суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар машварат бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ, 17 августи соли 2011
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Сафари навбатии мо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идомаи мантиқии анъанаи мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва шиносоӣ бо вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳалҳои гуногуни кишвар мебошад. Дар ҷараёни сафар мо бо вазъи зиндагии мардум ва натиҷаҳои раванди бунёдкориву созандагӣ аз наздик шинос гардидем ва боиси хушнудист, ки ба истиқболи ҷашни бузурги истиқлолият дар вилоят пешрафту комёбиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва дар симои шумо кулли сокинони сарбаланди вилояти Бадахшонро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллиамон самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳативу саломатӣ ва барори кору пешрафти зиндагӣ орзу менамоям.
Дар давраи истиқлолият ҷиҳати ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил додани Бадахшон ва таъмини рушди устувори ҳамаи соҳаҳои вилоят Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои созандагии худро пайгирона амалӣ намуд, ки онҳо ба тадриҷан беҳтар шудани вазъи зиндагии сокинони вилоят мусоидат намуданд.
Маҳз истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имкон дод, ки дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар корҳои бузургу арзишманд, аз ҷумла бунёду сохтмони роҳу нақбҳо дар қитъаҳои душворгузари кӯҳӣ ва пулҳои калони дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ ба иҷро расонида шуданд.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар баробари таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишвар андешидану амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро ба хотири рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба масъалаи аввалиндараҷаи фаъолияти худ табдил дод. Бо ин мақсад ҳанӯз соли 1993 қарори Шӯрои Вазирони кишвар "Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ба эътидол овардани вазъи иқтисодиву сиёсии вилояти Бадахшон" ва баъдан Қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" ба тасвиб расида, дар заминаи ин қарорҳо "Барномаи ислоҳоти иқтисодии вилоят барои солҳои 1995-2000" қабул гардид, ки ин ҳуҷҷатҳо дар раванди ислоҳоти куллии соҳаҳои ҳаётан муҳими вилоят ва рушду тараққиёти онҳо нақши хоса гузоштанд. Дар натиҷа соли 1994 ду агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Помир ва баъдан нерӯгоҳи барқии Андарбак мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамзамон бо ин, дар натиҷаи дастгирии молиявии Ҳукумати мамлакат дар вилоят, ки беш аз 90 фоизи хароҷоти он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мегардад, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, пардохти маошу нафақа ва беҳбудии сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан таъмин шуда истодааст.
Дар давоми солҳои истиқлолият соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Бадахшон ба таври назаррас рушд ёфта, дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои тараққиёти вилоят беш аз 1 миллиарду 620 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин маблағҳо барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоят сарф гардидаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети вилоят 332 миллион сомонӣ, инчунин аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар, вазорату идораҳо ва дигар манбаъҳои давлатӣ қариб 218 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Илова бар ин, дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби маблағҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ барои пардохти нафақаи нафақахӯрони вилояти Бадахшон ба маблағи беш аз 173 миллион сомонӣ кӯмаки молиявӣ ҷудо гардидааст. Барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар соли 2010 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 378 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2002 16 баробар зиёд мебошад.
Маблағгузории буҷети давлатӣ дар соли 2010-ум ба ҳар сари аҳолии вилоят ба 1800 сомонӣ рост меояд, ки ин нисбат ба чунин нишондиҳандаҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд беш аз ду баробар зиёд мебошад.
Дар бахши сохтмони асосии вилоят дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 550 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Танҳо дар даҳ соли охир ба маблағи беш аз 220 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шуда, зиёда аз 80 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ бунёд гардидаанд.
Дар замони истиқлолият дар вилоят филиалу бахшҳои қариб ҳамаи бонкҳои амалкунандаи кишвар ва як қатор ташкилотҳои қарздиҳии хурд фаъолияти худро ба роҳ монда, ба аҳолӣ аз рӯи ҳамаи намуди амалиётҳои мавҷудаи бонкӣ хизмат расонида истодаанд.
Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ҳамасола қарздиҳӣ барои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла инкишофи саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат, аз ҷумла вилояти Бадахшон афзоиш ёфта истодааст. Танҳо дар панҷ соли охир дар вилоят ҳаҷми умумии қарзҳои хурди додашуда беш аз 10 маротиба афзоиш ёфта, ба 61 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Дар баробари ин, имрӯз дар ҳудуди вилоят 17 лоиҳаи инвеститсионии муштараки Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 617 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки он барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, бунёди нерӯгоҳҳо ва рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, азхудкунии замин, беҳбудии ҳолати мелиоративии он, ислоҳот ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва рушди деҳот равона карда шудаст. Илова бар ин, тибқи созишномаҳои нави сармоягузориҳои давлатӣ барои беҳтар намудани шароити обтаъминкунии шаҳри Хоруғ тақрибан 15 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Маҳз амалишавии ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ тавассути татбиқи босамари як қатор барномаҳои умумидавлативу вилоятӣ имконият фароҳам овард, ки дар давоми солҳои истиқлолият дар вилоят истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, азнавсозии истеҳсолот вобаста ба талаботи замон, ба вуҷуд овардани корхонаҳои нави дорои технологияҳои навтарин ба таври назаррас таъмин гардад.
Ҳоло дар вилоят 13 корхона ва 20 сехи хурди саноатӣ фаъолият дошта, тавассути дастгирии вазорату идораҳо ва ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 сехи коркарди санг, 5 сехи дӯзандагӣ ва 2 корхонаи хурди коркарди растаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст. Илова бар ин, тӯли ин солҳо коргоҳҳои қаннодӣ ва сангтарошии шаҳри Хоруғ, корхонаи хиштбарорӣ ва сехи дӯзандагии ноҳияи Ванҷ, сехҳои коркарди меваи хушк ва истеҳсоли маҳсулоти ширии ноҳияи Рӯшон, корхонаи дуредгарии ноҳияи Шуғнон ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар ноҳияи Шуғнон барқарорсозии фабрикаи мурғпарварии деҳаи Бунӣ ва сохтмони сехи мурғпарварии деҳаи Танг оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Ҳоло дар вилоят 97 корхонаи хурд ва 1750 нафар соҳибкори инфиродӣ фаъолият дорад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давоми даҳ соли охир беш аз ду маротиба афзоиш ёфта, аз 16 миллион сомонии соли 2001 то 35 миллион сомонӣ дар соли 2010 расидааст.
Дар баробари ин, "Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015", ки бо қарори Ҳукумати кишвар соли 2006 қабул гардида буд, як қатор лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва саноати сабукро тавассути ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дарбар мегирад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва Кумитаи кор бо занон ва оиларо зарур аст, ки барои ҳарчи бештар дар корхонаҳои вилоят ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, бештар ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ, кушодани корхонаҳои муштарак ба хотири бо кор таъмин намудани занону духтарони маҳаллӣ мусоидат намоянд. Аз ҷумла, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаҳои хурди коркарди сангҳои қиматбаҳо, ороишӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад.
Дар қаламрави вилоят имкониятҳои густариш додани саноати маъдани кӯҳӣ зиёд буда, он яке аз воситаи беҳтарини бо ҷои кор таъмин кардани аҳолӣ мебошад. Ҳарчанд ки дар давоми солҳои истиқлолият беш аз 30 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, вале зарур аст, ки корҳо дар ин самт минбаъд низ идома дода шаванд. Ҳоло дар вилоят барои иктишоф ва истихроҷи 7 кони канданиҳои фоиданоки мармар, тилло, мису никел ва нуқраи ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Роштқалъаву Мурғоб ба 5 ширкати ватаниву хориҷӣ иҷозатнома дода шудааст, ки онҳо фаъолияти худро идома дода истодаанд.
