logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтар, 10 августи соли 2011

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Ин лаҳзаҳо мову шумо шоҳиди боз як рӯйдоди фараҳбахш, яъне мавриди истифода қарор гирифтани мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтар ҷамъ гардидем. Ба ин муносибат ва инчунин ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, ки чанде баъд  фаро мерасад, ҳамаи   шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳияи Бохтар ва вилояти Хатлонро самимона табрик мегӯям.
 Бояд гуфт, ки халқи тоҷик  баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо талошу ҷонбозиҳо тавонист суботу оромии ҷомеа ва устувору пойдории давлати худро таъмин созад. Дар ин давра бо шарофати таҳаммулгароиву хиради азалӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, инчунин заҳмати созандаи мардуми кишвар мо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои бузург ноил шудем.
 Солҳои аввали истиқлолият, баъди он ки  оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд, Ҳукумати мамлакат дар баробари андешидани чораҳои аввалин доир ба барқарорсозии соҳаҳои фалаҷшудаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар масъалаи ба Ватан баргардонидани муҳоҷирони иҷбориро ҳамчун масъалаи аввалиндараҷаи фаъолияти худ қарор дода буд.  Зеро вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, шаҳру ноҳияҳои водии Вахш аз мухолифати мусаллаҳонаи ибтидои солҳои навадуми асри гузашта  зарари ниҳоят калон дида буданд ва ҳатто дар баъзе деҳаҳо касе намонда буд, ки ҷойи муқимии зисти худро тарк накарда бошад.
Ҳамин тавр, аз соли 1993 то ибтидои соли 2000-ум қариб як миллион шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони водии Вахш ва умуман вилояти Хатлон ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуданд. Зиндагӣ дар вилояти Хатлон ва махсусан водии Вахш тадриҷан ба маҷрои мӯътадил оварда шуд ва мардуми заҳматкаши он ба кори созанда оғоз карданд. Имрӯз дилпурона гуфта метавонем, ки бо вуҷуди азобу маҳрумиятҳои солҳои аввал дар зарфи бист соли истиқлолият дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
 Аз соли 1995 то инҷониб барои рушду тараққиёти вилоят аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ қариб 7 миллиарду 400 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин маблағ барои таъмини рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва умуман барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоят равона карда шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби фонди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон 102 миллион сомонӣ, кӯмак барои пӯшонидани хароҷоти буҷети маҳаллӣ 690 миллион сомонӣ, ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат 50 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо  барои сохтмони иншооти гуногун 480 миллион сомонӣ пардохта шудааст.  Агар соли 2005 маблағгузории буҷети давлатӣ дар вилоят 194 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2010 зиёда аз 656 миллион сомониро ташкил дода, афзоиши он қариб  3,4 баробар шудааст. Дар давраи истиқлолият дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 2,5 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят 47 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз   4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, кишоварзиву энергетика ва инчунин сохтмони нақбу роҳҳои мошингард мавриди татбиқ қарор доранд.  Илова бар ин, дар мӯҳлатҳои наздик дар ҳудуди вилоят тибқи созишномаҳои нави сармоягузории давлатӣ татбиқи боз 3 лоиҳаи нав ба маблағи беш аз 146 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Бохтар лоиҳаи нав оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ бо маблағи 15 миллион сомонӣ оғоз мегардад.  Дар баробари ин, дар замони истиқлолият дар натиҷаи амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисоди миллӣ соҳаҳои иқтисодии вилоят, аз ҷумла соҳаи саноат сол ба сол бемайлон тараққӣ ёфта истодааст.  Агар дар соли 1991 дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, пас ин шумора дар соли 2010 ба 259 адад расидааст. Яъне миқдори корхонаҳои саноатии вилоят дар замони истиқлолият қариб 3,5 баробар зиёд шудааст.  Дар натиҷа, дар даҳ соли охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон 2,2 баробар зиёд гардида, танҳо дар соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатӣ ба 2 миллиарду 450 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда зиёда аз 31 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад.
