номаҳо
Болоравии нарх сунъӣ аст
Болоравии нарх дар кишвари мо сунъӣ аст. Ҳатто ман, як шаҳрванди одӣ, инро медонам. Ва медонам, ки дар кадом маврид он боз боло меравад. Ҳамин ки маошу нафақаро зиёд намоянд, нархи маҳсулотро мебардоранд. Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва идҳои саиди Фитру Қурбон ҳатман арзиши маҳсулот баланд мешавад. Нархи баъзе аз маҳсулот бо маслиҳати фурӯшандагон боло меравад.
Чунин як ҳолати ногувор, ҳеҷ фикр намекунам, ки дар дигар кишварҳо ҳам бошад. Ин масъала чун ҳамеша масъалаи доғ боқӣ мондааст. Ҳалли он, бо вуҷуди андешидани баъзе аз тадбирҳо, даст намедиҳад. Пас чӣ бояд кард? Тадбирҳои нав андешид? Шояд. Тадбирҳои нав кадоманд? Чаро масъулону мутахассисон сари он намеандешанд? Ё нерӯи гирифтани пеши роҳи қиматшавиро надоранд? Ба ҳар ҳол, ин масъала посух ва ҳалли дурусти худро хоҳон аст. Моро ноумед нагузоред.
Ҷ. НАИМОВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4335