logo

номаҳо

Бо пулҳои фарсуда чӣ бояд кард?

Асъори миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр аст. Шукри Худо, ки имрӯз аксари муомилоти дохили кишвар бо он амалӣ мешавад. Азбаски асъори мо тавассути бонкҳо пурра гардиш намекунад, миқдори пулҳои фарсуда зиёд гаштаанд. Мо ҳар гоҳ дар бозору мағозаҳо, нақлиёт ва ғайра шоҳиди баҳсу мунозираи харидору фурӯшанда ё ронанда мешавем, ки аз муомилоти пулҳои фарсуда бархостааст.
Аввалан айби худи мо шаҳрвандон аст, ки нисбат ба як рукни давлатамон беэҳтиромӣ мекунем, яъне пулҳои коғазиро маҷаку пачақ карда ба ҷайб мегузорем, дар рӯяш ҳар чи менависем ва ғайра. Баъдан сифати коғази пулҳои мо дар сатҳи пулҳои коғазии шӯравӣ нест. Шояд минбаъд асъорро дар коғази баландсифат чоп мекунанд.
Аммо ҳоло бо пулҳои фарсуда чӣ бояд кард? Ба фикрам, роҳи осони ҳалли ин мушкил дар ҷойҳои серодам - бозорҳо, растаҳои калони савдо, чорроҳа, фурудгоҳу истгоҳи қатор ва ғайра нуқтаҳои ивазкунии пулҳои фарсударо кушодан даркор аст. Бонки миллии кишварро лозим аст, ки ба чанд нуқтаи табдили асъор дар ҷойҳои номбурда, иҷозати ин амалро диҳад, то шаҳрвандон пулҳои фарсудаашонро иваз намоянд.

У. АБРОР,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4206
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед