сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон ба Остона сафар кард
12 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2192