номаҳо
"Боғи ҳайвонот" кӯҳна шудааст
"Боғи ҳайвонот"-и кишвар дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфта буд. Имрӯз он ба талабот ҷавобгӯ нест. Чаро? Хурд аст. Дар ҷойи номувофиқ қарор дорад. Шаклаш кӯҳна мебошад. Ҳайвонҳо дар як масоҳати хурде ҷойгиранд. Аз ин макон ҳамеша бӯи бад ба машом мерасад.
Дили мо махсусан ба морҳо месӯзад. Дар як қафаси шишагие ҷой доранд, ки озодона ҳаракат карда наметавонанд. Бечораҳо ғизоро мехӯранду маҷбуранд, ки боз ба хоб раванд.
Хуб мешуд, агар "Боғи ҳайвонот"-ро дар мавзеи нав васеъ ва замонавӣ созанд. Ин боғ то ҷойе табиӣ ва ҳаракати ҳайвонҳову парандагону хазандагон озодона бошад.
Маълум аст, ки алҳол дар буҷаи мамлакат маблағ барои бунёди чунин "Боғи ҳайвонот" мавҷуд нест, аммо имкон дорад, ки як ё якчанд соҳибкори нерӯманд ба ин амали созандаву хайр даст зананд.
Бунёди чунин боғ номи соҳибкорро дар дунё зинда нигоҳ медорад ва ҳам пас аз чанд сол аз ин макон ӯ фоида ба даст оварда метавонад.
Ҳ. ФАЙЗУЛЛОЕВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4240