номаҳо
Чанд соли дигар интизор шавем?
Ман шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ин мамлакатам. Солҳои сол орзу мекунам, ки ақаллан як бор манзараҳои зебову дилрабои Сарихосор, Ховалинг, Даштиҷум, Мӯъминобод, Бадахшон, Раштро бубинам. Ва ифтихор намоям, ки ба диёри маҳбубам ошноям. Инчунин аз зебоиҳои он ба фарзандону наберагон ҳикоят кунаму онҳоро ҳидоят созам, ки ҳар як гӯшаи Ватанамонро бубинанду дӯст бидоранд.
Ҷойи таассуф аст, ки ин орзуям ҷомаи амал намепӯшад. Ва ҳам ҷойи тааҷҷуб аст, ки кас бо супоридани маблағи муайян ба тамоми гӯшаҳои кишвари олам рафта метавонад, аммо барои дидани диёри худ ӯро ширкати сайёҳие мадад намерасонад.
Дуруст аст, ки барои саёҳат дар мавзеъҳои зикргардида шароити хубро фароҳам наоварданд. Аммо наход имкони тамошои манзараҳои зебои диёр мавҷуд набошад? Чанд соли дигар интизор шавем, то ин орзуи мо бароварда шавад?
М. РАСУЛӢ,
шаҳри Чкалов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4403