 Бо дарназардошти таъмини пурраи эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бо нерӯи барқ масъалаи ҳарчи зудтар таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар яке аз ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумат муқаррар карда шудааст. Дар ин ҷода, дар баробари сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурду миёна дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон босуръат идома дорад.  Дар ин давра дар ҳудуди вилоят бо сармоягузориҳои давлативу муштарак Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1" бо иқтидори 670 мегаватт сохта, мавриди истифода қарор дода шуд  ва сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 2" бо иқтидори 220 мегаватт дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, навбати аввали он рӯзҳои наздик ба истифода супорида мешавад. Сохтмонҳои хурду бузурги энергетикӣ ҳоло ба майдони кору зафар барои ҳазорҳо мутахассисону коргарони маҳаллӣ табдил ёфтаанд ва мо итминон дорем, ки бо амалишавии лоиҳаҳои оғозгардида солҳои наздиктарин истиқлолияти энергетикии кишвар пурра таъмин карда мешавад.
Ҳамзамон бо ин, дар давраи истиқлолият дар вилоят қариб 400 километр роҳҳои мошингард, беш аз 6600 метри тӯлонӣ нақбҳои мошингузар, инчунин пули калони байналмилалӣ дар болои дарёи Панҷ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.  Дар натиҷа мо имконият пайдо кардем, ки дар баробари роҳҳои мавҷуда  тавассути давлатҳои Афғонистону Чин ба кишварҳои дигар ва роҳҳои арзони баҳрӣ баромада, интиқоли молу борҳоро бо бисёр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мустақиман ба роҳ монем.
Ҳамватанони азиз!
 Дар замони истиқлолият соҳаи кишоварзии вилоят низ ба пешрафтҳои зиёд муваффақ гардидааст. Бо татбиқи барномаҳои ислоҳоти сохтори кишоварзӣ ва таҷдиди собиқ хоҷагиҳои кишоварзӣ  дар вилоят қариб 31 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии инфиродиву оилавӣ ва ҷамоавӣ ташкил карда шудааст, ки ин боиси ҳавасмандии деҳқон ба замин, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот гардида истодааст.  Дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят 5,5 баробар зиёд гардида, аз 778 миллион сомонӣ то ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расидааст. Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладона беш аз 3,1 баробар, картошка 4,2, сабзавот 4,4, меваҷот 2,2 ва   полезиҳо  5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар натиҷа, соли 2010 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят қариб 6 миллиарду 500 миллион сомониро ташкил додаст, ки ин беш аз 26 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, бинобар имкониятҳои васеи соҳаи кишоварзии вилоят ва бо дарназардошти вазъи болоравии нархҳои сӯзишвориву молҳои озуқаворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ бори дигар таъкид менамоям, ки  истифодаи оқилонаву самараноки замин бояд доимо дар мадди назар дошта шавад, зеро  танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем амнияти озуқавории кишварро таъмин намоем.
 Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини мамлакат буда, захираҳои бузурги обу замин, боду ҳавои мусоид ва аз ҳама муҳимаш, мардуми заҳматкаш ва кишоварзони асилу соҳибтаҷриба дорад.  Худи шумо хуб медонед, ки хусусан аз заминҳои водии Вахш дар чор фасли сол ҳосил гирифтан мумкин аст ва ин сарзаминро беҳуда водии зархез нагуфтаанд.