Алҳол дар вилоят беш аз 42 кони гуногун, аз ҷумла тиллову нуқра, ёқуту лоҷувард ва монанди инҳо кашф шуда, илова бар ин, зуҳуроти 50 намуди канданиҳои фоиданок муайян карда шудааст. Дар баробари ин, якчанд зуҳуроти мушаххас барои омӯзиши геологӣ ва як қатор конҳои иктишофшуда ҷиҳати пешниҳод ба озмун барои истихроҷ омода мебошанд.
Мо ният дорем, ки дар ҳудуди вилоят бо бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар солҳои наздик истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳиро ба роҳ монда, ба ин васила ҷойҳои нави кориро афзоиш диҳем ва ба баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ гардем.
Ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ хуб медонед, ки барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва пеш аз ҳама саноат, қувваи барқ зарур мебошад. Бинобар ин, масъалаи таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо нерӯи барқ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакатамон мебошад, мавриди чораҷӯии ҳамаҷонибаи давлат ва Ҳукумат қарор дорад.
Дар баробари идомаи сохтмон ва таҷдиди иншооти бузурги энергетикӣ ҳоло дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон, Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 мавриди татбиқ қарор дорад, ки тибқи он дар ҳудуди вилоят бо ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ сохтмони 16 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло тибқи барномаи мазкур дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Дарвоз, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим сохтмони 8 адад нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидорҳои аз 35 то 500 киловатт идома дорад.
Бояд гуфт, ки агар дар давраи истиқлолият дар мамлакат 250 нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта шуда бошад, аз ин теъдод 40 ададаш дар қаламрави вилояти Бадахшон ҷойгир буда, бо иқтидори аз 5 то 576 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Дар баробари ин, бо мақсади таъмини талаботи аҳолии вилоят бо барқ, Ҳукумати Тоҷикистон тавассути Шартномаи консессионӣ бо Ширкати барқии "Помир-энерҷӣ" имконият фароҳам овард, ки нерӯгоҳҳои барқи обии "Помир-1" ва "Хоруғ" фаъолияти мураттаби худро ба роҳ монанд.
Дар ҳолати амалишавии лоиҳаҳои мазкур дар вилоят барои рушди соҳаи саноат ва ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхтани барқи зиёдатӣ имконияти мусоид фароҳам хоҳад омад. Бояд қайд кард, ки таъминот бо қувваи барқ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хеле хуб мебошад.
Ҳамзамон бо ин, дар ин солҳо тавассути сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки ҳадафи стратегии худро дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат асосан таъмин намояд.
Дар қаламрави вилоят дар давоми солҳои истиқлолият дар маҷмӯъ беш аз 150 иншооти гуногун таъмир, барқарор ва сохта ба истифода дода шудаанд, аз ҷумла роҳи автомобилгарди Мурғоб-ағбаи Кулма, роҳи автомобилгарди Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар ва чор пули байналмилалӣ дар болои дарёи Панҷ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин бунёд ва таъмиру таҷдид гардидани шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ - Кулма -Қароқурум аз дастовардҳои намоёни мо дар солҳои истиқлолият мебошанд.
Ба шарофати ин тадбирҳо вилояти Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд. Агар қаблан аз Душанбе то ба ноҳияҳои вилояти Бадахшон рафтуомад танҳо тавассути тайёра ва он ҳам дар ҳолати боду ҳавои мусоид имконпазир бошад, ҳоло аҳолии кишвар дар ҳамаи фаслҳои сол бо истифода аз роҳҳои нақлиётӣ рафтуомади озод дорад.
Дар ин давра роҳу пулҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ низ бунёд ва барқарор карда шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети давлатӣ танҳо дар давоми панҷ соли охир бо сарфи 60 миллион сомонӣ роҳи мошингарди Мурғоб-Тохтамиш, роҳҳои ағбаҳои Куйтезак, Харгӯш ва Курут, қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ду пул дар ноҳияи Ванҷ мавриди сохтмону азнавсозӣ қарор гирифтаанд. Илова бар ин, соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалаъихум таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи Шӯрообод - Шогун бо дарозии 40 километр дар назар дошта шудааст, ки корҳо дар ин самт дар мӯҳлатҳои наздик оғоз хоҳанд ёфт.
