мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лебедев
30 августи соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сергей Лебедев - Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 2-юм ва 3-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон барои қабули меҳмонони олимақом, мақомоти кории Иттиҳод, ҳайатҳои расмӣ ва ҳамроҳи давлатҳои аъзо, намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма ва ба роҳ мондани тамоми чорабиниҳои ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омодагии хуб дидааст.
Сергей Лебедев ин ҳама омодагӣ ва ободию шукуфоиро "нишонаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон" арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дурнамои фаъолияти ин созмон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.09.2011 №: 128-129 (21 944-945) Мутолиа карданд: 1245