татбиқи боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии беш аз 370 миллион сомонӣ оғоз мегардад.
Иқтисодиёти имрӯзаи вилоят зиёда аз 100 соҳаву навъи истеҳсолотро дарбар гирифта, дар натиҷаи андешидани силсилаи тадбиру чорабиниҳо маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят соли 2010 ба 5,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2000-ум 12 баробар зиёд мебошад.
Дар вилоят аз соли 1996 пастравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ боздошта шуда, дар баробари иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда як қатор корхонаҳои нав бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тадриҷан ба кор дароварда шуданд, ки дар натиҷа рушди бемайлони истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят таъмин гардид. Ҳамин тавр, дар вилоят шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 132 адад дар соли 1995 то ба 253 адад дар соли 2010 зиёд шудааст.
Дар баробари ин, мову шумо хуб медонем, ки дар вилоят имконияту иқтидорҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Бинобар ин, ҳарчи зудтар ва пурра ба кор андохтани ҳамаи иқтидорҳои истеҳсолии саноатӣ ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин вазорату идораҳои дахлдор мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикии кишварро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор додааст. Дар ин самт масъалаҳои таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, кашидани хатҳои интиқоли барқ ва сохтмони иқтидорҳои нави хурду бузурги истеҳсоли нерӯи барқ пайваста мавриди чораҷӯии давлат ва Ҳукумат қарор доранд.
Маҳз дар охири соли 2009 пурра ба кор андохтани хатти интиқоли барқи баландшиддати "Ҷануб - Шимол" буд, ки вилояти Суғд ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар пайванд гардид ва ин амали саривақтӣ вобастагии онро аз барқи воридотӣ паст намуда, дар оянда барои таъминоти пурраи аҳолӣ ва ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят бо нерӯи барқ заминаи устувор гузошт. Ҳоло дар вилояти Суғд тибқи барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар давраи солҳои 2009-2020 сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои хурд идома дорад. Дар маҷмӯъ агар то имрӯз дар кишвар 249 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта шуда бошад, аз ин шумора 81 адад ба вилояти Суғд рост меояд.
Дӯстони азиз!
Дар натиҷаи татбиқи босамари барномаҳои ислоҳоти сохториву таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дастгирии рушди соҳибкорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар  вилоят сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.
Танҳо дар соли 2010 ба маблағи  беш аз 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2000-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соли 2010 истеҳсоли ғалладонагиҳо 266 ҳазор тонна, сабзавот 330 ҳазор, картошка 286 ҳазор, полезӣ 63 ҳазор, мева ва ангур қариб 100 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин рақамҳо дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2000-ум аз 2 то  4 баробар зиёд мебошанд.
Ҳамасола дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, ҳазорҳо гектар заминҳои нав азхуд гардида, ба боғу майдонҳои кишт табдил ёфта истодаанд.
Вобаста ба мавзӯъ бори дигар хотирнишон месозам, ки афзоиши табиии аҳолӣ, болоравии нархҳои сӯзишвориву маводи озуқа дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки бо роҳи истифодаи пурраву самараноки обу замин, инчунин тавассути кишти такрорӣ  гирифтани ду ва се ҳосилро ба роҳ монда, ба ин васила фаровонии бозорҳову арзонии нархҳоро таъмин намоем ва барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар заминаи воқеиву устувор гузорем.
Ҳамватанони азиз!
Дар давоми солҳои истиқлолият давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоиву иқтисодӣ дар самти раҳоӣ додани кишвар ва вилояти Суғд аз бунбасти коммуникатсионӣ бисёр корҳои муҳиму аввалиндараҷаро ба анҷом расонид. Таҷдиду азнавсозии беш аз 354 километр роҳи мошингарди Душанбе -Хуҷанд-Чанак, сохтмони пулҳои калон дар ин роҳи мошингард, корҳои азими бунёди нақби Истиқлол дар ағбаи Анзоб, идомаи босуръати нақбканӣ дар ағбаи Шаҳристон ва таъмиру азнавсозии  роҳҳои ҳудуди вилоят ба мо имкон доданд, ки робитаи нақлиётии вилоятро бо дигар манотиқи кишвар дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем. Ҳоло корҳои сохтмони нақби Шаҳристон босуръат идома дошта, мо ният дорем, ки онро дар мӯҳлатҳои наздиктарин мавриди истифода қарор диҳем.
Дар давоми солҳои истиқлолият дар ҳамаи бахшҳои иҷтимоии вилоят, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва фарҳанг пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар ин давра барои қариб 60 ҳазор ҷойи нишаст мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Нишондиҳандаҳои зикршуда ва сатҳи омодагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бори дигар собит менамоянд, ки заҳматкашони вилоят дар баробари кулли ҳамватанони худ барои ободии Ватан, таҳкими иқтидори иқтисодии он ва рушди иҷтимоиву фарҳангии мамлакат мисли ҳарвақта саъю талош доранд ва омодаанд, ки диёри худро боз ҳам ободу зебо намоянд.
Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҷонибдории самимонаи худро аз сиёсати ояндасози давлат ва ҳадафҳои олии давлатдории миллиамон бо кору фаъолияти созанда нишон медиҳанд, азизу муқаддас будани истиқлолиятро дарк менамоянд ва ҳифзу гиромидошти онро вазифаи ҷонии хеш медонанд.