Ба истифода дода шудани роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ - Кулма, барқарор гардидани тиҷорат бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва таъсиси гузаргоҳҳои гумрукиву бозорҳои наздисарҳадӣ бо вилояти ҳаммарзи Бадахшони Афғонистон ба вазъи соҳибкорӣ дар вилоят беҳбуд бахшида, ҳаҷми муомилоти мол нисбат ба солҳои пеш хеле афзоиш ёфт ва таваҷҷӯҳи сармоягузорон низ ба рушди тиҷорат торафт зиёд шуда истодааст.
Бо мақсади беҳтар намудани муносибатҳои бозаргонӣ ва ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои рушди иқтисодиёти минтақа қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим" ба тасвиб расид, ки ҳоло барои минтақаи озоди иқтисодии мазкур 200 гектар замин ҷудо гардида, дар доираи ташкили инфраструктураи он бунёди майдони ҳавоии ноҳия ва терминали байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин, соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз соҳаҳои даромаднок ва ояндадор маҳсуб меёбад. Табиати нотакрору манзараҳои рангин, чашмаҳои шифобахшу қалъаву нигораҳои қадима ва афзалиятҳои дигари нодир дар қаламрави вилоят барои рушди сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Бинобар ин, тараққӣ додани сайёҳӣ дар вилоят бояд ба яке аз самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ табдил дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвари мо, аз ҷумла вилояти Бадахшон, кишоварзӣ буда, рушду инкишофи он кафолати амнияти озуқавории мардум мебошад.
Чунонки шумо медонед, бо дарназардошти болоравии нархҳои ҷаҳонии сӯзишворӣ ва таъсири он ба нарху навои дигар молҳо, аз ҷумла маводи озуқаворӣ ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар, борҳо таъкид медорам, ки ба истифодаи ҳар ваҷаб замин, бахусус заминҳои обӣ аҳамияти махсус дода шавад. Бо дарназардошти шароити камзаминии вилояти Бадахшон Ҳукумати мамлакат мақсад дорад, ки майдони онро дар ҳудуди вилоят сол ба сол аз ҳисоби азхудкунии заминҳои нав зиёд карда, ба густариши соҳаи кишоварзӣ имконияти зарурӣ фароҳам оварад.
Кишоварзони вилоят хусусан солҳои охир софдилона заҳмат кашида, соли 2010 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 340 миллион сомонӣ расониданд, ки ин нисбат ба соли 2000-ум 7 баробар зиёд аст. Бояд қайд намуд, ки дар замони истиқлолият нисбат ба соли 1992 истеҳсоли ғалладонагиҳо 3,8 баробар, сабзавот 11 баробар, картошка 6 баробар, тухм ва асал беш аз 100 баробар зиёд шудааст.
Дар ин давра барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, обёрӣ ва азхудкунии заминҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои мутамарказ беш аз 5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, қариб 800 гектар заминҳои нав обёрӣ ва ҳолати мелиоративии 360 гектар замин беҳтар карда шудааст. Ҳамин тавр, дар вилоят давоми солҳои истиқлолият 268 гектар боғи нав, 115 гектар боғи кӯҳна ва 780 гектар ҷангалзор бунёду барқарор гардидаанд.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинони вилоят новобаста аз камзаминии ноҳияҳои он тибқи қарори дахлдор дар арафаи ҷашни истиқлолият барои сохтмони манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон танҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Роштқалъа ва Шуғнон 133 гектар замин ҷудо намуда, ҳуҷҷатҳои заминсозии як қатор ноҳияҳои дигар мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ҳамин тавр, барои қариб 2250 оилаи ҷавону эҳтиёҷманди замин қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад, ки дар натиҷа шароити зиндагии наздик 16 ҳазор нафар шаҳрванд беҳтар мегардад.