 Ҳукумати мамлакат дар баробари тараққӣ додани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба беҳтар кардани шароити манзилии шаҳрвандон таваҷҷӯҳи доимӣ дошта, дар давоми солҳои 2009 - 2011 беш аз 7860  гектар заминро барои 69 ҳазор оилаҳои ҷавон ва дигар эҳтиёҷмандони вилоят ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо намудааст, ки ҳоло тақсимоти он идома дорад.  Илова бар ин, дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти вилоят аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ беш аз 7,3 миллиард сомонӣ сармоягузории асосӣ амалӣ карда шудааст. Умуман, дар вилоят дар даврони истиқлолият дар баробари сохтмони роҳҳои байналмилаливу нақбҳо ва иншооти хурду бузурги энергетикӣ, садҳо биноҳои маъмуриву соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд карда шудаанд.  Аз ҷумла, 16 беморхонаву 257 бунгоҳи тиббӣ, 289 мактаби нав бо таҷҳизоти ҳозиразамон, 995 синфхонаҳои иловагӣ ва беш аз 1200 хонаи истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор ба аҳолии аз ҳодисаҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шӯрообод, Ховалинг, Мӯъминобод ва Хуросон сохта, ба истифода дода шудаанд.  Дар баробари ин, аз 49 мактабҳои дар вагонҳо фаъолиятдоштаи ҳудуди вилоят то ба ҳол 47 адади онҳо ба мактабҳои нав бароварда шудаанд.
 Ҳамзамон бо ин, дар даврони истиқлолият дар вилоят Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва филиалҳои Донишгоҳи технологӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи аграрӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шудаанд.
Дӯстони азиз!
 Ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон ба охир расонидани сохтмонҳои оғозшуда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани силсилаи иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла  муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ, варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, боғҳои замонавӣ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ, меҳмонхонаву марказҳои тиҷоратӣ  ва монанди инҳо идома дорад.
 Вобаста ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки соҳаи маориф нисбат ба дигар бахшҳои иҷтимоӣ барои ба вуҷуд овардани ҷомеаи пешрафта ва соҳибмаърифат нақши ҳалкунанда дорад ва ҳеҷ як давлат ва ҷомеа наметавонад бе рушди соҳаи маориф ба пешрафту тараққиёти соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.  Аз ин хотир, давлат ва Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои истиқлолият сохтмони бинои мактабҳо ва  синфхонаҳои иловагиро дар назди мактабҳои мавҷуда торафт вусъат бахшида, то имрӯз барои даҳҳо ҳазор фарзандони мардум садҳо муассисаҳои нави таълимиро бо тамоми шароити зарурии таълим ба истифода супоридааст. Мавриди истифода қарор додани  мактаби президентӣ  барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтар далели равшани ин раванди созанда мебошад.
 Сохтмони   бинои  мазкур соли 2007 оғоз гардида, бо сарфи маблағи беш аз  27 миллион сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бунёд карда шуд.  Он аз як бинои таълимии сеошёна,  синфхонаву озмоишгоҳҳои фаннӣ,  утоқҳои омӯзиши забони хориҷӣ ва технологияи компютерӣ,  толори варзишӣ,   маҷлисгоҳ, китобхона барои 660 ҷойи нишаст ва  ду хобгоҳ барои истироҳату фароғати устодону шогирдон иборат мебошад.
 Яъне дар ин боргоҳи маърифат тамоми шароити таҳсилу фароғат фароҳам оварда шудааст ва мо бо муҳайё кардани  ҳамаи шароити зарурӣ барои кӯдакону наврасони Ватанамон умед дорем, ки онҳо бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил карда, соҳиби саводу дониш мешаванд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир баҳравар гардида, дар оянда ҳамчун фарзандони номбардори халқи бошарафу фарҳангсози тоҷик ба камол мерасанд ва дар пешрафти Ватани  муқаддасамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бо ҳамин мақсад ва дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф дар давоми соли 2009 ва нимсолаи аввали соли 2010  дар ноҳияи Бохтар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои  маблағгузорӣ 7 мактаби нав сохта, 3  мактаби дигар аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир сатҳу сифати корҳои таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳия тадриҷан беҳтар гардида, аз тарафи устодон ва масъулони соҳаи маориф ба масъалаи донишандӯзии шогирдон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар озмунҳои гуногун фаъол гардида,  дастовардҳои онҳо бештар шуда истодаанд.  Шубҳае нест, ки сафи толибилмони донишманд ва соҳибмаърифати ноҳия ва кишварамон баъди ба фаъолият оғоз кардани мактаби Президентии имрӯза боз ҳам зиёдтар мегардад. Зеро дар он кӯдакони лаёқатманд аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳсил хоҳанд кард.
