сафарҳо
Муҷассамаи шоҳ
Исмоили Сомонӣ - ифтихори
шаҳри Хуҷанд
6 август сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нахуст ба Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як муассисаи нави истироҳатӣ ва солимгардонии наврасону ҷавонон иштирок намуд.
Тавре зикр гардид, ин иншоот дар зарфи қариб 4 соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, барои истироҳату фароғат ва машқу тамринҳои таълимию варзишии мактаббачагони хушлаёқат аз тамоми гӯшаҳои кишвар пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур дорои бинои маъмурӣ, 6 бинои хобгоҳ бо 240 кати хоб, утоқҳои табобатӣ, ошхона, толори намоиши кино, амфитеатр, ҳавзҳои муҷаҳҳазу ҳозирзамони шиноварӣ, корти теннис, майдонҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол, волейбол, баскетбол, пайконзанӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва майдончаҳои бозиҳои гуногун барои хурдсолон мебошад.
Тамоми толору майдонҳои варзишӣ бо шароити мувофиқ ба талаботи машқу тамрини варзишгарони касбии сатҳи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Аз ҷумла ҳавзи болопӯшидаи даруни толор, ки обаш гарм карда мешавад ва ҳам ҳавзи тобистонаи воқеъ дар майдони варзишӣ ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошанд.
Аснои боздид Сарвари давлат дар синфу толорҳои дарсӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ бо мактаббачагони хушлаёқат ва варзишгарони наврас, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҷойҳои намоён сазовор гардидаанд, сӯҳбатҳои ҷолиб анҷом дод.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз бунёди чунин иншоот ва ғамхорӣ ба кӯдакону наврасон изҳори хушнудӣ карда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароғати насли ояндаи кишвар ба масъулон ҳидоятҳои муфид дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки катҳои дуқабатаи хоб оварда, шумораи истироҳаткунандагонро дар як баст аз 240 ба 480 нафар расонанд. Тавре зикр гардид, ҳудуди васеи истироҳатгоҳ ва биноҳои сершумори он барои зиёд намудани шумораи истироҳаткунандагон имкон медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда сохтмони марҳилаи дуюми биноҳои истироҳатгоҳро оғоз бахшид.
Зимни суханронии табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, иттилоъ дод, ки минбаъд дар ин ҷо барои истироҳат ва машқу тамринҳои таълимию варзишии 1000 нафар дар як баст шароит муҳайё мегардад. Дар ин ҷо ҳамчунин як бинои таълимӣ барои дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои гуногуни хонандагон ва омодагӣ дидани онҳо ба олимпиадаҳои мактабӣ бунёд меёбад.
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, нахуст як маҷмааи варзиши обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чунонки аён гардид, иншооти мазкур аз 3 ҳавзи болопӯшида иборат аст.
Дарозию паҳноии ҳавзи калон 50х21 ва аз ду ҳавзи хурд, ки барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, 25х12 мебошад. Дар қабати дуюми ду паҳлуи толори калони ҳавзи шиноварӣ барои 1000 нафар тамошобинон ҷойҳои нишаст омода гаштаанд. Шароити дар ин ҷо муҳайёгашта барои гузарондани бисёр намуди мусобиқаҳои варзиши шиноварӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқ аст.
Оби ҳавзҳо бо таҷҳизоти махсуси муосир гарм карда шуда, пайваста тоза нигоҳ дошта мешавад. Дар фасли зимистон фарши толорҳо бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ гарм мешавад.
Дар ошёнаи якуми маҷмаа ҳаммом бо ду толори алоҳида барои занон ва мардон ҷойгир шудааст.
Маҷмааи мазкур ҳамчунин дорои толори бозии сақозанӣ ё худ билярд ва утоқҳои масҳи бадан ва дигар амалиёти солимгардонӣ мебошад.
Бегоҳии рӯз дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости Сирдарё ба истиқболи солгарди 20 - уми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, пайкараи бошукӯҳи асосгузори давлати бузурги тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар суханронии табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз ҷумла зикр гардид, ки пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ороишоти атрофи он дар зарфи як соли охир аз ҷониби ширкатҳои меъморию сохтмонии ватанӣ бунёд ёфтааст.
Ин пайкараи зебо офаридаи ҳайкалтарош ва гудозгари бадеӣ Мансур Ҳоҷибоев буда, аз металли ранга сохта шудааст. Баландии худи пайкара 13 метр ва бо таҳкурсиаш 27 метр мебошад.
Нишони дасти шоҳ Исмоили Сомонӣ ва тоҷи сараш бо оби тилло рӯпӯш гардидааст.
Маълумоти деворнигораҳои ду паҳлӯи зинапояҳо ва 4 паҳлӯи таҳкурсии пайкара аз ташкилёбӣ ва таърихи давлати Сомониён мухтасар ҳикоят мекунанд.
Дар атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ 5 фавораи гуногун бо ҳамсадоии мусиқии форам кор мекунад. Чароғҳои рангоранги рӯшноидиҳанда, зинапояҳои зебо ва сабзаю кабудизор аз ҷумлаи ороишоти атрофи пайкара мебошанд.
Дар майдони назди пайкараи навбунёди Исмоили Сомонӣ, ки ба мавзеи зебою дилкаши сайру тамошо табдил ёфтааст, ба истиқболи 20 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи ин макони ифтихорафзо базму тараби бошукӯҳи идона ороста шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2241