мулоқотҳо
Миёни президентҳо сӯҳбати телефонӣ баргузор гашт
31 августи соли 2011 миёни Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, сӯҳбати телефонӣ баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳамдигарро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугӯ намуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни ду давлати дӯст дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо ба имзо расидаанд, зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб барои татбиқи амалии ин санадҳо ва истифодаи пурсамар аз имкону захираҳои фаровони ҳамкории мутақобилан судманд бояд ҷаҳд намояд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.09.2011 №: 128-129 (21 944-945) Мутолиа карданд: 1389