Дар баробари ин, бо истифода аз ҳузури падару модарон ва кормандони маориф мехоҳам баъзе мушкилоту норасоиҳои вобаста ба муассисаҳои таълимиро  низ хотирнишон намоям. Тибқи маълумоте, ки ман дар даст дорам, дар ноҳияи Бохтар танҳо дар соли таҳсили 2010-2011 116 нафар кӯдаку наврас, аз ҷумла 54 нафар духтар аз таҳсил берун мондааст.  Ҳол он  ки ман қариб дар тамоми вохӯриҳову суханрониҳои худ масъалаи фарогирии пурраи кӯдакон, пеш аз ҳама, духтаронро ба ҷараёни таҳсил таъкид месозам.
Таъминоти мактабҳо бо омӯзгорони соҳибмаълумот масъалаи дигарест, ки ҳалли бетаъхирро тақозо менамояд, зеро мактабҳои ноҳия  айни ҳол ба 165 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ниёз доранд. Чунин мушкилот, яъне норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар дигар ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Балҷувон (258 нафар), Ёвон (76), Қубодиён (73), Восеъ (58), Вахш (56), Шаҳритус (53) ва Ҷалолиддини Румӣ (51 нафар) низ вуҷуд дорад. Ҳамчунин, иҷрои барномаи компютерикунонии мактабҳо дар ноҳияи Бохтар ҳамагӣ 44 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле паст мебошад. Аз ин лиҳоз,  Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳия вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикршуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Аз ҷумла, зарур аст, ки барои рафъи мушкилоти аз таҳсил берун мондани кӯдакон, хусусан духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни падару модарон ҷоннок карда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити зист ба кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.
Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳудуди вилоят ду донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият дорад. Ба ҳалли масъалаи компютерикунонӣ, таъмиру таҷдиди мактабҳо ва бо асбобу лавозимоти хониш таъмин кардани онҳо имкониятҳои соҳибкорону тоҷирон ва шахсони баландҳиммату хайрхоҳро ҷалб кардан зарур аст. Чунки мактаб макони таълиму тарбияи фарзандони ҳамаи мардум ва боргоҳи ба камол расонидани кадрҳо барои ояндаи ҷомеа ва давлат мебошад.
Дӯстони азиз!
 Мардуми шарифи кишвар,  аз ҷумла сокинони вилояти номдори Хатлон ва ноҳияи Бохтар имрӯзҳо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги таърихиву тақдирсози    Ватанамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо азму талоши созанда ва иқдомҳои бунёдкорона омодагӣ мебинанд. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки истиқболи ҳар як ҷашну маърака бояд барои боз ҳам ободу зебо шудани хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зист ва шаҳру ноҳияҳо мусоидат намояд.
Ҳамчунин, бо истифода аз фурсат бори дигар хотиррасон месозам, ки дар арафаи ҷашнҳо кӯмак расонидан ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бепарасторон айни савоб аст. Мо бояд ба ҳамдигар кӯмак расонем ва коре кунем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ҷашнро бо рӯҳияи идона, дастурхони обод ва хотири осуда пешвоз гиранд.  Итминони комил дорам, ки сокинони заҳматқарину ҳимматбаланди вилояти Хатлон ва ноҳияи Бохтар аз ҳамин рӯз сар карда, кӯшишу ғайрати худро ба номи    истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон дучанд карда, ҷашни бузурги миллиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ва бо умеди ободиву пешрафти ояндаи вилояти Хатлон бори дигар   шумо - мардуми бошарафи ноҳияи Бохтар ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро бо   ҷашни муборак ва муқаддаси    Ватанамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи ин боргоҳи навбунёди  дониш табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда, иқболи баланд ва барои насли ҷавон фатҳи қуллаҳои нави донишро орзу менамоям.
 Доимо хушбахту хушрӯз ва сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3404
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед