logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Мӯъминобод, 8 августи соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо мову шумо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ки ба шарофати он ҳоло мардуми мо дар шароити сулҳу суботи комил ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва осудагии ҷомеа заҳмат мекашанд.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо - сокинони меҳмоннавозу заҳматдӯсти ноҳияи Мӯъминободро ба ифтихори ин санаи сарнавиштсоз табрик гуфта, бароятон рӯзгори орому осуда,  хонаи обод, дастурхони пурфайз ва иқболи неку сарбаландӣ орзу менамоям.   
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурги халқи куҳанбунёду фарҳангии мо буда, ба ҳар яки мо бисёр азизу муқаддас аст, зеро ин рӯйдоди таърихӣ имкон фароҳам овард, ки мо - тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллии худ шавем ва тақдири Ватану сарзамини азизамонро ба дасти худамон гирем.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои ҳифзу нигаҳдории он ва таҳкими дастовардҳои ин рӯйдоди бузурги таърихӣ бо камоли масъулият ва ҳисси баланди ватандорӣ кору пайкор мекунем.
Ин ҷашни фархунда нангу номуси ватандории тамоми мардуми кишвар ва ҳар як фарди худшиносу худогоҳро тақвият бахшида, онҳоро барои ноил шудан ба дастовардҳои нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд. Ва чунон ки имрӯзҳо мебинем, сокинони тамоми гӯшаву канори мамлакат азму талош доранд, ки ин санаи муборакро бо дастовезҳои шоиставу арзанда истиқбол намоянд.
Заҳматкашони ноҳияи Мӯъминобод дар қатори тамоми  мардуми Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати бист соли соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои хеле назаррас ноил шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз барои таъмини пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Мӯъминобод, андешидани чораҳои заруриро сол то сол вусъат дода истодааст. Масалан, танҳо дар давоми солҳои 2001-2011, яъне дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Мӯъминобод қариб 120 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои ҳалли масъалаву проблемаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншооти таъиноти гуногун, роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия равона карда шудааст.
Бо истифода аз ин маблағҳо дар ноҳия то имрӯз қариб 200 иншоот бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, сохтмони боз 17 иншооти дигар идома дорад.
Ҳамзамон бо ин, мувофиқи созишномаҳои нави сармоягузории давлатӣ дар ноҳияи Мӯъминобод лоиҳаи беҳсозии обтаъминкунии аҳолӣ ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ тасдиқ шуда, татбиқи он вақтҳои наздик оғоз мегардад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушди маънавии насли наврас, пешрафти илму маориф, ҳалли масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои саводу донишомӯзии онҳо пайваста ғамхорӣ мекунад.
Бо ин мақсад, дар ноҳияи Мӯъминобод дар давраи истиқлолият илова ба бунёди бинои нави шӯъбаи маориф 14 мактаби нав ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода, 16 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи озуқа, бахусус ғалла ва орд, ки бар асари он ҳоло даҳҳо миллион нафарро дар мамлакатҳои дунё хатари гуруснагӣ ва камбудии шадиди маҳсулоти озуқаворӣ таҳдид дорад, мову шуморо вазифадор месозад, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзиро рӯз то рӯз густариш бахшем, аз сарватҳои худодод, яъне оби фаровон, замини ҳосилхез ва ҳавои мусоид ҳарчи пурраву самаранок истифода барем ва бозори истеъмолии мамлакатамонро бо молу маводи худӣ таъмин намоем.
Аз ин лиҳоз, як масъаларо, ки борҳо таъкид кардаам, имрӯз дар ҳузури шумо бори дигар таъкид менамоям, ки мо амнияти озуқавории мамлакатро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро торафт зиёд намуда, ба он муваффақ шавем, ки вобастагии аҳолии кишварро аз маводи ғизоии воридотӣ ҳарчи камтар созем.
Бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, хусусан дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти худӣ солҳои охир бо супориши Ҳукумат қарздиҳии хурд  босуръат афзоиш ёфта истодааст. Масалан, танҳо дар соли 2010 бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар ноҳияи Мӯъминобод беш аз 6 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2005 қариб 3 баробар зиёд мебошад. 
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳия ба масъалаи тараққӣ додани соҳаи боғу токпарварӣ ва иҷрои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи "Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010" диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Бо мақсади иҷрои барнома кишоварзони ноҳия то имрӯз 293 гектар боғ ва 12 гектар токзори нав ташкил карданд. Умуман, майдони боғу токзорҳо аз 2250 гектари соли 2002 ба 3010 гектар дар соли 2010 расонида шудааст.
Ҳоло дар ноҳия 4 парваришгоҳ мавҷуд аст, ки дар онҳо ниҳолҳои ба иқлими ноҳия мутобиқ парвариш карда мешаванд.
Мо хуб медонем, ки мардуми ноҳияи Мӯъминобод дар кишварамон бештар бо маҳорат ва таҷрибаи боғу токпарварӣ шӯҳрат ёфтаанд ва дар давраҳои гузашта онҳо соле то 5 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ мекарданд. 
