барқияҳо
Барқияи табрикӣ ба
президенти Ҳиндустон
15 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Пратибҳа Патил, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
Хонуми Олиҷоҳ!
Ниҳоят масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро ба ифтихори ҷашни миллӣ - солгарди истиқлоли кишвар сидқан табрик ва таҳният намоям.
Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳоямон дар аҳди истиқлолияти Тоҷикистон ва алалхусус тӯли панҷ-шаш соли охир, баъди сафарҳои мутақобилаамон ба кишварҳои якдигар, ба таври муассир густариш ёфтанд. Ҷониби Тоҷикистон ба аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти вижа дода, умед дорад, ки бо талоши ҳар ду ҷониб ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар асоси дуҷониба ва чандҷониба, ба хотири таҳкими сулҳу субот ва густариши фазои мусоиди равобит дар минтақа, ба зинаҳои баландтари рушду тавсеа ноил хоҳад гашт.
Бо арзи табрики муҷаддад, ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон амну амонӣ, хотири осуда, саодат ва пешрафт таманно дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3785