Ғайр аз ин, дар 134 деҳаи дурдастарини ноҳияҳои вилоят давоми солҳои охир бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба масофаи қариб 400 километр хатти оби нӯшокӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар даврони истиқлолият дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа соҳаҳои иҷтимоии вилоят, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва фарҳанг низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Танҳо дар давоми се соли охир дар қаламрави вилоят таъмиру барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва сохтмони бештар аз 50 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ, Маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ, мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, азнавсозии театри вилоятӣ, шӯъбаҳои касалхонаи вилоятӣ, 16 марказу бунгоҳи саломатию тиббӣ, сохтмону таҷдиди 33 мактабу синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 7400 ҷойи нишаст ва азхудкунии заминҳои бекорхобида дар ноҳияҳои вилоят ба анҷом расидаанд.
Ҳамзамон бо ин, муассисаҳои таълимии вилоят бо 2200 компютер таъмин карда шудаанд, ки ин дар таносуб ба ҳар як хонанда нишондиҳандаи беҳтарин дар мамлакат мебошад.
Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ҳамасола тавассути квотаи Президентӣ аз ҳисоби хонандагони болаёқат, инчунин фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманди вилоят ба муассисаҳои олии кишвар донишҷуён қабул карда мешаванд.
Дар ин ҷода, бори дигар таъкид месозам, ки дар баробари давлат вазифаи муаллимону омӯзгорон, аҳли зиёву ҷомеа ва пеш аз ҳама падару модарон фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи фарзандон ва ташаккули наслҳои ояндасози миллату давлат мебошад.
Яке аз дастовардҳои бузурги истиқлолият барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз бунбасти иттилоотӣ раҳо гардидани сокинони он мебошад. Давоми солҳои охир дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят шабакаҳои кӯҳнаи аналогӣ ба шабакаи нави рақамии дорои 1000 рақам иваз карда шуда, пайвастшавӣ ба интернет, инчунин фарогирии шабакаҳои алоқаи мобилӣ таъмин гардида истодааст.
Маҳз, ба шарофати истиқлолияти давлативу суботи ҷомеа фазои иттилотии ҳудуди вилоят сол аз сол бою рангин гардида истодааст.
Ҳамаи шумо хуб дар хотир доред, ки дар замони сохти гузашта аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тамошои барномаҳои телевизиони Тоҷикистон пурра маҳрум буд. Ҳоло қариб ҳамаи аҳолии вилоят аз тамошои барномаҳои шабакаи аввали телевизиони марказӣ ва инчунин 87 фоиз аз телевизиони "Сафина", 56 фоиз аз барномаҳои "Баҳористон" ва 82 фоиз аз тамошои барномаи "Ҷаҳоннамо" бархурдоранд.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар давраи бист соли истиқлолияти Ватан ва аз баракати ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвар ба даст омадаанд. Итминони комил дорам, ки сулҳу суботи пойдори ҷомеа ва меҳнати созандаи мову шумо дар роҳи рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шӯҳрати Тоҷикистонро дар арсаи олам боз ҳам баланд гардонида, ҳамзамон бо ин, ба болоравии сатҳи зиндагии мардумамон мусоидат мекунад. Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ободии кишвар ва ташаккули ҷомеаи пешрафта дар дасти худи мову шумост.
Ҳамчунин ҳар кадоми мо бояд шукронаи истиқлолияти давлатӣ ва соҳибватаниву соҳибихтиёриро ба ҷо биёрем ва ҳамеша дар фикри ободии Ватан, осудагии мардум ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон бошем.
Бо як ҷаҳон орзуҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва дар симои шумо кулли мардуми сарбаланди Бадахшонро ба ифтихори бистумин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар табрик гуфта, ба хурду бузурги меҳмоннавозу бонангу номуси Бадахшон саодати рӯзгору сиҳатмандӣ, оромиву осоиши хонадон ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саломату хушбахт бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3293