 Ҳамин аст, ки дар вилоят ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ бунёди зиёда аз 200 иншоот ба нақша гирифта, қисми зиёди онҳо бо сифати баланд ва тарҳи зебо аллакай ба истифода супорида шудаанд. Аз ҷумла, ҳангоми сафари кории Роҳбари давлат дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи имсола силсилаи корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин корхонаҳо бо имкониятҳои иқтисодӣ, истифодаи технологияи замонавӣ ва шумораи  ҷойҳои кории ташкилшуда имрӯз дар ҳаёти иқтисодии мамлакат саҳми худро гузошта истодаанд.
 Имрӯз дар ин майдон, ки муҷассамаи пурҳашамати шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории ниёгони  сарбаланди мо қомат рост карда, силсилаи фаввораҳо ва ҳавзи шиноварӣ ба он шукӯҳ ва ҷалоли хоса мебахшад, мо бори дигар аз истиқлолият шукргузорӣ мекунем, зеро маҳз истиқлолият буд, ки мо    худро шинохтем, решаҳои таърихии миллатамонро дарёфта, онро ба ҳофизаи мардум ҷойгир намудем. Гузашта аз ин, истиқлолият рисолати созандагиву бунёдкоронаи халқи тоҷикро эҳё ва тақвият бахшид.
Исмоили Сомонӣ ҳамчун поягузори яке аз аввалин давлатҳои мутамаркази тоҷикон дар қатори чеҳраҳои ҷовидонии таърихи халқи мо мақоми хоса дорад. Давлати асосгузоштаи ӯ аз камтарин давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки бар фарози он парчами адлу инсоф, таҳаммулгароӣ ва фарҳангсолорӣ парафшонӣ мекард.
Ман ба мардуми вилояти Суғд аҳсан мегӯям, ки бо қадршиносӣ аз шоҳ Исмоили Сомонӣ чунин майдони зебову пурҷалоли мувофиқ ба шӯҳрату мақоми ӯро бунёд намудаанд. Пешниҳод менамоям, ки ин майдон минбаъд ба номи ин абармарди сиёсат номгузорӣ шавад ва то абад ба ҳар фарди диёр саҳифаҳои таърихи ибратомӯзи халқамонро хотиррасон намояд.
Умуман, майдони мазкур бо варзишгоҳи "20-солагии истиқлолияти давлатӣ", ҳавзи шиноварии пӯшида ва Қасри варзиш, ки соли оянда ба истифода дода мешавад, симои меъмории шаҳри Хуҷандро хеле зебову дилрабо гардонида, минбаъд ба маркази фароғати аҳолӣ табдил меёбад.  Ин хеле хуб аст, зеро таъмини зиндагии бофароғат барои ҳар як шаҳрванд ҳадафи давлату Ҳукумати мо аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз аст ва барои амалӣ намудани ин ҳадаф мо тамоми чораҳоро меандешем.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон созам. Дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси ибтидои солҳои навадум ҳангоми иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон вилояти Суғд ба маркази сарҷамъии халқи тоҷик, қабули қарорҳои сарнавиштсоз ва оғозгоҳи сулҳу оштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон табдил ёфта буд ва мардуми  солору сарбаланди он дар ин раванд нақши бисёр арзишманд бозиданд.
Ман аз дастгирии солимонаи шумо ҳангоми нав ба вазифаи пурмасъулияти Сарвари давлат интихоб шуданам ҳамеша сипосгузорам ва савганди дар қасри номдори Арбоб ёдкардаи худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам.
Дӯстони азиз!
Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат дар назди ҳар яки мо - пиру барно, заҳматкаши одиву роҳбари масъул иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихорро гузоштааст, ки аслу ҷавҳари он бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва таҳкими аркони давлатдории муосири тоҷикон мебошад.
Тӯли  солҳои  истиқлолият бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем. Корҳои азими бунёдкориву созандагиро ба анҷом расонидем, вале корҳои аз он ҳам азимтар дар пешанд.
Ва ман дар ин лаҳзаҳои истиқболи ҷашни бузурги миллиамон дилпурона изҳор медорам, ки мардуми бонангу номус ва сарбаланди вилояти Суғд мисли тамоми халқи кишварамон барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва нерӯи бунёдкориашонро минбаъд низ дареғ намедоранд ва диёри худро, ки гӯшаи бисёр дилкаши Ватани азизамон - Тоҷикистон мебошад, ба як мулки боз ҳам ободу пешрафта табдил медиҳанд.
Бори дигар хурду бузурги вилояти номдори Суғд - фарзандони суғдиёни номдору некном ва ҳар кадоми шумо - ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни сарнавиштсози халқи Тоҷикистон, инчунин ифтитоҳи ин рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи пурҷалоли миллатамон - муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони сазовор ба номи ӯ самимона табрик гуфта, ба шумо тани сиҳат, хонаи обод, дастурхони пурфайз ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон фатҳу нусратҳои нав орзумандам.
Ҳамеша шоду пирӯз ва хонаободу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3245
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед