мулоқотҳо
Ҳамкорӣ бо Синсзян – Уйғур густариш меёбад
23 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чжан Чунсян -Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки беш аз 60% ҳаҷми умумии мубодилаи молу маҳсулоти Тоҷикистону Чин бо Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури ин кишвари ҳамсоя рост меояд. Аз фаъолияти босамари ширкатҳои соҳибнуфузи ин минтақа чун Зи ҷин, Ти Би Эй ва Чайна глобал изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Бо ишора ба он, ки беш аз 70% табодули молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии баландкӯҳи Кулма -Қаросу ҷараён мегирад, таъкид гардид, ки кори он бояд дар тамоми фаслҳои сол дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монда шавад.
Ба густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, роҳсозӣ, маориф, сайёҳӣ ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки кишоварзони Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур метавонанд дар бахшҳои зироаткорӣ, боғутокпарварӣ, коркарди саноатии меваю сабзавот ва нахи пахтаю пила ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
www.president.tj
Чжан Чунсян, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, натиҷаҳои мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими равобити минбаъдаи тарафҳо самарабахш арзёбӣ кард.
Ӯ дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки мо дар сӯҳбат бо Ҷаноби Президент ва дигар ҳайатҳои роҳбарикунандаи Тоҷикистон оид ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, роҳсозӣ, маориф, гардишгарӣ ва кишоварзӣ ба мувофиқа расида, заминаҳои нави ҳамкориро дар миён гузоштем.
Чжан Чунсян Тоҷикистону Чинро шарикони боэътимод ва дорои равобити ҳасанаи дӯстона унвон кард. Ӯ зикр намуд, ки дар доираи сафари ҳайати расмии Чин ба Тоҷикистон як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба боварии зиёд татбиқи амалии онҳо дар рушди ҳамкориҳои мо нақши намоён гузошта, дар сатҳи сифатан нав қарор хоҳанд дод.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2194