Чанд лаҳза пеш мо шоҳиди он гардидем, ки бо иқдоми неки соҳибкорони саховатманди ноҳия барои нигоҳ доштани 1000 тонна меваю ангури тару тоза сардхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳоло кишоварзону соҳибкорон имконият доранд, ки барои беталаф нигоҳ доштани ҳосили парваришкардаи худ аз ин сардхона истифода баранд.
Ҳадафи сиёсати давлат дар бобати ба ихтиёри соҳибони аслӣ, яъне деҳқонони асилу пуртаҷриба додани замин, пеш аз ҳама, ташкили истифодаи оқилонаву самаранок ва баланд бардоштани ҳосилнокии он мебошад.
Мо ҳоло дар заминаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ ва тафаккури нави моликиятдорӣ роҳи васеъ кушода, барои рушди бахши хусусии кишоварзӣ ҳамаи заминаҳои ҳуқуқиро  фароҳам овардаем.
Имрӯз шароити иқтисоди бозорӣ мову шуморо водор менамояд, ки ба омӯзиши талаботи бозори чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳу усулҳои эҷодкорона ва замонавиро истифода намоем.
Дар ноҳияи Мӯъминобод, ки барои зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур имконияти васеъ дорад, ба роҳ мондани коркарди саноатии он низ аз ҷумлаи корҳои пурманфиат ва даромаднок аст.
Масъалаи дигаре, ки барои таъмини талаботи мардум аҳамияти калон дорад, истеҳсоли картошкаи ватанӣ мебошад. Бояд хотиррасон намуд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Мӯъминобод дар замонҳои гузашта бо таҷрибаи зиёди худ дар парвариши картошка низ шӯҳрат доштанд ва дар ҳудуди ноҳия картошкаи баландсифат истеҳсол карда мешуд.
Дуруст аст, ки солҳои охир дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ майдони кишти картошка се баробар афзуда, аз 307 гектари соли 2002 имрӯз ба 900 гектар расонида шудааст. Вале ин нишондиҳанда нисбат ба шароиту имкониятҳои мавҷудаи ноҳия ҳанӯз ҳам кам аст.
Инчунин минбаъд низ тараққӣ додани соҳаи занбӯрпарварӣ ва истеҳсоли асали хушсифат яке аз роҳҳои муҳимтарини ба даст овардани даромади хуб ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Мӯъминобод мебошад.
Парандапарварӣ низ яке аз соҳаҳои сердаромади ноҳия мебошад. Фабрикаи парандапарварии ноҳия, ки солҳои дароз аз фаъолият бозмонда буд, ҳоло аз нав ба кор оғоз кардааст, ки имрӯз мо бо кору фаъолияти он шинос шудем. Умуман, барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ, боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулот, ташкили коркарди он ва бо ҳамин роҳ муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд. Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, инчунин Иттифоқи "Тоҷикматлубот", мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки доир ба рушди минбаъдаи соҳаи меваю токпарварӣ, картошкапарварӣ, захира кардан ва дар фасли зимистон ба дигар минтақаҳои кишвар интиқол додани он мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Чор сол мешавад, ки аҳолии мамлакат ҷашну маросимҳои худро дар доираи муқаррароти Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида, аксари мутлақи онҳо манфиати ин иқдомро дар буҷети оилаи худ дида истодаанд. Мувофиқи таҳлилҳо, қонуни танзим имкон дод, ки мардум миллиардҳо сомонӣ маблағи худро сарфа карда, онро барои таълиму тарбияи фарзандон, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва табобату истироҳати худ харҷ намоянд. Ҳоло худатон фикр кунед, ки агар мо ин ташаббусро дар вақташ амалӣ намекардем, имрӯз, яъне дар шароити бӯҳрони фарогири молиявию иқтисодӣ зиндагии ҳар як оила чандин баробар вазнинтар мешуд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар ба риояи ҳатмӣ ва бечунучарои талаботи қонуни мазкур даъват менамоям. 
Ҳаёт тақозо дорад, ки мо бояд дар ҳама бобат сарфаю сариштакор бошем. Зеро сарфаҷӯӣ имрӯз ба як масъалаи муҳими ҳаёти башарият ва ҳатто кишварҳои бисёр пешрафтаву сарватманд табдил ёфтааст. Шумо метавонед ба ҷои хароҷоти зиёдатӣ дар тӯю маъракаҳо ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷманд кӯмак расонед, дар ободии кӯчаву маҳалли зисти худ ё таъмири мактабе, ки фарзандонатон дар он мехонанд, саҳм гузоред. 
Итминон дорам, ки мардуми бофарҳанг ва бонангу номуси ноҳияи Мӯъминобод ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо ифтихор аз суннату арзишҳои миллии тоҷикон дар оянда низ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба ободии сарзамини аҷдодӣ, оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии он равона месозанд. 
Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи шумо ва кулли мардуми боғурур ва ватандӯсту ватанпарасти ноҳияи Мӯъминободро ба ифтихори ҷашни муборак ва муқаддаси 20 - умин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, ободии хонадон ва хушбахтиву барори кор орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3319
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед