logo

сафарҳо

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб

8 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнӣ, оғози сохтмони иншооти нави дигар ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард.
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз шаҳри Кӯлоб бо зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт.
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар нахуст дар маҳаллаи навбунёди Ваҳдат бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 бо 240 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо омода гаштани ин бино шумораи ҷойҳои нишасти мактаб ба 1050 расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки маҳаллаи Ваҳдат бо кӯмаки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ дар як муддати кӯтоҳ барои қариб 800 оилаи бар асари сели пурдаҳшати моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмонда бунёд гардида буд.
Худи ҳамин рӯз дар ин маҳалла боз ду мактаби дигар ба истифода дода шуд, яке барои 970 хонанда дар ду баст ва дувумӣ барои 2400 кас дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Яке аз онҳо мактаби дуошёнаи рақами 27 аст, ки дар зарфи 30 соли охир ба хотири валангору садамавӣ буданаш аз истифода  боз  монда  буд.  Ин  мактаб бо ғамхории Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар муддати кӯтоҳ тармиму навсозӣ шуд. Дар натиҷа мактаб дорои шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфҳои компютерӣ ва ҳам ҳунаромӯзӣ гардид.
Ифтитоҳи мактаби сеюм, ки дар биноҳои зебою замонавии ду ва сеошёнаи нав ҷойгир шудааст,  боиси шодию нишоти бепоён ва сипосгузории мардуми маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Кӯлоб гардид, зеро ин боргоҳи илму маърифат дорои навтарин шароити таълиму тадрис мебошад.
Дар саҳни ин мактаб Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфт ва барои рафъи як зумра мушкилу монеаҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то якуми сентябри соли равон бо дастрас намудани 700 компютер нишондодҳои барномаи компютеркунонии мактабҳо дар шаҳри Кӯлоб пурра таъмин карда шавад.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар мавзеи бунёди Мактаб-интернати президентӣ, ки барои 1280 хонандаи хушлаёқат дар ду баст пешбинӣ шудааст, санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ин муассисаи таълимӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, он аз бинои сеошёнаи таълимӣ, хобгоҳ барои 400 нафар хонанда, ду бинои 9 - ошёнаи истиқоматӣ бо 60 хона барои омӯзгорон дар майдони 6 гектар дар зарфи ду соли оянда бунёд меёбад.
Мактаб-интернати президентӣ дорои синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст, толори бузурги варзишӣ дарозию паҳноияш мутаносибан 48 ба 30 метр бо 500 ҷойи нишаст барои тамошобинон, ва ҳамчунин дигар шароити навтарини таълиму тарбияи насли наврас хоҳад буд.
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ифтитоҳ ёфтани  2 бинои нав дар Коллеҷи омӯзгорӣ, ки дорои шароити муосири таълиму тадрис ва таҷрибаомӯзии касбӣ мебошанд, боиси хушнудию сипоси аҳли илму маърифати шаҳри Кӯлоб гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, биноҳои нави Коллеҷи омӯзгорӣ дорои 19 синфхона ва 450 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Биноҳои мазкур бо харҷи 6 миллион сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз кард, ки дар он 600 нафар зану духтари маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин гардид.
Тавре Сарвари давлат иброз дошт, кори пурмаҳсули чунин корхонаҳо имкон медиҳад, ки  воридоти сарулибоси кормандони низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва либосҳои кории дигар вазорату идора ва корхонаҳо аз хориҷи кишвар кам карда шавад. "Ба ин тартиби кор ҳам асъори хориҷӣ ба берун намеравад, ҳам ҷойҳои корӣ муҳайё мегардад ва ҳам даромади буҷетҳои маҳаллӣ афзун мешавад", таъкид дошт Президенти кишвар.
Чунонки зикр гардид, талабот дар бозори дохили кишвар ба маҳсулоти ин корхона, ки аз матоъҳои хушсифат ва тарҳи дилхоҳи мизоҷон дӯхта мешавад, хеле зиёд аст.
 Роҳбарияти корхонаи дӯзандагӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, бо ҳидояти Сарвари давлат ӯҳдадор шуд, ки то охири соли равон як коргоҳи дӯхти пойафзол кушода, дар он 300 нафарро бо кор таъмин намояд. Онҳо бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамчунин қавл доданд, ки соли оянда боз як коргоҳи истеҳсоли макарон бунёд намуда, дар он 150 нафарро ба кор қабул мекунанд.
Дар қисмати болоии оби Тебалай берун аз шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди як обанбори бузург оғоз бахшид.
Тавре таъкид гардид ин обанбор барои оби боронҳои сел пешбинӣ шуда, ба нафъи мардум истифода хоҳад шуд.
Баландии садди обанбор 45 метр ва паҳноияш 750 метр мешавад. Ин обанбор дар майдони 65-70  гектар доман паҳн намуда, имкон дорад, ки 14 миллион метри мукааб обро дар худ нигоҳ дорад.
Оянда баробари баҳрабардорӣ қарор гирифтан аз ин обанбор шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ ва ҳам бо оби кишоварзӣ таъмин гардида мардуми шаҳр аз хатари обхезиҳо эмин мемонанд ва ҳам мушкили таъмини оби нӯшокию обёри заминҳои кишт бартараф мешавад.
Тавре Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зикр намуд, дар ояндаи наздик шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб нав карда мешвад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2114
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед